Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Паём-Роҳнамо ба сӯи ояндаи нек

Паём-Роҳнамо ба сӯи ояндаи нек

10-01-2019, 08:55
Хабарро хонданд: 279 нафар
Назарҳо: 0
Паём-Роҳнамо ба сӯи ояндаи нек
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҳукумати мамлакат буда, дар он тамоми паҳлуҳои ҳаёти кишвар бо тамоми ҷузъиёт таҳлил шудааст. Дар он Сарвари давлат аз иқдомоти устуворонаи Ҳукумати кишвар баҳри амалисозии ҳадафҳои стратегии таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои сифатнок ва инчунин таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ ёдовар шуданд. Хусусан, амалӣ сохтан ва ё татбиқи давра ба давраи ду ҳуҷҷати муҳими давлатӣ-Стртегияи миллии рушд барои марҳилаи то соли 2030, Барномаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар буданд, ки дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фисад расид.
Эълон доштани солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат рушди деҳоти мамлакат яке аз масъалаҳои муҳимтарин арзёбӣ мегардад. Ин нуқтаи Паёми Президенти мамлакат мардуми кишварро руҳу илҳоми тоза бахшид.
Дар Паём омадааст; «Дар даҳ соли охир иқтидори истеҳсолии мамлакат - низоми энергетикӣ дар ҳаҷми 1520 мегаватт зиёд карда шуд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта ба истифода дода шуданд». Ба кор даровардани чархи якуми иншооти бузурги аср - Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз бузургтарин ғамхории Ҳукумати Тоҷикистон баҳри болоравии иқтисодиёти мамлакат ва некуаҳволии ҳалқ аст. Аз огози бунёди неругоҳи мазкур, аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 24 миллиард сомонӣ, танҳо соли 2018 дар ҳаҷми 3,6 милиард сомонӣ азхуд карда шудааст ва соли 2019 ба ин мақсад 4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, то ки агрегати дуюми он ба кор дароварда шавад.
Дар сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон илму маориф соҳаи афзалиятнок дониста шудааст, зеро илму маориф маънавиёти ҷомеа ва ояндаи милату давлат аст.
Сарвари давлатбо назардошти сифати таълиму болоравии таҳсилот ва рушди он фикрҳои ҷолиб баён намуда, таъкид карданд: «Мо ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо маром идома медиҳем ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф мекунем. Мо пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диқати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро ба маротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам орем. Ин воқеан аз ҷиддитарин ғамхории Ҳукумати мамлакат ва хосса сарвари он барои имрӯз ва ояндаи миллату давлат аст. Ин аст, ки танҳо соли 2018 дар қаламрави кишвар, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 151 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 73,000 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт».
«Мо,-таъкид доштанд Пешвои миллат, - ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем». Таъкид шуд, ки Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки фаъолияти курсҳои такмили ихтисоси омӯзгоронро боз ҳам тақвият бахшад. Сарвари давлат, иброз доштанд, ки барои такмили малакаи устодону омӯзгорони соҳаи маориф, аз дастгоҳи вазорат ва сохторҳои маҳаллии он то устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликият, дар тамоми қаламрави кишвар ҳар се сол як маротиба бояд аз аттестатсия гузаронида шаванд. Ин, аз ғамхориҳои шабонарӯзии Сарвари давлат дар илму маориф ва таълиму тарбия шаҳодат медиҳад. Аз тарафи дигар, насли солиму доно омили пешрафти давлат ва ояндаи дурахшони он мебошад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавони мамлакат чунин таъкид доштанд: «Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Точикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва накши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем». Ғамхориҳои Роҳбари давлат, ба сарзамин, макону ҷойҳои таърихии кишвар низ ниҳоят дар сатҳи олист. Ба ин маънӣ, Президенти кишвар Саразму Қалъаи Ҳулбукро ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллат, эҳтироми ёдгориҳои таърихии кишвар гуфтанд: «Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин кори мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад. »
Паёми Асозгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо манзури кулли ҷузъиёт ва бо фарогирии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат роҳнамо ба сӯи ояндаи дурахшон аст.
Қурбонзода Маҳмадалӣ, директори Коллеҷи технологии ш. Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: