Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик11-11-2018, 10:00
Хабарро хонданд: 192 нафар
Назарҳо: 0
10.11.2018 17:22, шаҳри Душанбе Муҳтарам генералҳо, афсарон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни касбиатон - Рӯзи милитсияи тоҷик табрик гуфта, ба кулли ҳайати шахсӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар саломатӣ ва дар фаъолияти хизматиатон комёбиҳо орзу менамоям. Кормандони милитсияи тоҷик дар даврони истиқлолият аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри сипаришуда вазифаҳои ба уҳдаи онҳо гузошташударо бошарафона иҷро карданд ва якҷо бо ҷузъу томҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд. Дар ин роҳ садҳо нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷони худро аз даст додаанд ва мардуми сипосгузори Тоҷикистон хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медоранд. Ҳукумати мамлакат хизматҳои кормандони мақомотро ҳамеша қадрдонӣ мекунад ва ҷиҳати беҳтар намудани шароити кору хизмат, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ тадбирҳои муассир меандешад. Танҳо дар давоми ҳафт соли охир ҳаҷми маблағгузории мақомоти милитсия аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 150 фоиз афзуда, музди меҳнати кормандон ба ҳисоби миёна якуним баробар зиёд гардидааст. Дар ин муддат беш аз 700 нафар кормандон ва оилаҳои бесаробонмондаи кормандони милитсия бо манзили истиқоматӣ ва зиёда аз 2600 нафар бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шудаанд. Бо фармонҳои Президенти мамлакат дар даврони истиқлолият 60 нафар, аз ҷумла дар ҳафт соли охир 23 нафар бо рутбаҳои олии афсарӣ ва 281 нафар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд. Дар давоми ҳафт соли охир даҳҳо иншооту биноҳои маъмурии сохторҳои мақомот, аз ҷумла шуъбаҳои вазорат дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Ваҳдат, Рашт, Шаҳринав, Шамсиддин Шоҳин, Сангвор ва қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ сохта ва ба истифода супорида шудаанд. Дар шаҳри Душанбе бинои нави Академияи вазорати корҳои дохилӣ бо санъати баланди меъморӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки ҳоло дар он на танҳо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, балки намояндагони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ низ таҳсил карда истодааанд. Аз соли 2014 инҷониб дар шаҳри Кӯлоб Коллеҷи милитсия фаъолият дорад, ки дар он асосан фарзандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ ба ҳалокат расидаанд, ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи оташнишонӣ соли ҷорӣ Коллеҷи техникӣ-оташнишонӣ ба фаъолият оғоз кард. Ҳадафи асосии Ҳукумати кишвар тавассути таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоту шароити муосир тавсеа бахшидан ба раванди омодасозии кадрҳои баландихтисоси миллӣ мебошад. Дирӯз дар назди вазорати корҳои дохилӣ барои беҳтар намудани шароити хизмати кормандони сохторҳои алоҳидаи вазорат бинои маъмурии нӯҳошёна ба истифода супорида шуд, ки тибқи талаботи меъмории ҳозиразамон сохта шудааст. Ҳамчунин, рӯзи гузашта Маркази муштарак оид ба муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизм ба фаъолият оғоз кард, ки дар он тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Бо мақсади минбаъд низ вусъат додани бунёди биноҳои истиқоматӣ барои кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе қитъаҳои замин ҷудо карда шудаанд. Барои баланд бардоштани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсии мақомот ҳангоми фаъолият дар шароити кӯҳсор ва иқлими душвор, инчунин, обутоби ҷисмонии онҳо дар мавзеъҳои Марғобу Шаҳристон бо фароҳам овардани ҳама шароит машқгоҳҳои таълимӣ бунёд гардидаанд. Ҷиҳати мукаммалгардонии фаъолияти мақомоти милитсия дар сохтори вазорат хадамоту шуъбаҳои мустақил, аз ҷумла Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятӣ “Шаҳри бехатар”, шӯъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологӣ ва бахши милитсияи сайёҳӣ таъсис дода шудаанд. Саҳми Маркази “Шаҳри бехатар” дар ҷодаи пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва таъмин намудани бехатарии ҳаракат дар роҳҳои пойтахти кишвар хеле назаррас буда, дар тӯли фаъолияти он беш аз 1 миллиону 700 ҳазор ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо муайян ва маблағи ҷаримаи ситонидашуда зиёда аз 116 миллион сомониро ташкил медиҳад. Илова бар ин, бо ёрии камераҳо зиёда аз 52 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳо ва 400 ҷиноят ошкор карда шудааст. Вазъияти мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои минтақа возеҳ нишон медиҳад, ки қувваҳои радикалӣ ва террористӣ аз ниятҳои нопоки худ даст накашида, баръакс, мехоҳанд, ки фаъолияти тахрибкоронаи худро дар минтақаи мо минбаъд низ густариш диҳанд. Дар чунин шароит ба милитсияи тоҷик, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиву касбиро аз даст надода, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ ба таври қатъӣ мубориза баранд. Дар зарфи солҳои охир аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 95 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати беш аз 500 нафар дар содир намудани зиёда аз 900 ҷиноят муайян ва дастгир гардида, қисме аз онҳо безарар гардонида шудаанд. Илова бар ин, беш аз 4800 ҷинояти хусусияти экстремистиву террористидошта ошкор гардида, дар натиҷа зиёда аз 1500 нафар аъзо ва тарафдорони гурӯҳҳои ифротӣ дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ қашида шудаанд. Аз 63 амали террористӣ ва таҳрибкории дар ҳудуди кишвар ба ҳисоб гирифташуда 40 ҳолати он аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ошкор гардидааст. Танҳо дар давоми се соли охир 82 ҳолати маблағгузории терроризм ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Аз соли 2012 то инҷониб дар кишвар беш аз 5700 ҳолати ҷиноят дар самти муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ба қайд гирифта шуда, аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 31 тонна воситаҳои нашъадор мусодира гардидааст, ки 45 фоизи он ба мақомоти корҳои дохилӣ рост меояд. Солҳои охир дар мамлакат воридот ва истеъмоли ҳабҳои синтетикӣ низ афзуда, ба масъалаи ташвишовар табдил ёфтааст. Танҳо дар соли равон аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 11 ҳазор ҳабҳои синтетикӣ мусодира карда шудаанд. Борҳо таъкид намудам, ки нашъамандӣ ба саломатии мардум ва генофонди миллат таъсири ҷиддӣ расонида, боиси вайрон гардидани оилаҳои ҷавон, таваллуди кӯдакони маъюб ва бадбахтии хонаводаҳо мегардад. Ҳоло зиёда аз 6400 нафар гирифторони чунин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки қисми зиёди онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дигар мақомоту сохторҳои давлатиро зарур аст, ки бо мақсади пешгирӣ кардани нашъамандӣ, роҳҳои воридшавӣ ва паҳн гардидани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ҳабҳои синтетикӣ, алалхусус истеъмоли чунин моддаҳоро дар байни наврасону ҷавонон муайян карда, фаъолиятро дар ин самт ба таври ҷиддӣ ҷоннок намоянд. Ҳозирини гиромӣ! Дар баробари дастоварду пешравиҳо дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ як силсила мушкилоту масъалаҳои ҳалталаб мавҷуданд ва ҳарчанд ки имрӯз ҷашни касбии шумо мебошад, зарур мешуморам, ки бо истифода аз фурсат баъзеи онҳоро зикр намоям. Таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳо ва андешидани чораҳои қонунӣ нисбат ба шахсоне, ки кирдорҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ содир намудаанд, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон, гардиши ғайриқонунии силоҳ, таъмини риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва масъалаҳои дигар вазифаи муҳимми мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ дар даҳ соли охир шумораи содиршавии ҷиноятҳо афзоиш ёфта истодааст. Масалан, агар соли 2008 дар мамлакат камтар аз 12 ҳазор ҷиноят содир шуда бошад, ин рақам соли 2017 зиёда аз 22 ҳазорро ташкил додааст. Танҳо дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ қариб 17 500 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Яъне дар даҳ соли охир шумораи ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда қариб ду баробар афзудааст. Содиршавии ҷиноятҳои вазнин ва дуздӣ зиёда аз ду баробар, ҷиноятҳои бо истифодаи силоҳ содиршуда, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ якуним баробар ва содиршавии дигар намудҳои ҷиноят қариб ду баробар зиёд гардидааст. Дар солҳои 2017-2018 дар роҳҳои кишвар қариб 2300 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 721 нафар ба ҳалокат расида, 2370 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, маъюб шудаанд. Яъне 721 оила мотамзадаву бадбахт шуда, ҳазорон кӯдакон ятим гардидаанд, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоии онҳо ба дӯши давлат меафтад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳодисаҳои бо марг анҷом ёфтани садамаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат Файзобод, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳристон, Хуҷанд, Деваштиҷ, Мастчоҳ, Спитамен, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Кӯлоб, Данғара, Норак, Фархор, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин, Хуросон, Ҷайҳун ва Ёвон ташвишовар буда, зарур аст, ки барои таъмин намудани бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва бартараф намудани камбудиву норасоиҳои мавҷуда аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Дигар масъалаи ташвишовар ҷинояткории ноболиғон мебошад. Агар дар соли 2017 аз ҷониби ноболиғон ё бо иштироки онҳо 690 ҷиноят содир гардида бошад, дар 9 моҳи соли ҷорӣ, аллакай, аз ҷониби онҳо 734 ҷиноят содир шудааст. Солҳои охир содир кардани ҷиноятҳои авбошии ашаддӣ, яъне бо истифода аз корд ва олоти дигар бештар ба мушоҳида расида, задухӯрдҳои гурӯҳии байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва наврасону ҷавонон боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидаанд. Вале дар ҷараёни тафтиши чунин парвандаҳо мақомоти тафтишот на ҳамаи иштирокчиёни ҷиноятро муайян ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашанд, ки ин ҳолат боиси аз ҷавобгарӣ дур мондани ҷинояткорон ва аз нав ба ҷиноятҳои вазнин даст задани онҳо мегардад. Боиси нигаронист, ки бо вуҷуди барои наврасону ҷавонон фароҳам овардани тамоми шароиту имкониятҳои муосир ҷиҳати таҳсил, истироҳату фароғат, ҳунар омӯхтану ба варзиш машғул шудан содиршавии ҷиноят ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб аз тарафи онҳо ҳоло ҳам идома дорад. Яке аз сабабҳои чунин вазъ беназоратӣ, беаҳаммиятӣ ва фориғболии падару модарон низ мебошад. Назорати сусти муассисаҳои таълимӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани машғулиятҳои тарбиявӣ дар мактабҳо омили дигари чунин вазъ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, падару модарон ва зиёиёну фаъолонро зарур аст, ки дар самти пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон мунтазам ва фаъолона кор кунанд ва тамоми чораҳои пешгирикунандаро роҳандозӣ намоянд. Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ низ зарур аст, ки корро дар ин самт пурзӯр намуда, ҳамкориро бо муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон тақвият бахшанд, содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳоро дар байни ноболиғон пешгирӣ намоянд ва ба масъалаи тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ бо масъулияти баланд муносибат кунанд. Солҳои охир зиёд содир гардидани баъзе намудҳои ҷиноят боиси ташвиши ҷиддӣ гардидааст. Масалан, дар даҳ соли охир содиршавии ҷиноятҳои қаллобӣ сеюним баробар ва худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин чордаҳ баробар афзудааст. Ман андешаҳоямро доир ба хатари терроризму экстремизм дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ ва дигар мулоқоту суханрониҳо борҳо таъкид кардаам ва фикр мекунам, ки ҳоҷат ба такрори онҳо нест. Фақат бори дигар таъкид месозам, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба муқобили ин хатар муборизаи қотеъона ва беамон баранд, яъне вазифаҳои хизматии худро поквиҷдонона ва содиқона иҷро намоянд. Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад. Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати баргардонидани шахсоне, ки дар хориҷи кишвар ғайриқонунӣ таълимоти динӣ мегиранд, бояд чораҷӯӣ карда шавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризм ва ҷинояткории муташаккил маблағҳои аз ҳисоби гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва силоҳи оташфишон ба даст овардашуда мебошанд. Бояд гуфт, ки мубориза бо ин намуди ҷинояткорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бахусус, шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Аз ин рӯ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки муборизаро ба муқобили чунин қонунвайронкунӣ минбаъд боз ҳам ҷоннок намоянд. Ҷинояти дигаре, ки ба амнияти ҷомеа хатари ҷиддӣ эҷод мекунад, гардиши ғайриқонунии силоҳ мебошад. Дар як солу нӯҳ моҳи охир аз гардиши ғайриқонунӣ 2182 мил силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира гардидааст. Дар ин давра садҳо ҳолати содиршавии ҷиноят бо истифодаи силоҳи оташфишон, ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳ ба қайд гирифта шудааст. Чунин вазъ нишон медиҳад, ки то ҳанӯз дар дасти баъзе шаҳрвандон ва шахсони ҷиноятпеша силоҳу муҳиммоти ҷангӣ боқӣ мондааст, ки дар ошкор ва дастгир намудани чунин шахсон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла милитсия бояд тадбирҳои саривақтӣ андешанд. Танҳо дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативию ҷустуҷӯӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати як моҳи фаъолияти он аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва шахсони алоҳида зиёда аз 200 мил силоҳи оташфишон мусодира шудааст. Ҳамчунин, дар роҳҳои шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз қабили дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт, бе ҳуҷҷати ронандагӣ, бо шишаҳои сиёҳу хиракардашуда, бе аломати қайди давлатӣ, бо рақамҳои қайди давлатии бегона ва қалбакӣ зиёд мушоҳида мешуданд. Ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бори дигар таъкид месозам, ки ҷиҳати ба таври қатъӣ ба танзим даровардани ҳаракат дар роҳҳо, амалҳои майдаавбошӣ, нашъамандӣ ва майзадагӣ чораҷӯӣ карда, волоияти қонун ва амнияту осудагии сокинони вилоятро пурра таъмин намоянд. Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ аз бисёр ҷиҳат аз сатҳи омодагии касбӣ ва сифатҳои шахсии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вобастагӣ дорад. Вале тавре аз таҳлилҳо бармеояд, то ҳол дар сафи ин мақомот баъзе шахсони тасодуфӣ фаъолият менамоянд. Бахусус, аз ҷониби баъзе кормандон содир гардидани ҷиноятҳои ба мансаби хизматӣ алоқаманд боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад. То кунун ҳолатҳои аз ҷониби баъзе кормандони мақомоти корҳои дохилӣ содир намудани кирдорҳои коррупсионӣ низ аз байн нарафтаанд. Дар давоми солҳои 2017-2018 аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ содиршавии 166 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 113 ҳолати он ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ мебошанд. Ҳолатҳои зикршуда тақозо мекунанд, ки роҳбарони вазорат ва сохторҳои он ба масъалаи интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, сатҳи баланди касбият ва маърифатнокӣ, садоқат ба Ватан, сифатҳои инсонӣ ва вазъи рӯҳиву равонии онҳо эътибори ҷиддӣ зоҳир карда, интихоби кормандонро шаффоф ва тавассути озмунҳо анҷом диҳанд, пайваста аттестатсияи кормандонро гузаронида, ба сафҳои мақомот роҳ ёфтани шахсони тасодуфиро пешгирӣ намоянд. Илова бар ин, то ба ҳол дар фаъолияти кормандони алоҳидаи мақомоти корҳои дохилӣ ҳолатҳои аз қайд пинҳон намудани ҷиноятҳо ҷой доранд, ки чунин вазъ ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон халали ҷиддӣ эҷод менамояд. Аз ҷониби муфаттишону таҳқиқбарандагон ҳолатҳои ғайриқонунӣ боздоштан ва қатъ кардани тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ ва дар ин замина боздоштани идомаи таъқиби ҷиноятӣ низ то ҳол аз байн нарафта, дар давраи як солу нӯҳ моҳ зиёда аз 1300 қарорҳои боздоштану қатъ кардани парвандаҳои ҷиноятии мақомоти тафтишотии милитсия бекор ва тафтиши пешакии онҳо аз нав оғоз карда шуда, 177 парвандаҳои ҷиноятӣ ба суд ирсол гардидааст. Баъзе муфаттишон тафтиши парвандаҳои ҷиноятиро бо вайрон кардани талаботи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ анҷом дода, ба кашолкории беасос ва вайрон намудани муҳлати тафтишу таҳқиқ роҳ медиҳанд. Махсус таъкид месозам, ки чунин вазъ дар фаъолияти сохторҳои тафтишотии ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мушоҳида мешавад. Ҳар яки шумо хуб медонед, ки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба як самти асосӣ – таъмин намудани адолат нигаронида шудааст, яъне ҳеҷ як шахси бегуноҳ ба ҷавобгарӣ кашида нашавад ва ягон шахси гунаҳгор беҷазо намонад. Вале ҳолатҳои зикршуда нишон медиҳанд, ки дар ин самт фаъолияти сохторҳои тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ ҳанӯз ҳам тақвият мехоҳад. Дар ин раванд, ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки дар паси ҳар як парванда инсон ва ҳуқуқу оздиҳои ӯ истодааст. Ҳар як пурсиши ғайриқонунӣ ва дастгиркунии беасос боиси саргардонии на танҳо як нафар, балки аҳли оилаи ӯ ва коҳиш ёфтани эътимоди мардум ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегардад. Фаромӯш набояд кард, ки маҳаки асосии фаъолияти шумо хизмат ба халқ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад. Маҳз барои ҳамин сохтори шумо дар қатори сохторҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ном дорад. Дигар ин, ки вазифаи шумо на фақат оғоз кардани парвандаи ҷиноиву ҷазо додани инсон, балки пеш аз ҳама, фаъолона пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва амалӣ намудани чораҳои пешгирикунанда мебошад. Ҳозирини муҳтарам! Ҷашни милитсияи тоҷик дар рӯзҳое таҷлил мегардад, ки ба яке аз санаҳои таърихии кишвари соҳибистиқлоламон – оғози фаъолияти агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» рӯзҳои башумор мондаанд. Ҳоло мардуми Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз ободиву пешрафти рӯзафзуни кишвар дарк менамоянд, ки ин дастоварди бузург ба шарофати таъмин будани амният, сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва заҳмати аҳлонаи сокинони мамлакат муяссар шудааст. Дар фазои орому осуда, суботи комили сиёсӣ ва тартиботи устувори ҷамъиятӣ баргузор гардидани чунин чорабиниҳо ва татбиқи дигар нақшаҳои созандаи давлату Ҳукумат, ки ба нафъи халқи тоҷик равона шудаанд, аз фаъолияти самарабахши ҳар кадоми шумо, кормандони милитсия вобаста мебошад. Ман ба ақлу заковат, донишу маҳорат, поквиҷдониву садоқат ва ватандӯстиву меҳанпарастии ҳар кадоми шумо бовар дорам ва эътимод дорам, ки шумо, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ минбаъд низ аз иҷрои вазифа ва супоришҳое, ки давлат ва халқи Тоҷикистон дар назди шумо гузоштаанд, сарбаландона мебароед. Бовар дорам, ки ҳар кадоми шумо манфиати давлату миллат ва обрӯи касбии худро муқаддас дониста, ба савганди ёдкардаатон содиқ мемонед ва риояи бечунучарои қонуният ва иҷрои талаботи интизоми хизматиро дар сафҳои мақомот боз ҳам тақвият мебахшед. Дар таҳкими волоияти қонун, ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлолият саҳми арзанда гузошта, ҳомии боэътимоди халқу Ватан будани худро собит менамоед. Бори дигар ҳамаи шуморо бо ҷашни касбиатон табрик гуфта, дар адои вазифаи пуршарафу пурмасъулиятатон ба нафъи давлат ва халқи Тоҷикистони азиз муваффақият орзу менамоям. Ҳамеша хонаободу сарбаланд бошед! |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.