Антибиотикҳо ба мо мутобиқ мешаванд31-10-2018, 10:00
Хабарро хонданд: 696 нафар
Назарҳо: 0
“Устувории микроорганизмҳо ба доруҳои зиддимикробӣ ҳеч сарҳадеро намеписанданд. Дар як қатор кишварҳои Минтақа бештар аз 50 дар сади инфексияҳо аз микроорганизмҳои бемориовар, ки ба дорувориҳои зидди микробҳо устувор мебошанд, пайдо шудаанд”.- ин матлаб чанде қабл зимни баргузории конфронс оид ба ҳафтаи “Умумиҷаҳонии истифодаи дурусти антибиотикҳо” байён гардид. Хотиррасон менамоем, ки санаи 29 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи Душанбе Плаза» вобаста ҳафтаи “Умумиҷаҳонии истифодаи дурусти антибиотикҳо” ҷамъомад баргузор гардид. Дар рафти баргузории чорабинӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии назорати бойтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони ВАО ва дигар шахсони рамсӣ иштирок намуданд. Маврид ба тазаккур аст, ки ҳафтаи “Умумиҷаҳонии истифодаи дурусти антибиотикҳо”, ки ҳамасола аз 13 то 19 ноябр таҷлил мегардад, соли равон ин чорабнинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонтаи санаҳои 12 - 18 ноябр баргузор хоҳад гашт. Мутахассисони соҳа бар он назарнд, ки истифодаи нодурусти антибиотикҳо ба саломатии инсон хатарзо буда, бояд пеш аз истеъмоли он бо духтур маслиҳат намуд. Истеъмоли антибиотикҳо бе таъйиноти тиббӣ устувории зиддимикробии онҳоро метезонад. Инфексияҳое, ки аз микробҳои ба антибиотикҳо устуворбуда ба вуҷуд омадаанд, дорои хусусияти мураккаб буда, табобаташон душвор мебошад. Мубталои чунин сироят будан ба синну сол вобаста нест. Тибқи таҳлилҳои коршинсон дар як қатор кишварҳои Минтақа бештар аз 50 дар сади инфексияҳо аз микроорганизмҳои бемориовар, ки ба дорувориҳои зидди микробҳо устувор мебошанд, пайдо шудаанд. Дар рафти баргузории чорабинӣ гуфта шуд, ки ҷомеаи Тоҷикистон низ аз истифодаи бемаҳдуди антибиотикҳо дар канор набуда, устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳои афзалиятноки соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва инчунин соҳаи кишоварзӣ низ ба шумор меравад. Новобаста аз он ки оид ба ин мушкилӣ маълумотҳои боэътимод, илман собитгашта мавҷуд нестанд, аммо дар бораи ҳодисаҳои зуд-зуд гирифтор шудан ба шакли мутобиқгаштаи сил, шигееллезҳо, салмонеллезҳо дигар, чи дар байни одамон ва чи дар байни ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ далелҳои дақиқ мавҷуданд. Воқеан таи солҳои охир сокинон аз камтаъсир шудани доруҳои зиддимикробӣ шикоят мебаранд, ин дар ҳолест, ки мутахассисони соҳаи тиб аз мутобиқшавии антибиотикҳо ҳушдор медианд. Аммо масъалаи камтаъсир шудани антибиотикҳо ё мутобиқ гаштани онҳо муаммои сарбаста боқи мемонад. Суғдмеҳри Маъруфзод |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.