Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо модарони собиқадор дидорбинӣ намуданд

Аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо модарони собиқадор дидорбинӣ намуданд

8-03-2025, 12:38
Хабарро хонданд: 655 нафар
Назарҳо: 0
Аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо модарони собиқадор дидорбинӣ намудандДар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба Рӯзи Модар раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода ва раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ба дидорбинии модарони рӯзгордидаи калонсоли шаҳри Левакант ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рафтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таблиғот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Ҳайати меҳмонон ба дидорбинии Дурбӣ Қаландарова, сокини Ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант рафта, бо аҳвол ва шароити зиндагияш шинос шуданд. Зимни суҳбат аён гардид, ки ин зани рӯзгордида 98-сола буда, соҳиби 9 фарзанд, набераю абераҳо мебошад.

Дурбӣ Қаландарова солиёни зиёд бо хонаводааш барои афзун гардидани маҳсулоти кишоварзӣ, аз гардиши кишоварзӣ дур намондани заминҳо ва пешрафти соҳаҳои гуногуни шаҳри Левакант меҳнат намудааст. Ҳоло бо фарзандону наберагонаш давлати пирӣ меронад.

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон инчунин ба дидорбинии сокини Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маъмура Саидова, ки ӯ низ 98-сола мебошад, рафта, бо ӯ суҳбати самимона намуданд.

Маъмура Саидова аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва марҳилаҳои душвори зиндагӣ ёдовар шуда, иброз намуд, ки мо шоҳиди талошҳои хастагинопазири Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба сулҳу субот ва фароҳам овардани шароити хубӣ зиндагӣ ба мардум ҳастем.

«Фарзандони ман ҳамаашон оиладор ва фарзанддору наберадор мебошанд. Ҳоло ҳам онҳоро таъкид менамоям, ки дар зиндагӣ рафтору гуфтори хуб дошта бошанд ва ҳамеша барои ободии Ватан хизмат намуда, ба қадри заҳматҳои Пешвои миллат бирасанд»,-гуфт Маъмура Саидова.

Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳри Левакант ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба модарон кумаки пулӣ ва моддӣ расонида шуд.

Зан-Модар олиҳаи меҳру муҳаббат буда, дар зиндагӣ барои фарзандон роҳнамо мебошад. Модар бо муҳаббати бепоён ва сабр ба фарзандон таълим медиҳад, ки чӣ гуна ҳаёти солим ва босаодат дошта бошанд. Бузургии Зан-Модар дар он аст, ки ӯ на танҳо ба фарзандон, балки ба тамоми ҷомеа муҳаббат ва оромӣ мебахшад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: