![Орифи бузург Орифи бузург](/uploads/posts/2017-10/thumbs/1507178273_37422596856_d2404e5e9b_z.jpg)
Панҷ. Ба ифтихори бузургдошти рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар толори муассисаи таълиии №2 ноҳия бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» ва фаъолони ноҳия конференсия илмӣ-адабӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ доир ба фаъолияту эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ маърӯзаҳо шунида шуд. Хонандагон аз ашъори ин нобиғаи илму ирфон порчаҳои шеърӣ қироат намуданд ва дар охир аз ҷониби ҳунармандони ноҳия баромади хуби фарҳангӣ намоиш дода шуд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ зодаи Тоҷикистон буда, пас аз ҳиҷрати якумра дар шаҳри Рум шуҳратёр гардидааст.
Аз соли 2008 инҷониб бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 сентябр ҳамасола Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар кишварамон таҷлил карда мешавад.
Холов Диловар
ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар н.Панҷ.