Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Беҳтаринҳои сол муайян шуданд

Беҳтаринҳои сол муайян шуданд

31-12-2018, 08:33
Хабарро хонданд: 440 нафар
Назарҳо: 0
Беҳтаринҳои сол муайян шуданд

27 декабри соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон «Маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2018» доир гардид.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш зимни ифтитоҳи ҷамъомад зикр кард: «Маҳз дар заминаи сиёсати ҷавонпарварона ва варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон ва рушду инкишофи соҳаи таҳким ёфта, дастовардҳои насли хуштолеи даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим ҷомеа назаррас арзёбӣ гардида истодааст. Дар доираи чунин дастгириҳо ҷавонони бонанги кишвар, аз ҷумла Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Расул Боқиев, Беҳрӯзи Хоҷазода, Хушқадам Хусравов, Даниел Рустамов, Ёсуман Усмонзода, Манижа Тошболтаева, Меҳрона Ғайбуллоева ва даҳҳо фарзандони ватандӯст кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карданд».
Сипас Азим Иброҳимов, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми варзишгарону ҷавононро барои соҳиб шудани ҷоиза таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд: «Натиҷаи заҳматҳои шумо ҷавонони бонангу номуси кишвар буд, ки имрӯз аз ҷониби Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбати ба куллӣ ҷавонон баҳои баланд дода шуд. Дар ин ҷода нақши варзишгарон, ки аксаран ҷавонон мебошад, расо назаррас аст. Агар таҳлил намоем дар 70-соли собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ варзишгарони тоҷик ҳамаги 133 медал ба даст оварда буданд, вале дар 27 соли соҳибистиқлоли ин шумора ба 4602 расида, ба андозаи қариб 35 маротиба зиёд гардидааст».
Гуфта шуд, ки бо дарназардошти муваффақиятҳои соли 2018 имсол 76 нафар варзишгарони кишвар соҳиби Ҷоизаи Президент шуданд, аз ҷумла: ҷоизадорони Бозиҳои Осиё – Дилшод Назаров, Шаҳриёр Даминов, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Шакармамад Мирмамадов, ғолибон ва ҷоизадорони чемпионатҳои ҷаҳону Осиё – Моҳру Ҳалимова, Идимоҳ Холова, Муҳаммадалӣ Абдураҳмонов, Ҷаҳонгир Маҷидов, Хайёмиддин Ҷабборов, Давлаталӣ Назаралиев, Ғаниҷон Ғаниев, Эмомризо Қурбонов, Азмуддин Ваҳҳобов, Бахтовар Ҳасанов, Ҳабибҷон Зуҳуров, Фирӯз Мирзораҷабов, Асламҷон Азизов, Раҳмонҷон Маҳмадбеков, тими футболи наврасони кишвар, Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Сорбон Латипов ва дигарон гардид.
Дар ҳамоиш дар баробари Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз рӯи 13 номинатсия беҳтаринҳои соҳа эълон гардиданд:
Беҳтарин варзишгари сол (намудҳои олимпӣ)
Дилшод Назаров (ҷои дуюм дар Бозиҳои Осиё, ҷои якум дар ҷоми қораҳои IAAF, ҷойи якум дар мусобиқаи байналмилалии варзиши сабук дар Бразил, ҷои сеюм дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Лаҳистон);
Беҳтарин варзишгари сол (намудҳои ғайриолимпӣ) -Хушқадам Хусравов (қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо дар Бухарести Руминия);
Беҳтарин варзишгари сол миёни ҷавонон - Шаҳриёр Даминов (ҷои дуюм дар Бозиҳои Осиё, ду медали тиллои чемпионати Осиё миёни ҷавонон, ду медали биринҷӣ дар чемпионати Осиё миёни ҷавонон дар ҳайати даставӣ оид ба қайиқронӣ);
Беҳтарин варзишгарбонуи сол - Идимоҳ Холова (ҷои дуюм дар чемпионати Осиё миёни ҷавонон);
Беҳтарин дастаи мунтахаби сол - Тими футболи наврасон (U-16) (ҷои дуюм дар чемпионати Осиё);
Беҳтарин мураббии сол - Зайниддин Раҳимов (зери роҳбарии ӯ тими футболи наврасони кишвар медалҳои нуқраи чемпионати Осиёро сазовор гардида, ба чемпионати ҷаҳон-2019 дар Перу роҳхат гирифтанд);
Беҳтарин федератсияи варзишии сол (намудҳои олимпӣ) - Бедератсияи футболи Тоҷикистон;
Беҳтарин федератсияи варзишии сол (намудҳои ғайриолимпӣ) -
Федератсияи самбои Тоҷикистон;
Беҳтарин шаҳр/ноҳияи варзишӣ - шаҳри Душанбе;
Беҳтарин расонаи хабарии варзишӣ - ТВ “Варзиш”;
Беҳтарин шореҳи варзишии сол - Алӣ Шариф ТВ “Варзиш”;
Беҳтарин иншооти варзишии сол - Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара
ва беҳтарин муассисаи варзишии сол - МД “Маркази омодагии олимпии дастаҳои мунтахаб”.
Ҳамзамон 23 нафар мураббиён ва варзишгароне, ки меъёрҳои “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Тоҷикистон”, “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон” ва “Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро иҷро намудаанд, бо шаҳодатномаҳо сарфароз гардиданд.
Инчунин 55 нафар беҳтаринҳо, ки дар доираи «Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш» дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзномаигорӣ ва барномасозӣ ғолиб гардида буданд, қадрдони шуданд.


Ҳасан Азизов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: