Сешанбе, 15 апрел 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе масъалаҳои ҳамгироии рақамиро дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ намуданд

Дар Душанбе масъалаҳои ҳамгироии рақамиро дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ намуданд

11-04-2025, 16:54
Хабарро хонданд: 79 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе масъалаҳои ҳамгироии рақамиро дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ намудандМегаФон Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа иштирок намуд. Ҷаласаи байналмилалӣ имкон дод, ки дурнамои рақамисозии иқтисоди Тоҷикистон ва тамоюлҳои рушди соҳаи телекоммуникатсионӣ баррасӣ шаванд.

Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа он давлатҳои Авруосиёро муттаҳид менамояд, ки дар рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи алоқа манфиатдор ҳастанд. Ҷаласаҳои Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа дар ҳудуди мамлакатҳои иштирокчӣ ду маротиба дар як сол гузаронида мешаванд. Соли 2025 он дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар пойтахти Тоҷикистон иштирокчиён аз 19 мамлакат ва намояндагони Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU) ҷамъ омаданд. Дар доираи чорабинӣ мавзуи батанзимдарории доираи радиобасомадҳо ва мадори радифӣ, форуми «Тағйирёбии рақамӣ: дурнамо ва имконият» ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсияҳо оғоз ёфтаанд, бинобар ин иштирок дар чунин сатҳ чорабиниҳои соҳавӣ ниҳоят муҳим аст. Ба воситаи онҳо мо имкон пайдо менамоем, ки сатҳи худро бо ҳамкорон аз мамлакатҳои дигар муқоиса намуда, доир ба дастоварҳои худ маълумот расонем. Дар соҳаи телеком муваффақияти дилхоҳ давлат, аз ҷумла аз ҳамгироии он ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва аз паҳншавии озоди технологияҳои пешрафта вобастагӣ дорад. Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба таври самаранок вазифаҳои ҳамкориро ба манфиати ҳамаи давлатҳои иштирокчӣ ба иҷро мерасонад», — иброз намуд директори генералии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников.

МегаФон Тоҷикистон ҳамчун яке аз иштирокчиёни пешсафи рақамикунонӣ дар ҷумҳурӣ мунтазам дар чорабиниҳои Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа иштирок менамояд. Саҳми оператор дар рушди соҳаи телекоммуникатсияи минтақаи Осиёи Марказӣ чандин маротиба дар сатҳи байналмилалӣ иброз гардида буд. Ҳамин тавр, дар соли 2022 Анатолий Изюмников бо медали ИМА ва дар соли 2023 бо диплом барои фаъолияти самараноки бисёрсола дар Иттиҳод қадрдонӣ гардида буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: