Сешанбе, 01 апрел 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ ВА БУНЁДГУЗОРИ “КОХИ НУР”

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ ВА БУНЁДГУЗОРИ “КОХИ НУР”

28-03-2025, 16:08
Хабарро хонданд: 48 нафар
Назарҳо: 0
26-уми март бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Неругоҳи барқи обии Роғун” Наврӯзи байналмилалӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон - эҳёгари Наврӯз” бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд. Сараввал, меҳмонон аз Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки василаи рушди устувори иқтисоди миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад, дидан намуданд. Масъулони неругоҳ меҳмононро бо минтақаҳои сохтмон шинос намуда, аз баста шудани маҷрои дарёи Вахш, ки шахсан аз ҷониби Сарвари давлат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, савори аспи оҳанин сурат гирифта буд, ёдовар шуданд.

АРСАИ НАНГ

Аснои боздид аз ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки имрӯз ҳайти фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” қарор доранд. Ҳамагон огоҳ ҳастем ва медонем, ки сарпарасти маънавии ин иншооти муҳимми аср бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар дӯши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст. Мо, ҳизбиён хурсанд аз он ҳастем, ки дар асоси Нақша - чорабиниҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб Наврӯзи байналмилалиро бо бунёдкорони ин “Кохи нур” якҷо таҷлил менамоем.
- “Мо имрӯз бо рафти корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ аз наздик ошно шудем ва бори дигар ба қудрату тавоноии мутахассисону фарзандони сарсупурдаи миллати тоҷик қоил гардидем. Маҳз меҳнату заҳмат ва талошҳову сарпарастии Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз як афсона ба ҳақиқат табдил ёфта истодааст ва ман бовар дорам, ки ин талошу заҳматҳо дар солҳои наздик метавонанд Тоҷикистони азизро пурра ба истиқлолияти энергетикӣ бирасонад, хонадони мардуми мо равшан шавад, саноати мо рушд кунад ва мардуми мо ба зиндагии шоиста бирасад. Бинобар ин, ба мардуми заҳматкаши Неругоҳи барқи обии “Роғун”, яъне ба сохтмончиёни ин арсаи нангу номус ва ғурури миллӣ як ҷаҳон сипос мегӯем. Мо бо чашми худ дида истодаем, ки новобаста аз чӣ гуна будани вазъи ҳаво, ба гармиву сардӣ нигоҳ накарда, бунёдкорон кору фаъолият мекунанд ва мисли як механизми зинда дар тамоми гӯшаҳои ин иншооти азим бо дасту дили гарм пайи кор ҳастанд. Дар 72 километр нақбе, ки дар зери кӯҳ ниҳон аст, фикр мекунам, фардои дурахшони Тоҷикистони азиз аз ҳаминҷо сарчашма мегирад. Бовар дорем, ки то ба Наврӯзи дигар ин ҷавонмардони асил ба хотири фардои дурахшони Ватан метавонанд боз ҳам корҳои муҳимтареро анҷом диҳанд”,-афзуд дар идомаи суханрнӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода.

ОН РӮЗ ДУР НЕСТ...

Директори истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Неругоҳи барқи обии Роғун” Анвар Раҳмонов зимни боздид аз сарбанди неругоҳ иттилоъ дод, ки дар ин корзори муътабар намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа аз тамоми гӯшаву канори сарзамини азизамон гирд омадаанд ва якдилу яктан паҳлуи ҳамдигар бо ҳамкорони байналмилалиашон содиқона заҳмат мекашанд. Айни замон дар сохт-мони неругоҳ ҳудуди 18 000 нафар кору фаъолият доранд.
Ӯ гуфт, ки соли сипаришуда ҳудуди 4,8 миллиард сомонӣ корҳои сохтмону васлгарӣ ба сомон расонда шуданд. Имсол бошад, дар зарфи 2 моҳ ҳудуди як миллиард сомонӣ барои иҷрои корҳо сарф шудааст. Ба ҶСК “Барқи тоҷик” аз аввали баистифодадиҳии агрегатҳо ҳудуди 8,4 миллиард кВт/соат неруи барқ истеҳсол ва интиқол дода шудааст.
Бунёди сарбанд, ки аз иншооти муҳимми неругоҳ маҳсуб меёбад, ба уҳдаи ширкати итолиёвии “Вибилд” вогузор шудааст, ки аз ҷониби ширкати мазкур ва зерпурдаратчиёнаш корхонаҳои ватании “ТГЭМ” ва “ТГМ” то ба имрӯз бештар аз 26 миллион метри мукааб сангу шағал аз 80 миллион метри мукааби пешбинишуда дар қисмҳои болоию поёнии сарбанди асосӣ рехтаву шибба карда шудааст. Яъне, дар сарбанди асосии неругоҳ то ба имрӯз зиёда аз 30 дарсади корҳо ба анҷом расонида шудааст.
- “Оид ба ташкил ва таъмини бехатарии иншооти неругоҳ асбобҳои мониторингӣ, аз ҷумла асбобҳои санҷишию ченакӣ, геодезӣ, сейсмикӣ васлу насб мегарданд. Сифати иҷроиши корҳо тавассути фармоишгар ва намояндаи фармоишгар бо истифода аз стандартҳои байналхалқӣ, аврупоӣ ва амрикоӣ назорат карда мешаванд.
Озмоишгоҳи марказии сохтмон барои бо сифати аъло иҷро намудани корҳои сохтмонӣ пурра омода буда, фаъолияти худро бо реҷаи шабонарӯзӣ ба роҳ мондааст, маводу масолеҳ ва таҷҳизоти ба сохтмон воридшуда аз санҷиши ҳамаҷониба гузаронида, баъд барои истифода иҷозат дода мешаванд. Сатҳи оби обанбор ба нишонии 1100 метр бояд моҳи октябри соли 2025 расонида шавад.
Дар марҳилаи обгирии обанбор аз сатҳи 1100 метр то 1163 метр иқтидори агрегатҳои №6 ва №5 баъд аз ивази чархҳои кории доимӣ то 400 мВт меафзояд.
Феълан дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” зиёда аз 60 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст. Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардад”,-афзуд директори истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Неругоҳи барқи обии Роғун” Анвар Раҳмонов.
Меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои наврӯзӣ, ки хоси миллати тоҷик буда, бисёр рангину зебо ороста шуда буд, дидан намуданд.
Сипас, чорабинии идона бо сухани ифтитоҳии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода оғоз шуд. Мавсуф аз ҷумла иброз дошт, ки аз соли 2008 инҷониб Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарпарасти маънавии шоҳкории беназири Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - сохт-мони Неругоҳи барқи обии “Роғун” буда, роҳбарият ва аъзои он мунтазам дар ин иншооти аср чорабиниҳои гуногунро ба хотири болидарӯҳии кормандони он баргузор карда, заҳмати шабонарӯзии онҳоро қадршиносӣ менамоянд ва ин кохи нурро, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷикистонӣ мебошад, миёни мардуми кишвар ва берун аз он мавриди таблиғу ташвиқ қарор медиҳанд.
Воқеан ҳам, Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки дар он имрӯзҳо халқу миллатҳои гуногун заҳмат мекашанд, ба як мактаби бузурги дӯстиву бародарӣ ва сулҳофарӣ табдил ёфтааст, боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад, ки ин сифатҳо бо арзишҳои Наврӯз тавъам мебошанд.
Чуноне мо медонем, Наврӯз ҷашнест, ки ҷавҳари онро ҳаёту покӣ, муҳаббату садоқат, ваҳдату бахшояндагӣ ва некиву равшанӣ ташкил дода, суннатҳои наврӯзӣ ифодагари ҳамоҳангии байни инсон, табиат ва кайҳон маҳсуб мешавад. Наврӯзи Аҷам аз замони зуҳури хеш то имрӯз ба ҳамгироӣ ва пойдории равобити миллату қавмҳо мусоидат менамояд.
Боиси ифтихор аст, ки бо талошҳои бевоситаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон - Тоҷикистон бо шукӯҳу нусрати хосса дубора эҳё гардида, ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт ва Пешвои миллат Наврӯзро “Шоҳномаи шаҳриёрони миллат, таърихи зиндаву бедор, пояндагиву ҷовидонӣ, ному нанг, ифтихору шараф ва ҳувияту бақои миллати фарҳангиву тамаддунсозӣ тоҷик” номиданд.
Директори истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Неругоҳи барқи обии Роғун” Анвар Раҳмонов зимни суханронӣ иттилоъ дод, ки имрӯз теъдоди аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар неругоҳ 3000 нафарро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки ин теъдод соли 2010 ҳамагӣ 300 нафар буд. Аз теъдоди умумии аъзои ҳизб имрӯз 248 нафар занҳо ва 1150 нафар ҷавонон мебошанд.
Дар сохтори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар неругоҳ 24 ташкилоти ибтидоии ҳизб фаъолият мекунад. Аъзои ҳизб, ки дар иншооти гуногуни сохташавандаи неругоҳ фаъолият доранд, ҷиҳати татбиқи ҳамаҷонибаи дас-туру супоришҳои Президенти кишвар, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд ва раванди пешсафу пешрав будани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бо эҳсоси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ идома медиҳанд.
Ӯ бо хушҳолӣ изҳор дошт, ки ҳар як сафари Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин майдони нангу номуси миллат ва арсаи матонату шуҷоат ба бунёдгарони “Роғун” илҳоми тоза мебахшад ва онҳоро ба корномаҳои нави меҳнатӣ руҳбаланд месозад.
Бунёдгарони ин неругоҳи азими энергетикӣ хуб дарк ва эҳсос мекунанд, ки Кумитаи иҷроияи ҳизб дар неругоҳ дар амри густариши дастовардҳои Истиқлол, ваҳдати комил, таҳкими суботи сиёсӣ ва иқдоми созандаи кишвар саҳми назаррас дорад.
Итминони комил дорем, ки бунёдгарони Неругоҳи барқи обии “Роғун” дастуру супоришҳои бунёдгузори асили Кохи Нур - Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро маҳаки фаъолияти хеш қарор медиҳанд ва ҷиҳати дар муҳлатҳои таъ-ингардида омода ва ба истифода додани иншооти фосилавии Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз тамоми захираву имконоти мавҷуда самаранок истифода хоҳанд кард.

ҶАШНВОРАИ ҶАҲОНӢ

Раиси шаҳри Роғун Сунатулло Саидзода меҳмононро ба шаҳри Роғун хайрамақдам гуфта, оид ба аҳаммияти таърихии Наврӯз, нақши миллати тоҷик бо сарварии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи ин ҷашни аҷдодӣ ва аҳаммияти бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” андешаронӣ карда, аз ҷумла зикр намуд, ки таҳти сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқболу тантанаи Наврӯз рангу ҷилои нав гирифт.
Вай, инчунин, афзуд, ки ин ҷашни бостонии мо шукӯҳу шаҳомати беназир дошта, дар худ рамзи дӯстӣ ва ҳамнавоӣ бо табиату Замин, неруи тоза ва қавӣ пайдо намудан, вусъат бахшидани ободонию созандагиро инъикос менамояд.
Истиқлоли Тоҷикистони азиз ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ибтидо гузошт, ки заминаи ваҳдати миллӣ устувор гашта, урфу одат, расму ойинҳои миллии ниёгон ва арзишҳои муқаддаси аҷдодиамон дар симои Наврӯз дубора эҳё гардида, ба тамоми оламиён муаррифӣ ва ба ҷашнвораи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳақ таъкид намудаанд, ки “Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва мардуми сарбаланди тоҷик меросбари ин ҷашни бузург эътироф шудаанд, зеро тамоми сунату ойинҳои ҷашни Наврӯз маҳз дар сарзамини аҷдодии мо ва дар тамоми қаламрави кишвари азизамон бо ҳамаи унсурҳои хоси худ ҳифз гардидааст”.
Дар ҳақиқат мо, тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгон ва иди покию зебоӣ дар фазои Истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ ҷашн мегирем.
Дар шаҳри Роғун низ ин ҷашни аҷдодӣ бо риояи суннатҳои таърихи бостон таҷлил гардида, басо рамзист, ки сокинони шарафманди шаҳр ин иди аҷдодиро дар якҷоягӣ бо аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо созандагони “Кохи нур” - Неругоҳи барқи обии “Роғун” таҷлил менамоянд.
Раиси шаҳри Роғун, ҳамзамон, зикр намуд, ки неругоҳи “Роғун” натанҳо сохтмони азим, балки далели бебаҳси тавоноии миллати тоҷик, рамзи неруи эҷодкорӣ ва пайванди инсон бо табиат аст. Дар фазое, ки об ва неру рамзи ҳаёт мебошанд, нақши ин неругоҳ ҳамчун сарчашмаи энергия, рушд ва тавоноии мамлакат ба таври амиқ эҳсос мегардад.

ЗАҲМАТОБОД

Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар навбати худ оид ба талошу пофишориҳои Пешвои миллат баҳри эҳёи Наврӯз, мақоми байналмилалӣ гирифтани ин ҷашни бостонии миллати тоҷик, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, суҳбат намуда, зикр дошт, ки Наврӯз натанҳо як ҷашн, балки як таъриху тамаддуни миллат ва қисматномаи мо аст, ки имрӯз аҳли ҷаҳон бо он ошно мешаванд ва ин ҷашни аҷдодии моро таҷлил менамоянд, ки муҳаббати онҳо ба ин миллат бештар мешавад. Ин ҳама натиҷаи хизматҳои беназири Роҳбари давлат аст, ки моро натанҳо бо мо, балки ба тамоми ҷаҳониён муаррифӣ кардаанд.
Ин шоири ватансаро, инчунин, бо ёдоварӣ аз иқдомҳои созандаи Сарвари давлат баҳри бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” бардошти худро пас аз боздид аз ин арсаи нангу номуси миллӣ чунин иброз дошт: -“Неругоҳи барқи обии Роғун” як сарвати миллӣ аст, ки инсонҳоро ба ватандӯстӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ ҳидоят мекунад. Вақте ки дар коргоҳи “Роғун” қадам мезанӣ, агар ҳазор донишманд ҳам бошӣ, роҳгум мезанӣ. Бовар намекунӣ, ки ин ҳама шоҳкорӣ маҳсули дасти инсон аст. Воқеан ҳам, тааҷҷубовар аст.
Тасаввур кунед, зиёда аз 70 километр нақб дар зери замин канда шудааст. Агар пойи пиёда ин ҳама роҳро тай кунем, шашрӯза роҳ аст. Акнун худ қазоват кунед, ки дар кандани ин қадар нақб дар дили кӯҳ чӣ қадар вақт сарф шудааст? Агар мо, аҳли эҷод ҳазор андеша кунем, як лаҳзаи кории бунёдкорони ин иншоотро, ки аз пайи зиндагиашон мардонавор қадам мезананд, тасвир карда наметавонем.
Ин қадар чангу хок, ҳавои нафасгир, гармиву сардӣ, маргу зиндагии бо ҳам омехта ва ҳазорҳо шебу фарозҳои дигаре ҳаст, ки ҳамаи инро бо сухан тасвир кардан ғайриимкон аст…”
Муҳаммад Ғоиб дар фароварди сухан аз эҷодиёти худ дар васфи Наврӯз ва неругоҳи “Роғун” шеърҳо қироат намуд. Ӯ аз ҷумла, аз “Достони Кохи нур” ки ба ҷонфидоиҳои созандагони “Роғун” бахшида шудааст, мисраҳои зерро қироат намуд, ки аз ҷониби аҳли толор гарму самимӣ истиқбол гардид:
Рӯд гирён аст инҷо, навҳагар бод аст,
Хоку санги лол ҳам побанди фарёд аст.
Кӯҳна инҷо қиссаи Ширину Фарҳод аст,
Ошиқи меҳан ҳама, ин дигар эҷод аст.
Ғуссаҳоро мебарад, роҳи фараҳзод аст,
Заҳматобод аст инҷо, заҳматобод аст....

ҚАДРШИНОСӢ

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ санъаткорони варзидаи ҷумҳурӣ бо суруду таронаҳои дилнишини худ дар васфи баҳору Наврӯз хотири иштирокчиёни ҳамоишро болида намуданд.
Пас аз анҷоми барномаи рангини наврӯзӣ аз номи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолону собиқадорони ҳизб барои иштироки фаъолона дар корҳои ҳизбӣ, ташвиқу тарғиби ғояҳои созандаи ҳизб, саҳмгузорӣ дар таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар ва дастовардҳои баланди истеҳсолӣ дар бунёди неругоҳи “Роғун” бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуда, ҳамзамон, ба чанд нафар аъзои ба тозагӣ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастшуда дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.
Инчунин, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандӯстию меҳанпарастӣ, ташаббускорӣ дар ободии диёр, саҳмгузори дар бунёди иншооти бузурги аср ва бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ибодулло ТОҲИРОВ
Душанбе-Роғун-Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: