Сешанбе, 15 апрел 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Лето-2025» муаррифӣ шуданд

Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Лето-2025» муаррифӣ шуданд

11-04-2025, 16:45
Хабарро хонданд: 77 нафар
Назарҳо: 0
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Лето-2025» муаррифӣ шудандИмконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 29-уми байналмилалии сайёҳии «Лето-2025» дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия муаррифӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ яке аз намоишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон ба шумор рафта, ҳамасола дар он 120 давлати дуру наздик иштирок менамоянд.

Зимни намоишгоҳ гӯшаҳои сайёҳии давлатҳо ташкил шуда, имконоти соҳаи сайёҳии онҳо муаррифӣ гардиданд.

Инчунин дар доираи намоишгоҳ вохӯриҳои B2C ва B2B баргузор гардида, масъалаҳои рушди фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ, зеҳни сунъӣ, масъалаҳои кадрӣ ва рақамикунонӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи 29-уми байналмилалии сайёҳии «Лето-2025» 3-4 апрел дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия доир гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: