Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пайрави падар

Пайрави падар

29-10-2018, 08:31
Хабарро хонданд: 205 нафар
Назарҳо: 0
 Пайрави падар
Дар кишвари офтобиамон боз як рӯйдоди муҳими фараҳбахш ба вуқӯъ меояд. 16 ноябр чархаи аввали иншооти бузурги аср — «Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор хоҳад даромад. Ба ин марҳила расидани кор натиҷаи кӯшишҳои шабонарӯзии Сарвари давлат, саъю талоши зиёди мардуми заҳматкаши машғули иҷрои лоиҳаи ин иншоот аст.
Барои Тоҷикистон сохтмони «НБО Роғун» ҳаётан муҳим буда, пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба он вобаста буда, калонтарин дар дарёи Вахш ва инчунин дар Осиёи Марказӣ аст. Сохтмоне, ки соли 1976 оғоз гардидааст, дар ниҳоят имсол баҳрабардорӣ хоҳад шуд.
Матлаби зер дар бораи нафаре аст, ки дар бунёди ин иншоот саҳм дорад ва худ шоҳиди пешрафти корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот мебошад.
Бахтибек Асоев аз ҷумлаи мутахассисони парвардаи ҳамин иншооти бузург аст. Гарчанде ӯ соли 1981 каме поинтар аз ин маҳал, дар деҳаи Орифони ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст, вале ба туфайли касби падараш, ки сохмончӣ буд, бо нону номи Роғун ҳанӯз аз кӯдакӣ ошноӣ дорад.
 Пайрави падар
Падари Бахтибек - Хайрулло Асоев қариб тамоми фаъолияташро дар сафи коргарони ҶСШК «Роғунстрой» дар ҳамин иншоот сипарӣ кардааст. Ӯ аз соли 1978 то соли 2013 коргари майдони ҳарбу зарби ҳамин сохтмон буд.
Худи Бахтибек пас аз хатми мактаби миёнаи №1-и шаҳри Роғун ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дохил шуда, соли 2003 таҳсилро бо ихтисоси муҳандиси роҳҳои автомобилӣ ба поён расонида, бо дипломи таҳсилоти олӣ ба ин сохтмон баргашт.
Чанд муддат муҳандиси шуъбаи истеҳсолии ҶСК «НБО Роғун» ва баъдтар сармуҳандиси ҶДММ «Некзод», ки низ дар ин сохтмон фаъолият мекунад, таъин гардид. Бахтибек аз соли 2013 ба намояндагӣ аз ҲХДТ вакили Маҷлиси халқи шаҳри Роғун интихоб шуда, ҳамзамон ба корҳои истехсолӣ дар пешбурди барномаи ҳизб, ки асоси фаъолияти вакилиаш аст, фаъолона иштирок дорад.
Номбурда дар иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша саҳм мегирад.
Мо дар мавриди иштирок дар кору иҷрои нақшаҳо дар маҳали сохтмони неругоҳ бинобар ҷанбаи ихтисосӣ доштанаш гап намезанем, аммо лозим медонем, ки дар бораи корҳои вобаста ба иҷрои барномаҳои иҷтимоӣ чанд сухан илова намоем.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун дар амалӣ кардани нақшаи тадбирҳо ба хотири сазовор баргузор кардани ҷашну чорабиниҳои расмӣ ва миллӣ маҳз ба фаъолоне монанди Бахтибек такя мекунад. Ӯ ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбие, ки раҳбариашро бар уҳда дорад, ҳамеша дар баргузор кардани чорабиниҳои ҷашнӣ ва идона саҳм гирифта, расонидани кумакҳои хайриявӣ ба оилаҳои ниёзманд ва ёрмандӣ ба ятимонро аз вазифаҳои инсонии худ меҳисобад.
Қобили зикр аст, ки ҳизбиён ба раҳбарии Б.Асоев, аз ҷумла дар арафаи яке аз идҳо хонаи истиқоматии як хонаводаи камбизоатро ба маблағи 32 ҳазор сомонӣ пурра таъмир карда, бо ҷиҳозу анҷомҳои зарурии рӯзгор муҷаҳҳаз намуда, ба соҳибаш супориданд, ки боиси хурсандии ин оила ва панҷ фарзанди онҳо гардид.
Имрӯзҳо ин фаъоли ҳизб ва вакили ҷавони маҷлиси шаҳрӣ барои дар сатҳи баланд ба иҷро расонидани корҳои нақшавӣ дар сохтмони бузурги аср -НБО Роғун инчунин дар иҷрои лоиҳаҳои марбут ба ободонии шаҳр низ ҳиссагузор аст.
Яке аз лоиҳаҳои бахши ободонӣ барои фароҳам кардани шароиту имкони ҷалби ҷавонон ба варзиш ва баланд бардоштани сатҳи солимии сокинон равона шудааст. Дар шаҳри Роғун тарҳҳои вобаста ба такмили шароити тарбияи варзишии ҷавонону наврасон бо мақсади пешгирӣ аз гаравидани онҳо ба ҳаргуна ҷараёнҳои номатлуб ва дур буданашон аз амалҳои ношоиста бо кӯшишу ҷаҳди фаъолони ҲХДТ, ба мисли Бахтибек ба иҷро мерасанд. КИ ҲХДТ то имрӯз 2 майдончаи варзишӣ барои кӯдакон ва наврасон, як майдончаи варзишӣ барои ҷавононро сохта ба истифода дода, инчунин дар бунёди ду гулгашт саҳмгузор мебошад.
Ҳоло Бахтибек Асоев вазифаи директории генералии ҶДММ «Нур-81» - ро ба уҳда дорад ва ба ташкилоти ибтидоии ҲХДТ раҳбарӣ мекунад. Ташкилоти ибтидоии « Нур-81» дорои 45 нафар аъзо буда ва бештарашон ҷавонон ҳастанд.
Мо ба сарварони фаъоле монанди Бахтибек бовар дорем ва аз корашон фахр мекунем. Албатта номи чунин шахсон ҳамзамон бо бунёд шудани НБО «Роғун», бешубҳа дар таърихи шаҳр ва ҷумҳурӣ низ сабт хоҳад шуд.
Махфират Давлатзода,
раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: