Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мактаби махсуси зеҳнии Академияи илмҳо

Мактаби махсуси зеҳнии Академияи илмҳо

15-01-2016, 05:00
Хабарро хонданд: 351 нафар
Назарҳо: 0
Мактаби махсуси зеҳнии Академияи илмҳоДар нишасти матбуотии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъсис ёфтани мактаби махсуси зеҳнӣ хабар дода шуд. Зикр гардид, ки ин тасмими муфид барои боз ҳам мустаҳкам гардидани донишҳои табиии хонандагон бевосита бо фармони Президенти кишвар ба роҳ монда шудааст.

Фарҳод Раҳимӣ, президенти АИ ҶТ бо эълони ин хушхабар эълон карда, афзуд, ки дар мактаби мазкур зиёда аз 500 нафар хонандагон бо таҳсил фаро гирифта хоҳанд шуд. Мактаби зеҳнӣ хонандагони боистеъдод ва лаёқатмандро аз тамоми манотиқи кишвар, ки завқи омӯхтани фанҳои физика ва математикаро доранд, қабул менамояд. Ин хонандагон бо тамоми шароити таҳсил – идрорпулӣ, ҷойи зист, ашёи хониш ва ғайра таъмин хоҳанд шуд.

Дар нишаст инчунин аз ифтитоҳи Шӯрои илмии бахши филология дар АИ ҶТ, ки олими забоншинос Парвона Ҷамшед онро роҳбарӣ мекунад, иттилоъ дода шуд. Кушода шудани Шӯрои мазкур имкон медиҳад, то аспирантоне, ки муддатҳо дар Шӯрои Донишгоҳи миллӣ ба хотири ҳимоя дар навбат истодаанд, бе мушкилӣ ва ба зудӣ рисолаашонро дифоъ намоянд.
©Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: