Сешанбе, 15 апрел 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»

Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»

4-04-2025, 14:56
Хабарро хонданд: 73 нафар
Назарҳо: 0
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»Истифодаи технологияҳои муосири каммасраф ва муносибати эҳтиёткорона ба об чун манбаи муҳимтарини ҳаёт шарти асосии кам кардани талафоти он маҳсуб мешавад. Дар ин зимн, ҷомеаи байналмилалӣ даъват карда шуд, ки ба масъалаи афзуннамоии маблағгузории чораҳои марбут ба ҳифзи иқлим ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба кишварҳои осебпазир, бахусус, кишварҳои рӯ ба тараққӣ, тадбирҳо биандешанд. Дар ин хусус зимни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони «Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ», ки имрӯз дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид, баён шуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии захираҳои обии минтақа мебошанд ва 60 дарсади оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбад.

Доир ба аҳамияти масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим сухан гуфта, Сарвари давлат аз обшавии пиряхҳо, аз ҷумла комилан обшудани ҳудуди 1300 адад аз 14 ҳазор пиряхи ҳудуди Тоҷикистон дар панҷоҳ соли охир изҳори нигаронӣ намуданд.

Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон ин ҳолат тамоюли хеле ташвишовар мебошад, зеро пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд.

Иброз гардид, ки давоми бист соли охир барномаҳои марбут ба обу иқлим пешниҳоднамудаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ фаъолона татбиқ мегардад ва зимнан ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва устувории экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: