Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таърихи як тарҳи муҳим

Таърихи як тарҳи муҳим

13-11-2018, 09:21
Хабарро хонданд: 228 нафар
Назарҳо: 0
Таърихи як тарҳи муҳим

Неругоҳи барқи обии Роғун иншооти тақдирсоз ва муҳимтарини гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Он аз заминаҳои боэътимод ва замонати фардои дурахшони кишвар аст.
Агар ба таърихи лоиҳаи ин иншоот назар кунем, мебинем, ки омодасозии лоиҳаи бунёди НБО «Роғун» солҳои 70-ум дар шуъбаи осиёимиёнагии Пажӯҳишгоҳи гидропроекти Маскав дар шаҳри Тошканд оғоз меёбад.
Ҳиллари Креймер-шореҳи машҳури амрикоӣ, муаллифи китоби «Пеш аз чархиш» тарҳи Роғунро калиди пешрафти иқтисодӣ ва сиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ медонад. Ба андешаи ӯ, неругоҳи Роғуни Тоҷикистон метавонад дили иқтисод барои пешрафти Осиёи Марказӣ бошад. Зеро он қодир аст, натанҳо Тоҷикистони ташнаи барқ, балки минтақаҳои шимоли Афғонистону Покистон, Қирғизистону Ӯзбекистон ва кишварҳои дигари ҳамсояро бо барқ таъмин кунад.
Аз лиҳози географӣ ҳам НБО Роғун дар силсилаи нерӯгоҳҳои рӯди Вахш нуҳумин иншоот буда, дар минтақаи 110 км дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Давраи тайёрии сохтмони неругоҳи Роғун соли 1976 оғоз ёфта буд ва садди он 335 метр хоҳад шуд, ки он дар замони ҳозира дар ҷаҳон аз ҳама баландтарин садд маҳсуб мегардад.
НБО Роғун имконияти ба эътидол овардани ҷараёни оби Вахшро дар худ дорад ва бинобар ин ҷавлонгари самаранокии НБО-и дар поёноб фаъолиятдошта метавонад бошад.
Штефан Колер-роҳбари раёсати Агентии энергетикии Олмон ҳангоми як сафараш ба Тоҷикистон гуфта буд, ки «баъди боздид аз Неругоҳи Норак андешаи ман дар бораи аҳамияти бузурги Нерӯгоҳи Роғун, ки дар шароити монанд ба ин мавзеъ бунёд меёбад, боз ҳам қавӣ гардид ва ман минбаъд ширкатҳои олмониро ба иштирок дар татбиқи ин лоиҳа тарғиб хоҳам кард. Минбаъд мардуми Тоҷикистон метавонанд маро сафири энергетики давлати худ дар Олмон бишуморанд».
Ҳаҷми пурраи обанбори неругоҳ 13,3 млрд. мукааб буда, иқтидори он 3600 МвТ, иборат аз 6 чарха аст, ки қудрати ҳар кадом 600 МвТ мебошад.
Вобаста ба аҳамияти Неругоҳи барқи обии Роғун ба таври илмӣ назар кунем, ба хулосае меоем, ки дар воқеъ ин иншоот аз лиҳози экологӣ, сейсмикӣ, гидротехникӣ ва геофизикӣ асоси илмӣ дошта, он ба рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мамлактҳо хизмат мекунад.
Тибқи ҳисобҳои муқаддимотӣ арзиши лоиҳавии неругоҳ дар замони шӯравӣ зиёда аз 3 млрд. доллари амрикоӣ будааст.
Соли 1972 ҳаҷми пурраи асосноккунии техникию иқтисодии неругоҳи Роғун ба анҷом расид. Асосноккунии техникию иқтисодиро Вазорати барқи ИҶШС баррасӣ ва муҳокима карда, аз тарафи Комиссияи иқтисодии давлатии Госплани ИҶШС бо иштироки намояндагони ваколатдори тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ намуд (Қарори КИД-и Госплани ИҶШС, №6 аз 27.02. соли 1974). Экспертизаи Асосноккунии техникию иқтисодӣ, хулосаҳоро дар бораи боэътимодии техникӣ ва самаранокии баландии неругоҳи Роғун комилан собит кард (Се навъи дарғоти неругоҳи Роғун баррасӣ ва яке бо арзу тӯли асосии неругоҳ ва обанбор пазируфта шуд).
Ҳамон рӯз табели кории №1 тартиб дода шуд. Онро аввалин сардори управленияи «Гидроспетстрой»-и Роғун Барис Петрович Соболев тартиб додааст. Коллективи хурдакаки интернатсионалӣ иборат аз намояндагони панҷ миллат буд.
Мураттабсозии лоиҳаи техникӣ соли 1974 шурӯъ гардида, моҳи ноябри соли 1978 ба анҷом расонида шуд. Моҳҳои ноябр-декабри соли 1978 лоиҳа аз тарафи экспертизаи пажӯҳишгоҳи Гидропроект таҳти муҳокима қарор гирифт (протоколи шӯрои техникӣ №72 аз 26.12. соли 1978), моҳи июни соли 1979 муҳокимаи он дар Шӯрои илмию техникии Вазорати барқи ИҶШС ба анҷом расид (протоколи №70 аз 27.06. соли 1979). Моҳи октябри соли 1980 лоиҳа аз тарафи Экспертизаи асосии давлатии Госстройи (сохтмони давлатӣ) ИҶШС ва ГКНТ ИҶШС (Қарор мутобиқи мактуби Госстрой ИҶШС аз 16.10 соли 1980 №380) ва ноябри соли 1980 бо фармони Шӯрои Вазирон тасдиқ ва бо мувофиқаи тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ҳамчун лоиҳаи минтақавӣ дониста шуд.
Соли 1990 лоиҳа аз тадқиқи махсуси мустақими назди Комиссияи давлатии экспертизаи Госплани ИҶШС гузашт ва боэътимодии иншооти сохташавандаи неругоҳ мутобиқи маводи тасдиқшудаи лоиҳа ва ба ҳисоб гирифтани ҳамаи амалиёту санҷишҳо қабул гардид.
Зарурати ин санҷиш бо Қарори КМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирони ИҶШС №1110 аз 19.09. соли 1988 “Дар бораи чораҳои комилан беҳтар кардани вазъияти экологӣ ва санитарӣ дар минтақаи баҳри Арал” вобаста буд, ки дар ин вақт акнун муаммои Аралро ба назар нагирифтан имкон надошт.
Пешбинӣ шуда буд, ки бояд чархаи аввалини нерӯгоҳ соли 1993 барқ тавлид мекунад. Аммо бо сабаби шиддат гирифтани вазъи сиёсии Тоҷикистон соли 1990 кор дар сохтмон қатъ гардид.
Ин неругоҳ имконият медиҳад, ки ҳар сол беш аз 13,1 млд. квт/соат барқ истеҳсол шавад ва ин на танҳо эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ мегардонад, балки ба инкишофи иқтисодиёти тамоми минтақа такон бахшида, ҳамчунин шароит фароҳам меорад, ки ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Афғонистон ва Покистон барқ содир гардад.
Ғояи бунёди неругоҳи Роғунро роҳбарияти Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳамроҳ пешниҳод карда буданд. Ӯзбекистон ба ин кор басо манфиатдор буд, зеро тавассути обанборҳои Роғуну Норак имкони танзими бисёрсолаи оби рӯди Вахш ба даст меомад. Ба ин васила беш аз 300 ҳазор га заминҳои иловагии ташналаб дар ҳудуди Ӯзбекистон метавонад обшор гардида, киштзорҳои беканораш ҳатто дар солҳои хушку камбориш ҳам бо оби кишоварзӣ таъмин бошад.
Александр Боттинг- таҳлилгари америкоии масоили энергетикӣ дар яке аз навиштаҳояш зикр мекунад, ки «баҳсҳо дар мавриди бунёди баландтарин сарбанди рӯи олам, Осиёи Марказиро барои даҳсолаҳо аз дастрасӣ ба неруи барқи арзон маҳрум кард. Ҳол он ки сохту такмили Неругоҳи барқи обии Роғун натанҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақаро аз камбуди шадиди неруи барқ наҷот дода, Афғонистону Покистонро ҳам бо неруи барқи арзон таъмин менамояд».
Хушбахтона дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи раҳбарияти кишварамон мушкили неругоҳ ба бахту нафъи мардуми минтақа бо гузашти вақт акнун ҳал шуда, то чанд рӯзи дигар аввалин чархаи неругоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Мӯминшо Хуррамзода, узви фаъоли КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: