Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Месси бори панҷум соҳиби «Тӯби тиллоӣ» шуд

Месси бори панҷум соҳиби «Тӯби тиллоӣ» шуд

12-01-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 390 нафар
Назарҳо: 0
Месси бори панҷум соҳиби «Тӯби тиллоӣ» шуд
Ситораи футболи Аргентина ва клуби «Барселона»-и Испания Лионел Месси бори панҷум ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» –арзишмандтарин ҷоизаи ҷаҳонии футболро соҳиб шуд.

Маросими тақдими ин ҷоиза шоми 11 январ дар қароргоҳи Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) дар шаҳри Сюрихи Швейтсария баргузор шуд.

Бар асоси муқаррароти ФИФА, ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» ба футболбозе дода мешавад, ки раъйи бештари мураббиёну капитани дастаҳои мунтахаби ҷаҳон ва хабарнигоронро ба даст овардааст.

Ин бори панҷум аст, ки «Тӯби тиллоӣ» насиби Лионел Месси мегардад. Барои дарёфти ин ҷоиза Криштану Роналдо, ҳамлагари дастаи «Реал»-и Мадрид ва дастаи мунтахаби Португалия ва Неймар, ҳамлагари дастаи «Барселона» ва дастаи мунтахаби Бразилия рақибони аслии Месси буданд.

Соли 2013 Лионел Месси чорумин «Тӯби тиллоӣ»-ро аз они худ кард ва дар таърихи футбол ҳамчун футболбозе шинохта шуд, ки пайи ҳам дар чор сол футболбози беҳтарини ҷаҳон эътироф шудааст.

Тибқи гузориши Маркази байналмилалии таҳқиқоти варзишӣ –CIES, Лионел Месси аз гаронбаҳотарин футболбози ҷаҳон аст, ки гуфта мешавад қимати ӯ 220 миллион евроро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи охири соли гузашта хабарнигорони варзишии 54 кишвари аврупоии узви Федератсияи Футболи Аврупо (УЕФА) Лионел Мессиро футболбози беҳтарини Аврупо дар соли 2015 эътироф карда буданд.
©И.ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: