Теъдоди қурбониёни ҷашни мавлуди пайғамбар аз 50 нафар гузашт22-11-2018, 11:14
Хабарро хонданд: 189 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Кобули Афғонистон беш аз 50 кушта бар ҷой гузошт. Маргталаб 20 ноябр ба толори ҷашние ҳамла кард, ки дар он руҳониёни афғон ҷамъ омада буданд. Намояндаи расмии Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, дар натиҷаи ҳамла беш аз 80 тани дигар низ захмӣ шуданд. Мудири меҳмонхонае, ки ҷашни мавлуди пайғамбар дар он баргузор мешуд, ба хабаргузории AFP гуфт, ки маргталаб худро дар байни маърака мунфаҷир кард. Масъулияти ин ҳамлаи пурқурбонии моҳи равонро то ҳол ҳеҷ гурӯҳе эътроф накардааст. Толибон баъди ҳамла дарҳол худро аз он канор гирифтанд. Сухангӯи ин гурӯҳи мусаллаҳ Забиҳуллоҳ Муҷоҳид бегоҳи 20 нобяр гуфт, ки ҷумбиши Толибон ҳамла ба мардуми мулкӣ ва рӯҳониёнро маҳкум мекунад. Ҷангҷӯёни Толибон ва гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ", ки худро суннӣ меҳисобанд, дар гузашта борҳо рӯҳониёни ҳамоҳанг бо ҳукумати Афғонистонро ҳадаф қарор доданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.