Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Симпозиуми Мавлоно Равандҳои ҷаҳонӣ ва андешаҳои ҷовидонӣ

Симпозиуми Мавлоно Равандҳои ҷаҳонӣ ва андешаҳои ҷовидонӣ

24-10-2018, 08:47
Хабарро хонданд: 588 нафар
Назарҳо: 0
Симпозиуми Мавлоно  Равандҳои ҷаҳонӣ ва андешаҳои ҷовидонӣ
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба зодрӯзи мутафаккири барҷаста Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Симпозиуми байналмилалии «Мавлоно — васлгари халқҳо ва тамаддунҳо» баргузор шуд. Он аз тадбирҳое аст, ки дар доираи чорабиниҳои бахшида ба зодрӯзи мутафаккири барҷаста Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд. Дар симпозиум масъалаҳои «Мавлоно ва мавлавишиносӣ дар Осиёи Марказӣ», «Мавлавишиносӣ дар Туркия», «Нақш ва мақоми Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар густариши фарҳанги мадоро дар ҷаҳон», «Масъалаҳои рӯзгор ва осоршиносии Мавлоно», «Андешаву афкори фалсафӣ, ахлоқӣ ва эстетикии Мавлоно», «Маснавии маънавӣ ва нақши он дар адабиёт ва фарҳанги ҷаҳон», «Мавлоно ва ҷаҳони муосир» тайи ду рӯз мавриди баҳс буд.
Ин ситораи тобноки олмаи адабу фалсафа дар Тоҷикистон ҳам ҷойгоҳи хос дошта, мо осорашро бахше аз мероси адабӣ ва миллии худ мешуморем. 800-солагии Мавлоноро мо соли 2007 дар сатҳи баланд ва бо иштироки донишмандони шинохтаю мавлоношиносон бо баргузории як ҳамоиши байналмилалӣ ҷашн гирифтем.
Симпозиумро Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ оғоз бахшида, гуфт: «Шахсият ва осори ин мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё ҳамчун ганҷинаи пурасрор шинохта шуда, муҳаққиқону ҳаводорони зиёдро ба худ ҷалб кардааст. Аз ин сабаб, баргузор намудани чунин ҳамоишҳо барои таҳқиқу омӯзиши Мавлоно ва осори гаронарзишу гуногунмавзӯи ӯ муҳим ва ба манфиат аст».
Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ Низомиддин Зоҳидӣ иброз дошт, ки Мавлоно дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза ба дунё омада, бештари ҳаёти худро дар Туркия ба сар бурдааст. Зодрӯзи ӯ ҳамасола 30 сентябр дар Тоҷикистон ва посдории хотири ӯ бо ташкили «Рӯзи Мавлоно» дар моҳи декабр дар Туркия ба ҳукми анъана даромада, ба рамзи дӯстиву қаробати маънавии мардумони Тоҷикистону Туркия табдил ёфтааст. Ин Симпозиум низ дар таҳкими ҳамкории фарҳангии ду кишвари дӯст нақши худро хоҳад гузошт.
Номбурда ёдовар шуд: «Мавлоно дар ду даҳсолаи ахир, ба эътирофи муҳаққиқони Ғарб, яке аз пурхонданитарин шоирони ҷаҳон дар Амрико маҳсуб мешавад. Тарҷумаи асарҳои Мавлоно ва китобҳо роҷеъ ба рӯзгор ва осори ӯ пайваста бо шумораи зиёд нашр ва харидорӣ мешаванд. Фикр мекунам ин ба се омил вобастагӣ дорад: ба шахсияти хориқулодаи адабу ирфон будани Мавлоно, посухгӯи ниёзҳои маънавиву ахлоқии имрӯзу фардои инсоният будани олами андешаҳои ин орифи бузург ва рӯҳияи башардӯстонаю моҳияти инсонгароёна доштани осори Мавлоно».
Ноиби президенти Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) Сурейя Эр изҳор дошт, ки шахсияти Мавлоно ва осори нотакрори ӯ кайҳо марзҳоро убур кардаву ба мероси ҷаҳонӣ табдил ёфтааст: «Дар Туркия ба шахсият ва олами тафаккури Мавлоно эҳтироми зиёд доранд. Оромгоҳи Мавлоно дар Қуния ба зиёратгоҳи хурду бузург табдил ёфтааст».
Мавсуф зикр кард, ки баргузории сипозиум яке аз тадбирҳоест, ки ин Агентӣ дар Тоҷикистон доир мекунад ва бо оғоз аз соли 1992, яъне аз замони фаъолияти созмон аз Осиё то Аврупо, аз Балкан то Америка солона садҳо тарҳҳои хурду бузург бо мусоидати он дар бахшҳои мухталиф, илм, сохтмон, тандурустӣ, кишоварзӣ омӯзиш ва фарҳанг ба иҷро мерасанд.
… Қуръоне ба лафзи паҳлавӣ
Дар ҷаласаҳои ҳамоиш аз Абдураҳмони Ҷомӣ ҳам ёдоварӣ гардид, ки бо арҷгузорӣ аз Мавлавии Балхӣ навиштааст:
Ман намегӯям, ки он олиҷаноб
Ҳаст пағамбар, вале дорад китоб.
«Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ
Ҳаст Қуръоне ба лафзи паҳлавӣ.
Профессор Аднан Караисмоилоғлу аз Донишгоҳи Кириккаллеи Туркия бо гузорише дар мавриди ҷойгоҳи Мавлоно дар олами адаби ин кишвар навишт, ки «Маснавии маънавӣ» ҳосили пурбортарин даврони умри шоир аст. Чун беш аз 50 сол дошт, ки ба навиштани ин китоб оғоз намуд. Аҳамияти Маснавӣ натанҳо ба ин далел аст, ки аз ҷумлаи қадимтарин осори мондагори форсист, балки ба он сабаб низ мебошад, ки барои башари дар ҳоли ҳайронӣ ва раҳгумзадаи имрӯз паёми раҳоиву ворастагӣ аз бунбастҳоро дорад. Ин китоб танҳо як дастури орифона ва назарӣ нест, балки китобе аст фаротар аз он чи мепиндорем.
Тавре худи шоир фармудааст: «Маснавиро ҷиҳати он нагуфтаам, ки онро ҳамоил кунанд, ё зери по ниҳанду ба осмон раванд. Маснавӣ меъроҷи ҳақоиқ аст, на онки (чу) нардбон ба дӯш бигиранд ва шаҳр ба шаҳр бигарданд».
Ба пиндошти муҳаққиқ «Агар бихоҳем маҷмӯаи азим ва пурбори бистушаш ҳазорбайтии Маснавии маънавӣ»-ро кӯтоҳ хулоса кунем, ба ҳамон 18 байте мерасем, ки сароғози дафтари аввали он аст ва ба «Найнома» шуҳрат ёфтааст:
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад…
Ин «най»ҳамин худи Мавлоност, ки ба унвони як инсони огоҳ ва ошно бо ҳақоиқи олами маъно, худро асири ин ҷаҳон моддӣ мебинад ва аз костагиҳои он «шикоят мекунад», ки чаро рӯҳи озодаи ӯ аз «найистон»-и олами маъно бурида шуд.
Дар Маснавӣ ва ҳам дар Девони Шамс борҳо худ, яъне инсони огоҳро ба най ва чанг ташбеҳ додааст:
Мо чу чангему ту захма мезанӣ…
Мо чу нойиму наво дар мо зи туст…
Абдуқаюми Кавим аз Донишгоҳи Таҳори Афғонистон бо ироаи маърӯзае дар мавзӯи «Такрор дар ашъори Мавлоно» такрорбаёниро аз ҳунарҳои писанди шоир донист. Агарчи гоҳе ин такрорҳо берун аз иродаи шоир ва хориҷ аз вазни шеър ҳам баён шуда, аммо ҳамон калимаҳои такрор низ маъноеро дар худ ифода мекунанд.
Ба андешаи ин донишманд, такрорҳо дар назми Мавлоно бо ҳифзи мусиқият баён шуда, ҳарчанд шеър нестанд, вале барҷаста аз даруни мусиқии маънавӣ ва ҷӯшида аз он аст, ба ин намуна:
Бишнав зи ман ярлӣ, ярлӣ,
Ҳар дам занам тани танин,
Ярлӣ ялӣ, ярлӣ ялӣ.
Соқӣ бинӯш он ҷоми май,
Ярлӣ ялӣ, ярлӣ ярлӣ,
Мутриб бигӯ, бо овози най:
Ярлӣ ялӣ, ярлӣ ялӣ…
Ё: Ай ёри ман, ай ёри ман, ай ёри безинҳори ман.
Ай дилбару дилдори ман, ай маҳраму ғамхори ман.
Ай дар замин моро қамар, эй ними шаб моро саҳар.
Эй дар хатар моро сипар, эй абри шакарбори ман…
Ба пиндошти ин донишманд, дар ҳамаи ашъори Мавлоно ва ба хусус дар ин намунаҳо чанд мусиқӣ ниҳон аст: Мусиқии маънавӣ, мусиқии дохилӣ ва ҳам мусиқие, ки хоси назм ва шеър аст.
Ғазали машҳури «Пир манам, ҷавон манам», низ ҳамин навъ фалсафаро дорад ва як сабаби то ба имрӯз аз абёти писандидаи овозхонҳо дар кишварҳои мухталиф будан ҳам шояд дар ин аст.
Мавлавӣ – марди некмаҳзар
Пушти минбару саҳни ҳамоиш маҳали ёдоварӣ аз рӯзгори рангини ин шахсияти пуровоза ҳам буд.
Дар Қуния Мавлавӣ ному овозаи баланд дошт, бо вуҷуди ин як марди бетакаллуф, сода ва некмаҳзар буд. Бештар бо дарвешону пешаварон шинухез дошт ва дар муносибат бо муҳташамон густоху бепарво буд. Либоси содаи сӯфиёна мепӯшид, дар маҷлиси ӯ аз ҳар дастаи мардум роҳ доштанд. Ҳатто як тарсои маст метавонист дар самоъи ӯ ҳозир шавад ва шӯру арбада кунад. Дар бурдбориву шикебоӣ ҳавсалаи каммонанд дошт.
Нақл мекунанд, боре як толибилм, ки бо сӯфия душманӣ дошт, дар сарои ҷамъ бо вай гуфт: «Аз Мавлоно нақл кунанд, ки ҷое гуфтааст «ман бо ҳафтоду се мазҳаб якеам», оё ин суханро Мавлоно гуфтааст?», гуфт: «Оре, гуфтаам». Он мард забони таън бигшод ва Мавлоноро дашном дод. Мавлоно бихандид ва гуфт: «Бо ин низ, ки ту мегӯӣ, якеам». Якрангиву сулҳҷӯии ӯ то бад-ин ҳадд буд ва бо ринду зоҳид ва габру тарсо чунин мезист.
Дар осори таърихӣ омадааст, ки дар ҷимодиюлохири соли 672-и ҳиҷрӣ (декабри соли 1273 мелодӣ) чун дар поёни беморие Мавлоно даргузашт, Қуния дар он рӯз яхбандон буд. Сели пурхурӯши мардум, пиру ҷавон, мусалмон ва габр, масеҳӣ ва яҳудӣ ҳама дар ин мотам ширкат доштанд. Шоҳидон баъдан бо сӯзу гудоз навиштанд, ки “40 шабонарӯз азо ва сӯг барпо буд”.
Чунин буд рӯзгору марги шахсияте, ки имрӯз бо гузашти зиёда аз 800 сол аз умраш ҳам китоби ашъори ӯ дар Аврупо ва Америка аз пруфуруштарин ва пурхонандатарин аст.
Пас аз маросими расмии Симпозиум иштирокчиён намоишгоҳи нусхаҳои қадимӣ ва хаттотӣ дар васфи ҳазрати Мавлоноро, ки дар саҳни китобхона барпо буд, тамошо карданд.
Дар ҳамоише, ки 19-20 октябр давом кард, дар он олимону муҳаққиқон ва донишмандон аз давлатҳои Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон, Эрону Афғонистон ва Германия иштирок доштанд, ин андеша ҳам ба такрор садо дод, ки имрӯз ҳам Мавлавӣ бо андешаҳои башардӯстонаи худ ба равандҳои ҷаҳонӣ таъсир мегузорад. Ҳамин ҷаҳоне, ки инсоният гирифтори мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ аст.
Мавлавӣ муътақид аст, мо ҳама “баргҳои як дарахт ҳастем” ва ҳар кадоме аз мо “барои васл кардан омадем”. Ӯ нафарест, ки миллатҳо ва фарҳангҳоро аз ҳам ҷудо намекунад в ҳамаро бо якдигар пайванд медонад, ҳамон гуна, ки худи ӯ дар рафтору гуфтораш буд.
Солеҳ Юсуф
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: