Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ҶОМӢ-ОФТОБИ НУРОНИИ ИЛМУ АДАБИ ҶАҲОНӢ

ҶОМӢ-ОФТОБИ НУРОНИИ ИЛМУ АДАБИ ҶАҲОНӢ

27-10-2016, 09:31
Хабарро хонданд: 445 нафар
Назарҳо: 1
ҶОМӢ-ОФТОБИ НУРОНИИ ИЛМУ АДАБИ ҶАҲОНӢ


Андешаҳо дар бораи ақидаҳои тарбиявӣ ва ватанпарастии Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ.

Бо шарофати соҳибистиқлолии Ватани азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон ҳарчӣ бештар ба таъриху фарҳанги оламгири ниёгони хирадманди худ ошно мегардад. Маҳз бо ташаббусу пешниҳоду дастгирии Президенти Тоҷикистон Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илму фарҳанг-ЮНЕСКО соли 2014-ро соли бузургдошти яке аз нобиғаҳои илму адаби тоҷик ва порсигӯёни ҷаҳон Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ эълом дошт ва дар ҳамин сол аҳли олам 600-солагии ин марди хирадро, ки дар ташаккулу рушди тамаддуни башарӣ саҳми босазое гузоштааст, бо шукуҳ таҷлил намуданд.
Муттафаккири бузурги асримиёнагии тоҷик Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ 8- уми моҳи шаъбони соли 817 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 7-уми ноябри соли 1414-уми милодӣ дар Ҷом ном мавзеи Хуросон ба дунё омадааст. Падару бобояш ӯро дар хурдсолӣ ба Ҳирот оварданд. Таҳсили ибтидоии ӯ дар назди падараш Низомиддин Аҳмад мегузарад ва дар як муддати кӯтоҳ Нуриддини хурдсол босавод мегардад. Ӯ ба ғайр аз забони модарии худ ба забонҳои арабӣ ва туркӣ ҳам ба хубӣ ҳарф мезад.
Мавлоно Ҷомӣ баъдҳо дар бораи таҳсили ибтидоиаш дар назди падар ишора карда гуфта буданд: «Мо ба ҳақиқат шогирди падари худем, ки забон аз вай омӯхтем».
Баъди таҳсил дар мадрасаи машҳури «Низомия»-и шаҳри Ҳирот Ҷомӣ барои такмили дониши худ ба Самарқанд меравад. Дар ин ҷо ӯ ба илмомӯзӣ машғӯл шуда, пас аз нӯҳ сол ба Ҳирот бармегардад. Дар ин муддат бо хушзеҳнӣ, вусъати доираи назар ва дониши худ диққати аҳли илми Самарқанду Ҳиротро ба худ ҷалб намуда, ангуштнамои арбобони фазлу дониш гардида буд. Оиди ин мавзӯъ ҳамзамони Ҷомӣ, шоири маъруфу ҳунарманди тоҷик Камолиддин Биноӣ (1453-1512) гуфтааст:
Шуд чунон дар камол комили даҳр,
Ки кас аз зумраи афозили шаҳр.
Пеши ӯ як сухан намеёрост,
Чӣ сухан, дам задан намеёрост.
Буд ӯ меҳру дигарон зарра,
Буд ӯ баҳру дигарон қатра.
Соҳибдавлатони он замон чандин бор Мавлоно Ҷомиро ба мансабҳои давлатӣ таклиф кардаанд, вале ӯ қабул намекард. Ҷомии хирадманд дар пеши дари маҳкамаи давлатие, ки ҳукмронаш бегонагон буданд, даст бар сина истода итоат кардан ё дар қатори онҳо буданро ба худ раво намедид. Баръакс, хонаи ӯ «қибла»-и ҳокимони давр буд, чунки онҳо ниёз ба фитрату бузургии Мавлоно доштанд:
Қиблаи аҳли ҷоҳ хонаи ӯ,
Ҳамаро сар бар остонаи ӯ.
Хоҳ шоҳи ҷаҳону хоҳ вазир,
Хоҳ садри замону хоҳ амир.
Бо адаб рӯзу шаб-гаҳу бегоҳ,
Будӣ ӯро мулозими даргоҳ.
Ҳамин тавр Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ба хотири зинда мондани миллату забони тоҷикӣ-порсӣ ҳаёти худро то охирин дами умраш ба таълифи осори илмӣ ва шеъру адабиёт мебахшад.
Дар Самарқанд Мавлоно Ҷомӣ бо пайравони тариқати сӯфияи нақшбандӣ, ки дар он давра дар Осиёи Миёна хеле равнақ ёфта буд, шиносоӣ пайдо кард ва ба ин тариқат пайваст.
Нақшбандия яке аз тариқатҳои ба аҳкоми асосии ислом наздиктари тасаввуф буда, асосгузораш Баҳоуддини Нақшбанд мебошад ва Мавлоно Ҷомӣ дар ин хусус гуфтааст:
Аз нақши худиву худписандӣ,
Моро бирасон ба Нақшбандӣ.
Ин тариқат аз пайравонаш бо меҳнати ҳалоли худ зиндагонӣ кардан, доимо бо халқ ва дар зикру ибодат ва аз худнамоӣ ва зоҳиророӣ дур буданро талаб мекард. Дар ин бора Пешвои муаззами миллату ҳизб Эмомалӣ Раҳмон дар китоби арзишманди худашон «Дин ва ҷомеа» ёдовар шуда мегӯянд: «Имрӯз бояд аз пешвоёни тариқати Ислом ва тафсиргарони баландпояи Қуръони азимушшаън Имом Бухорӣ, Имом Ғаззолӣ, Баҳоуддини Нақшбанд, Шоҳи Хомӯшу Мир сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Яъқуби Чархиву садҳо ҳамзабонону ҳаммиллатони худ ибрат омӯзем ва ёд кунем. Ин абармардон рисолати Исломро таъбиру тафсир дода, дар расму суннати Ислом зӯроварӣ он тараф истад, ҳатто беҷо озор додани мӯрчаеро кори носавобу гуноҳи азим медонистанд».
Агарчӣ Ҷомӣ тамоми ҳаёт ва эҷодиёташро ба хизмати халқ равона кардаву аз нафъи худ гузаштанро вазифаи инсониву имонӣ мешумурда бошад ҳам, мутаасифона дар он замон пешвоёни ин тариқат баъзан касоне буданд, ки порсоӣ ва сӯфигиро барои гирд овардани сарват, барои ба ғафлат андохтан ва боз ҳам зиёдтар истисмор кардани халқ восита ва ниқобе қарор дода буданд. Бесабаб нест, ки Ҷомӣ аз диди сӯфиёнаи худ бо ҳамин гуна шайху зоҳидоне, ки қаламрави давлати темуриёнро мисли занбӯрхона пур карда буданд, мубориза мебурд. Дунёпарастӣ ва мансабталабии онҳоро фош ва бо овози баланд ба ҳама эълон мекард ва мегуфт:
Ҳазар аз сӯфиёни шаҳру диёр,
Ҳама номардуманду мардумхор.
Корашон ғайри хобу хӯрдан не,
Ҳеҷашон фикри рӯзи мурдан не.
Ва дар ҷои дигар Ҷомӣ мегӯяд:
Фиғон зи аблаҳии ин харони бедуму гӯш,
Ки ҷумла шайхтарош омаданду шайхфурӯш.
Шаванд ҳар ду-се рӯзе муриди нодоне,
Тиҳӣ зи дину хирад, холӣ аз басирату ҳуш.
Нигоҳ дор, худоё, мудом Ҷомиро,
Зи шарри зарқи риёпешагони азрақпӯш.
Эҳтимол аз ҳамин хотир бошад, ки Мавлоно Ҷомӣ аз пушти чунин шайху зоҳидон иқтидо кардану намоз гузоштани мардумро раво намедид:
Шуд рӯйи дӯст қиблаи мо, ку имоми шаҳр,
То дар намози хеш ба мо иқтидо кунад.
Ҷомӣ бимир дар ғами ёре, ки баҳри ӯ,
Гар сад ҳазор бор бимирӣ, киро кунад.
Ба ҳар ҳол Мавлоно Ҷомии хирадманд худро таскин дода нидо мекунад, ки:
Шукри Худо, ки шайх наям, шаҳзода ҳам,
В-аз мункирони гӯлу муридони содда ҳам.
Вале ҳамзамон Ҷомӣ аз донишу хирадмандии аҷдодони олигуҳари худ, аз ҷумла Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ифтихор дошт:
Он Фаридуни ҷаҳони маънавӣ,
Бас бувад бурҳони зоташ «Маснавӣ»
Ман чӣ гӯям васфи он олиҷаноб,
Нест пайғамбар, вале дорад Китоб.
«Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ,
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ
Дар замони худ Мавлоно Ҷомӣ расман пайрави мазҳаби суннӣ буда, ҳамзамон ба пешвоёни бузурги мазҳаби шиа низ ихлос ва эҳтироми комил доштааст. Вале ҳокимони давр барои дар миёни пайравони ин ду мазҳаби ислом пайдо шудани низоъ манфиатдор буданд ва барои шиддат ёфтани он мусоидат мекарданд. Мутаасифона дар замони Ҷомӣ ҳам чунин низоъу кашмакашҳои мазҳабӣ сар мезаданд, ки нигарониву нафрати ин олиму адиби бузургро меоварданд:
Эй муғбачаи даҳр, бидеҳ ҷоми маям,
К-омад зи низои шиаву суннӣ қаям.
Гӯянд, ки Ҷомиё, чӣ мазҳаб дорӣ?
Сад шукр, ки сагсуннию харшиӣ наям.
Ҷомӣ пардапӯшона бошад ҳам ҳаммилллатони худро ҳушдор месохт, ки аз кадом қавм будани аҷдоди тамаддунсози худро фаромӯш накунанд:
Қавме ба гуфтугӯ, ки оғози мо чӣ буд,
Ҷамъе ба ҷустуҷӯ, ки анҷоми мо кадом?
Мавлоно орзӯ дошт, ки миллати тоҷик дар ваҳдату якдигарфаҳмӣ зиндагиву барои соҳибистиқлолию озодӣ талош варзад, то аз дасти «хасм» бисоташон холӣ нагардад:
Ҷомӣ маоду мабдаи мо ваҳдат асту бас,
Мо дар миёна касрати мавҳум, ва-с-салом.
Мансубаи халосии худ соз пеш аз он,
К-аз дастбурди хасм шавад холӣ ин бисот.
Эҳтирому муҳаббати Ҷомӣ ба онҳое, ки бо ранҷи даст ва арақи ҷабин зиндагонии худу дигаронро таъмин мекунанд, хеле самимӣ ва баланд аст. Ӯ хусусан деҳқониро ҳалолтарин ва дар маҷмӯъ фоиданоктарин машғулияти замони худ мешуморад:
Қуввати ҷону тан зи деҳқон аст,
Қӯти рӯҳу бадан зи деҳқон аст.
Гар наёбад ҷаҳон зи деҳқон баҳр,
Қаҳт хезад зи корхонаи даҳр.
Дар назари Ҷомӣ дасти аз меҳнат обиладори деҳқон чун соғари роҳат метобад:
Соғари роҳат бувад аз касб бар каф обила,
Вақти он кас хуш, ки роҳатёфта з-ин соғар аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ дар замоне умр ба сар мебурд, ки миллати тоҷик бо ҳама тамаддунофариаш, бо ҳама бузургону нобиғаҳояш, ба монанди худи Ҷомӣ, аз давлатдорӣ маҳрум буд, яъне давлати соҳибистиқлол надошт. Ва мусаллам аст, ки дар чунин шароити тоқатфарсое, ки темуриён ба сари мардум оварда буданд, Мавлоно Ҷомӣ ҳамчун як инсонпарвар баландии қадру мартабаи одам ва бузургвории инсони ранҷбари эҷодкорро, ки аз хоссатарин хислатҳои миллати тоҷик ҳисоб меёбанд, васф мекард. Ӯ таъкид медошт, ки инсонҳо бояд дастгири ҳамдигар бошанд, ҳама вақт ва дар ҳама ҷо ба якдигар хайрхоҳӣ ва ғамхорӣ намоянд, барои осудагӣ ва хушбахтии якдигар кӯшиш ба харҷ диҳанд:
Шамъ шав, шамъ, ки худро сӯзӣ,
То бад-он базми касон афрӯзӣ.
Барои Ватану миллат ҳамчун шамъ сӯхтану роҳафрӯзӣ кардан ин худ як даъватест, як ишораест аз ҷониби Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, ки барои бедории мардум, ба хотири ба даст овардани озодиву соҳибистиқлолӣ равона шудаанд. Мавоно Ҷомӣ зулму истибдоде, ки темуриёни давр ба сари халқ оварда буданд ба чашми худ медиду оҳи дилаш чун шӯъла аз ҷигараш берун мешуд, чун шамъ месӯхту роҳу қалби ҳаммилатонро рушан мекард:
Оташ ба ҳафт чарх занад барқи оҳи ман,
Гар ним шуъла з-ин ҷигари оташин барад.
Ҷомӣ хаёли ҳоли ту бо худ ба хок бурд,
Чун мӯр дона ёфт, ба зери замин барад.
Воқеан, Мавлоно Ҷомии бузург наметавонист, ки дар замони темуриёни ҷоҳил, ки дар сарзамини аҷдодии мо соҳибдавлату ҳукмфармо буданд, кушоду равшан мардумро аз орзуву ормони худ ҷиҳати Ватану давлати соҳибистиқлол доштан бохабар ва онҳоро ба муборизаи озодихоҳӣ даъват кунад. Аз ҳамин лиҳоз ин «хаёл»-и некӯи худро ва сухани бузурги ногуфтаи худро оиди Ватану ватандории миллӣ, озодиву соҳибистиқлолӣ, ба хок мебарад. Бо ҳамин маънӣ Ҷомӣ гуфтааст:
Фироқи бекасӣ як сӯ бувад доғи Ватан як сӯ…
Ҳамчунин дар достони «Хирадномаи Искандарӣ» Ҷомӣ нопойдории давлатдории Искандари Мақдунии истилогарро барои ҳамватанонаш таъкид карда мегӯяд:
Ки миронд ин шаҳ басе зиндаро,
Ки молик шавад мулки пояндаро.
Фурӯ шуд сари ӯ дар ин саргузашт,
Ба марги касон марги ӯ барнагашт.
Чунон рафт, ки аз вай асар ҳам намонд,
Асар худ чӣ бошад? Хабар ҳам намонд.
Дар ҷои дигар Ҷомӣ аз тороҷу истилогарии Чингизхон ёдовар шуда хитоб кардааст:
Чингиз, ки буд гурги ин дашт,
В-ин дашт зи гургиаш тиҳӣ гашт.
Шояд дар ин мисраҳо низ Мавлоно Ҷомӣ пардапӯшона бошад ҳам мардуми тоҷикро барои мубориза, ба хотири соҳибистиқлолӣ, даъват карда бошад. Дуруст аст, ки Ҷомӣ хатарнокии ин амалро дар он замони пурфоҷиаи миллат ба хубӣ дарк мекард:
Зери ҳар санг фитодаст сари сарҳанге,
Пурдиле ку, ки аз ин роҳи хатарнок равад.
Хушбахтона танҳо 25 сол пеш ин ормони Мавлоно Ҷомӣ мисли орзуву ормони ҳазорсолаи миллати тамаддунофари тоҷик, бо гузашти садсолаҳо дар сурати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони азизу маҳбубамон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшид.
Тарғиби илму дониш, раҳоӣ аз нодониву ҷаҳолат ва касбу ҳунаромӯзӣ аз мавзуҳои асосии ашъори Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҳисоб мераванд:
Нахуст аз касби дониш баҳравар шав,
Зи ҷаҳлободи нодонон бадар шав.
Бувад маълуми ҳар озоду банда,
Ки нодон мурдаву доност зинда.
Ҷомӣ дар осораш, хусусан дар маснавиҳояш бисёр масъалаҳои муҳими омӯзиш ва тарбияро ба миён гузоштааст. Ҷомӣ дар сифати фарзанди худ ба ҷавонон хитоб карда мегӯяд:
Гирдоби талаб васеъу дур аст,
Дарёи улум дуру ғур аст.
Қонеъ нашавӣ ба ҳар чӣ ёбӣ,
Аз хуб ба хубтар шитобӣ.
Аз диди Ҷомӣ дониш албатта бояд ба амал тадбиқ шавад, вагарна пучу бемаъност. Панд шунидан хубаст вале барои зиндагӣ кофӣ нест, инсон бояд аз илму дониш низ баҳраманд бошад ва ҳар пандеро аз нуқтаи назари дониш санҷида, онро бошуурона ба кор барад:
Шунав панду дониш ба он ёр кун,
Чу донистӣ, он гаҳ ба он кор кун!
Хеле рамзӣ мебошад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илм ба олимону муҳаққиқони ватанӣ ҳидоят доданд, ки: « Ягона тақозои давлат аз олимону муҳаққиқон ин аст, ки илмро ҳамқадами замон созанд. Ба ибораи дигар, илм бояд ба халқ хизмат кунад ва ба пешрафти давлат мусоидат намояд».
Баркамолии инсон дар назари Ҷомӣ бо миқдори вазифаву моли вай не, балки бо ҳунару бо кору амалҳои вай санҷида мешавад:
Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест,
Ганҷ дар пеши ҳунар чизе нест.
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз худ осори илмӣ ва адабии зиёде ёдгор гузоштааст. Асарҳои ӯ, ки ҳамзамононаш адади онҳоро аз 37 то 45 донистаанд, масъалаҳои гуногуни илмҳои замони вайро дарбар мегиранд. Девони «Фотиҳат-уш-шубоб», достонҳои «Ҳафт авранг», девонҳои «Воситат-ул-иқд», «Хотимат-ул-ҳаёт» ва «Баҳористон», рисолаҳои илмии «Рисолаи қофия», «Рисолаи арӯз», «Рисолаи мусиқӣ», «Нафаҳотал-унс», мактуботу руқаот, китобҳои сарфу наҳв, «Чиҳил ҳадис», «Шавоҳид-ун-нубувват» аз ин ҷумлаанд. Мартабаи баланди илмиву донишмандии Ҷомиро Камолиддини Биноӣ чунин баҳо додаст:
Ҷомӣ он офтоби нуронӣ,
Он мунаввар ба нури субҳонӣ.
Лоҷарам илми қолию ҳолӣ,
Кард ҳосил ба ҳиммати олӣ.
Буд аз чил зиёда таснифаш,
Рӯ дар эҷоз карда таълифаш.
Ҷомӣ дар баробари рисола ва шарҳҳое, ки оид ба масъалаҳои динӣ ва тасаввуфӣ навиштааст, оид ба мусиқӣ, адабиётшиносӣ, масъалаҳои шакл ва санъати назм асарҳои муҳими илмӣ дорад. Ӯ чун як хирадманд ва тарғибкунандаи илму ҳунар ба осон кардани таълими китобҳои дарсии замонаш кӯшиш ба харҷ додааст. Шарҳе, ки ӯ ба наҳви забони арабӣ навишт ва ба номи «Шарҳи Мулло» машҳур аст, ҳанӯз ҳам яке аз мӯътабартарин китобҳои дарсии забони араб ба шумор меравад.
Албатта хеле аламовар ва боиси таасуф аст, ки чунин як нобиғаи илму адаби ҷаҳонӣ, ҳаммилати бузургвори мо Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ дар замоне зиндагиву эҷод мекард, ки дар сарзамини аҷдодии тоҷикон ҳокимони аҷнабӣ ҳукмфармоӣ мекарданд ва адибу мутафаккири бузург дарду ҳасрати бедавлатии миллатро хеле дарднок эҳсос мекард. Ӯ дар он шароити тираву тор ҳатто умеде ба ояндаи нек надошт:
Ман, ки дар зиндагӣ аз хайли фаромӯшонам,
Чун бимирам, кӣ кунад ёд дар он анҷуманам?
Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ 9-уми ноябри соли 1492 ин дунёро падруд гуфтааст ва манзили охираташ дар шаҳри Ҳирот побарҷост. Турбати Мавлоно Ҷомиро дарахти куҳнаи пистаи сарсабз соябон буда, дар тахтасанги рӯи мазораш аз ҷумла мисраи зерин китобат шудааст:
Ҷомӣ, ки буд моили ҷаннат, муқим шуд…
Кош имрӯз Ҷомии хирадманд мебуданду давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ва дар ин замина хушбахтии мардуми Тоҷикистонро медиданд! Ҳамин даврони соҳибистиқлолие, ки халқи тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нобиғаҳои илму адабу сиёсати давлату давлатдории гузаштаи худро ёду зиндаву гиромӣ медорад. Аз ҷумла имрӯз мо Мавлоно Ҷомиро ба хотири дар ашъораш орзуҳои олии инсониро ифода намуда, зебоиҳои ҳаётро суруданаш, фасоди ахлоқ, риёву фиреби рӯҳониёну ҳокимони замонашро фош намуданаш, ба халқ зиндагии хушбахтона ва шарофатмандонаеро орзу карда, ӯро ба меҳнати ҳалол ва хислатҳои нек раҳнамоӣ намуда, ғизои маънавӣ доданаш,барои ҳиссагузориаш дар муборизаи ҷаҳонӣ ва таърихии миллатҳо барои озодӣ ва хушбахтии инсоният қадрдонӣ менамоем, эҳтиром мекунем ва дӯст медорем.
Бо шукрона аз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва бо болидагӣ аз зиндагии саодатпазири имрӯзаи тоҷикистониён мо мутафаккиреро дар шахсияти Абдураҳмони Ҷомӣ қадрдонӣ намуда гиромӣ медорем, ки дар шароити тираву тори ҷаҳолат, зулму истибдоди асримиёнагӣ машъали илму маърифатро афрӯхта, халқи худро ба сӯи донишу маърифат раҳнамоӣ карда, дар дили вай орзуҳои нек ба ояндаи озодиву истиқлолияти Ватан парварида, ӯро ба хислатҳои олии инсонӣ, аз ҷумла шаъну шараф ва нангу ору номӯси инсониву ватандорӣ талқин намудааст:

Ба дандон рахна дар фӯлод кардан,
Ба нохун роҳ дар хоро буридан.
Фурӯ рафтан ба оташдон нагунсор,
Ба пилки дида оташпора чидан.
Ба фарқи сар ниҳодан сад шутур бор,
Зи Машриқ ҷониби Мағриб давидан.
Басе бар Ҷомӣ осонтар намояд,
Зи бори миннати дунон кашидан.
Суханҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди тавассути неруву тавонии тоҷикистониҳо бунёд намудани неругоҳҳову нақбҳо, роҳу пулҳо ва корхонаҳо, ҳатто агар лозим шавад «бо нохун кандан»-и нақбҳо аз ҳамон нангу номӯси ватандориву ватанпарастӣ шаҳодат медиҳанд ва ин худ дарси ватанпарастиву даъватест ҷиҳати дар ин ҷода саҳмгузорӣ намудан барои ҳар як фарди тоҷикистонӣ, аз ҷумла аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ.

Аҳмадҷон Ализода,
раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: