Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз мусодираи ҳаҷми махсусан калони маводи тарфгарӣ хабар медиҳад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз мусодираи ҳаҷми махсусан калони маводи тарфгарӣ хабар медиҳад

7-12-2018, 08:57
Хабарро хонданд: 295 нафар
Назарҳо: 0
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз мусодираи ҳаҷми махсусан калони маводи тарфгарӣ хабар медиҳад

Декабрь 6, 2018 16:40

ДУШАНБЕ, 06.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боздошти се нафар сокинони шаҳри Душанбе ва мусодираи ҳаҷми махсусан калони маводи тарфгарӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии мамлакат, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар ноҳияи Фирдавсӣ-1 пойтахт ноболиғон- писарбачагони 16 ва 17-солаи сокинони кӯчаи А.Ғуломов ва ҷавонзани 33-солаи сокини пойтахтро ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир намуданд.

Дар вақти азназаргузаронии хонаи истиқоматии зани номбурда 19 ҳазору 250 дона маводи тарфгарии тамғаи «хлопушка» дарёфт ва мусодира карда шуд.

Дар соли нав тарконидани маводи тарканда, ба истилоҳ «хлопушка» қариб ба анъана табдил ёфтааст. Ин омил сабаби вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва ба тарсу ҳарос оварда расонидани шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони дорои бемории дил дар рӯзҳои ид мегардад.

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати пешгирии воридот, фурӯш ва нигоҳдории ғайриқонунии маводи тарфгарӣ тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Бояд гуфт, ки соли 1999 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъ кардани воридот ва фурӯши маводи пиротехникӣ» воридот ва фурӯши он манъ карда шудааст. Инчунин тибқи моддаи 199 –и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ба гардиши ғайриқонунии маводи шарорадор — «пиротехникӣ» машғул дар асоси банди якуми моддаи мазкур «воридоти ғайриқонунӣ, нигоҳдорӣ, фурӯш ва ё барои соҳибӣ ба шахси дигар дода шудааст, аз 100 то 200 нишондиҳандаи ҳисоббаробаркунӣ ҷарима андохта мешаванд»

Тафтишоти ҳодисаи мазкур идома дорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: