Ободонию шукуфоии пойтахт мароми мост!29-10-2018, 07:58
Хабарро хонданд: 269 нафар
Назарҳо: 0
Дар асоси барқияи электронии Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 16 – уми октябри 2018 таҳти №24 ҷиҳати сазовор истиқбол намудани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо ҷалби аъзоёни фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва кормандони масъули ҳизбӣ баҳри ободу зебо гардонидани кӯчаву хиёбон, гулгашту атрофи биноҳо шанбегии дастаҷаъмона баргузор намуданд. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия баҳри ободонии гулгашти корхона ҷамъ омада, ҷӯйбору роҳравҳо ва бехи дарахтони сояафканро аз ҳаргуна алафҳои бегона ва партовҳо тоза намуданд. Ҳамзамон, замини назди ҳавлигии бино ва бехи дарахтонро нарм карданд. Чунин шанбегиҳои дастаҷаъмона бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбанд. Мавриди зикр аст, ки шаҳри Душанбе дар як муддати хеле кӯтоҳ бо иқдомҳои накӯи созандагиву бунёдкории шаҳрдории Душанбе симои худро ба куллӣ дигар карда истодааст. Дар идомаи тадбирҳои созандагии роҳандозигардида кулли сокинони пойтахтро лозим аст, ки саҳми худро дар ободонию шукуфоии пойтахт гузоранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.