Сешанбе, 15 апрел 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Алмато таҳти раёсати Тоҷикистон Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид

Дар Алмато таҳти раёсати Тоҷикистон Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид

11-04-2025, 16:43
Хабарро хонданд: 74 нафар
Назарҳо: 0
Дар Алмато таҳти раёсати Тоҷикистон Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид11 апрел дар шаҳри Алмато таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуда, роҳҳои тақвияти ҳамкориро дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сироҷиддин Муҳриддин самтҳои авлавиятноки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 баён намуда, ба масоили таҳкими амнияти минтақавӣ, тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, густариши масирҳои нақлиётию логистикӣ, рушди равобити гуманитарию фарҳангӣ байни кишварҳои аъзои Иттиҳод тамаркуз кард.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои танзими равандҳои муҳоҷират зоҳир гардид ва роҳбари ниҳоди сиёсати хориҷии Тоҷикистон зарурати такмили заминаи меъёрию ҳуқуқиро дар ин соҳа, аз ҷумла суръат бахшидан ба мувофиқасозии лоиҳаи созишномаҳое, ки дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд, таъкид намуд.

Вобаста ба мавзуи амният, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳод масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва таҳдидҳои киберӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар хатарҳоеро, ки ба пойдории субот ва рушди ҳамкорӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳдид мекунанд, баррасӣ намуданд.

Дар доираи омодагӣ ба 80-солагии Ғалаба таваҷҷуҳи махсус ба масоили таҳияи ҳуҷҷатҳои мақсадноки миллӣ ва баргузории чорабиниҳои мавзуӣ, ки ба ҳифзи хотираи таърих ва дастгирии собиқадорон нигаронида шудааст, зоҳир гардид.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа якчанд қарори муҳим, ки ба беҳбуди минбаъдаи фаъолияти мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва таҳкими ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзои Иттиҳод нигаронида шудааст, ба имзо расонида шуд.

Қарор шуд, ки ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 9 октябри соли 2025 дар Душанбе баргузор мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: