Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ЁДЕ АЗ ШОИР

28-12-2018, 09:32
Хабарро хонданд: 558 нафар
Назарҳо: 0
ЁДЕ АЗ ШОИР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Мирзо Файзалӣ (ёдаш ба хайр бод!) яке аз дӯстони деринаи ҳафтаномаи «Минбари халқ» буданд. Устоди зиндаёд пайваста ба воситаи ҳафтанома ашъори худро ба хонанда ва мухлисону ҳаводоронаш пешкаш менамуд.
Марҳум ба ҳафтаномаи мо дилбастагии зиёд доштанд. Маҳз ҳамин дилбастагиаш ӯро такон дод, ки чанд сол қабл гимни «Минбари халқ»-ро бо меҳр эҷод ва ба ҳафтанома эҳдо намоянд:

Ҳам ҷабҳаю ҳам манзару ҳам дафтари халқ аст,
Дар сангари номуси Ватан дар бари халқ аст.
Гуфтор ҳама ваҳдату сулҳ асту садоқат,
Афкори вафодориву бахтовари халқ аст.
Ҳар ҳафта чу як дастаи гул дастраси мо,
Ҳамсуҳбату ҳамрозу хабаровари халқ аст.
Дархосту арзи дили мардум бикунад нашр,
Ҳаммақсаду ҳаммаслаку ҳамсангари халқ аст
Хоҳед бидонед, ки кишвар ба чи авзост
Хонед варо, ки сухани Сарвари халқ аст.
Беҳуда набошад, ки қарин гашта ба мардум
Он минбари ман, минбари ту, минбари халқ аст.

Устод Мирзо Файзалӣ 9 майи соли 1942 дар рустои Чиртаки ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира Ваҳдат) таваллуд шуда, 6 декабри соли 2016 дар 74 -солагӣ аз олам даргузаштааст. Ӯ соли 1966 баъди адои хизмати ҳарбӣ, дар рӯзномаи «Коммуна» (ҳозира «Шаҳриёр») ба фаъолияти рӯзноманигорӣ пардохтааст. Соли 1973 шуъбаи шабонаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, чанд муддат котиби масъули рӯзномаи «Меҳнати коммунистӣ» (ҳозира «Набзи Файзобод») ва беш аз даҳ сол мудири шуъбаи маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» буд. Солҳои 1993-2010 сармуҳарририи рӯзномаи «Шаҳриёр»-и шаҳри Ваҳдатро ба уҳда дошт.
Давоми беш аз 40 соли фаъолияти эҷодӣ маҷмӯаҳои назмию насрии ӯ, ба монанди «Шери тағош» (1984), «Кӯршапарак» (1989), «Бозёфти ҳайратовари доктор Сомонӣ» (1991), «Кайф аз Самак то бар Само» (1996), «Қотили қотилон» (1998), «Сангари номус» (2001), «Бо додҳо, фарёдҳо» (2002), «Чамани ёдҳо» (2004), «Ману Ватан» (2006), «Ба шумо дурӯғу ба Худо рост» (2005), «Шов-шови мардум» (2007), «Гӯри гумшуда» (2008), «Гулхори чида-чида» (2011), «Адлу дод асли ҷавонмардии ӯст» (2014) аз чоп баромадаанд.
Марҳум одатан дар арафаи иду ҷашнҳо бо кулвори пур аз шеър ба идораи ҳафтаномаи «Минбари халқ» меомаданд. Шеърҳои зиёди ин шоири тавоно дар саҳифаҳои ҳафтанома ба табъ расидааст.
Агарчи устод имрӯз дар миёни мо нестанд, вале ашъори пурғановаташон солҳои зиёд вирди забонҳо хоҳад буд. Чун дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ қарор дорем, аз эҷодиёти ин шоири зиндаёд чанд шеъри солинавиро манзури хонандагони ҳафтанома мегардонем.

ЭЙ СОЛИ НАВ БИЁ!
Эй соли нав, ба кишварам файзу сахо биёр,
Бо боли барф муждаи меҳру вафо биёр.
Соли куҳан, ки меравад, роҳаш сафед бод,
Эй Соли нав, саодату нуру зиё биёр.

Ҳар кас ба пешвози ту хонад суруди хеш,
Бар рӯи хон ниҳад ҳама буду набуди хеш.
Дар соати дувоздаҳ зангат диҳад садо,
Яъне, ки мужда оварӣ ту аз вуруди хеш.

Хоҳам, ки соли равнақи илму ҳунар шавӣ,
Пайғоми бахту нусрату фатҳу зафар шавӣ.
Дар ҷумлагии сесаду ҳам шасту панҷ рӯз,
Як даври сулҳу ваҳдати аҳли башар шавӣ.

ПАЙКИ НАКУФОЛ МУБОРАК ШАВАД!
Боз яке соли дигар мешавад,
Тӯй ба ҳар хонаву дар мешавад,
Тифли хушиқбол қадам мезанад,
Соли навин соли зафар мешавад.

Соли наву барфи парафшон базеб,
Арчаву рақсидани тифлон базеб,
Туҳфаи Бобои сухандон базеб,
Барфаки хушрӯяки хандон базеб.

Кӯҳу дара, дашту даман сап-сафед,
Раставу майдону чаман сап-сафед,
Файзу сахо рехт зи ҳар зарра барф,
Бахти ҳама халқи Ватан сап-сафед.

Бар ҳама ин сол муборак шавад!
Пайки накӯфол муборак шавад!
Рӯзи наву моҳи наву Соли нав
Халқи хушиқбол, муборак шавад!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: