Таърихи парчам - дарси ибрат ва ҳуввият23-11-2018, 09:31
Хабарро хонданд: 439 нафар
Назарҳо: 0
Инсоният дар ҳама давраҳои таърихӣ барои ифодаи мақсаду ҳадафҳо рамзҳои гуногунро эҷод мекунад.Омӯзиши таърихи давлатдории аҷдодони мо маълум менамояд, ки ҳокимону пешвоён барои ифода кардани мавҷудияти давлати худ рамзу нишон, ишора, аломат ва дигар воситаҳоро қабулу истифода мекардаанд. Имрўз парчами миллии мо дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ мақому мартабаеро дорост, ки боиси шарҳу баён ва дўст доштан аст. Парчам рамзи садоқат, рафоқат, шаъну шараф ва таҷассумгари ифтихору ору номуси ватандорист. Мардуми мо бо ин ифтихорот ҷилваи парчами хешро рамзи ҳувияту огоҳии миллӣ дониста, ба ин рамзи муқаддас шукронаву арҷгузорӣ доранд. Дар таърихи давлатдории тоҷикон марҳилаи арҷгузории Парчам аз «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ дар бораи корномаи Коваи оҳангар, ки дар қатори мардуми осоишта ба меҳнати ҳалолу покиза умр ба сармебурд, ба мушоҳида мерасад. Коваи оҳангар аз зулмуситами Заҳҳокиморон, ки дар баробари ҷавонони зиёди кишвар ҳабдаҳ писари ӯро низ тӯъмаи моронаш карда буд, ба дод омада, чун нишони эътироз пешдомани чармии худро бар сари найза кашида, мардумро ба шӯриш даъват мекунад ва пирӯзӣ ба даст меоварад. Баъди ин шӯриш Заҳҳок сарнагун ва шоҳ Фаридун сари тахт омада, пешдомони Коваи музаффар «КовиёниДирафш»-ро ҳамчун парчам пазируфта, бо зару зевар меорояд ва муқаддас медонад. Саҳифаҳои таърих ин рӯйдодро ба қайд гирифта, минбаъд он намунаи ифтихори ватандӯстонаи мардумони мо муаррифӣ гардидааст. Аз ин рӯ, парчами Коваи оҳангар дар зеҳни мардуми ориёӣ то имрӯз ҷалолу ҳашамати таърихии худро гум накарда, боз ҳам қадру манзалаташ афзун мегардад. Аз он айём нисбат ба Парчам ҳамчун рамзи мубориза барои озодӣ, ваҳдату ягонагӣ ва давлатдории аҷдодон садоқати мардумӣ зиёдтар гардид. Бо ба даст овардани соҳибихтиёрӣ 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла Парчам қабул гардида, бо нишони эҳтирому садоқат ба он рӯзи 24 ноябр дар кишварамон ҳамчун “Рӯзи Парчами давлатии ҶумҳурииТоҷикистон” эътироф гардид. Аз варақгардонии таърихи халқи тоҷик маълум мегардад, ки парчам ҳамчун муқаддастарин сармояи давлат, як ҷузъи муҳими таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик арзиш дошта, нишонаи нангу номус, ифодагари ҳастию пояндагии давлат ва арзишмандтарин сарвати давлатдорӣ ба шумор меравад. Парчаме, ки дар маркази ҷумҳурӣ қомат афрохтааст, дар китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардидааст, ки ин ҳам мояи ифтихор ба ҳар фарди тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Бунёди он аз эҳтироми муқаддасоти миллӣ ба ин рамзи давлатӣ шаҳодат медиҳад. Муқаддас будани Парчам дар он зоҳир мегардад, ки инсоният онро барои амалӣ намудани мақсаду ормонҳои худ дар ҳар давру замон барои мубориза баҳри ҳаёти осоишта, таъмини баробарию баробарҳуқуқӣ ва барқарорсозию тантанаи адлу адолат баланд мебардорад. Қадршиносӣ аз давлату Парчам ва ифтихор аз гузаштаву имрӯз ва фардои халқ яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад. Ифтихор аз Парчам ифтихор аз миллати куҳанбунёд буда, ҳамчун рамзи истиқлолу озодии миллати соҳибтамаддун аст. Пас, ҳикмати Парчами миллӣ ин эҳёи хотираи таърихӣ ва нишони соҳибдавлатию мустақилияти миллати тоҷик аст. Омӯзишу шинохти Парчами миллӣ – ин василаи пайдо намудани андешаву ҳувият ва устувории пояҳои давлати миллӣ аст. Умедҷони Раҳматҷонӣ, ҳуқуқшинос |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.