Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон Ҳавои Душанбе муаттар шуд

Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон Ҳавои Душанбе муаттар шуд

16-10-2018, 14:41
Хабарро хонданд: 158 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон  Ҳавои Душанбе муаттар шуд
Сафари ҳайати 350 - нафараи фарҳангиён аз Ҷумҳурии Туркманистон гӯё обуҳавои Душанберо чанд рӯз муаттар кард. Ин ҳайат якшанбеи гузашта, 14 октябр ба раҳбарии мақомоти вазорати фарҳанги ин кишвар бо қатора вориди Тоҷикистон гардид.
Дар саристгоҳи роҳи оҳани «Душанбе» меҳмононро вазири фарҳанги Тоҷикистон Ш. Орумбекзода ва намояндагони мақомоти шаҳр бо гулу навои карнай пешвоз гирифтанд. Зери оҳанги шодмонӣ меҳмонони санъаткор ҳам дар баробари мизбонон ба рақс даромаданд. Ин ҳолат дар саҳнаи пешвоз даме фазои шодию сурур эҷод кард.
Меҳмонон шоми рӯзи дигар дар маросими кушоиши Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон, ки дар Кохи Борбад доир гардид иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд. Дар оғози ин маросим мақомот аз ҳар ду ҷониб суханони нек дар мавриди поянда ва устувор будани муносибатҳои дуҷониба баён карда, сипас ҳунармандон рӯи саҳна омаданд.
Сафари ин ҳайати бонуфузи фарҳангӣ дар ҳоле имконпазир шуд, ки ҳафтае пеш муовини раиси Девони вазирони Туркманистон Пурлӣ Агамуродов ба намояндагӣ аз ин кишвар дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе иштирок ва дар дидору музокирот бо мақомоти тоҷик иҷрои созишномаҳои дуҷониба, инчунин нақшаи баргузории ин тадбири фарҳангиро дар пойтахти Тоҷикистон баррасӣ карданд.
Инҷо меарзад, ки чанде дар бораи робитаҳои сиёсии Тоҷикистону Туркманистон дар даврони истиқлол низ сухан гӯем. Муносиботи ду кишвар бар асоси шароити нав аз 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол «Дар бораи барқарории робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» оғоз ёфт. Аз феврали соли 1995 дар Ашқобод сафорати Тоҷикистон ба кор оғоз карда ва баъдтар дар Душанбе ҳам намояндагии дипломатии он кишвар кушода шуд.
Аз нахустин рӯзҳо муносибатҳои мо бар асоси асли ҳамкории мутақобилан судманд, бо дарназардошти манфиатҳои ду давлат дар арсаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва башарӣ оғоз шуда ва имрӯз дар ҳоли тавсиа аст.
Тайи ин муддат ду кишвар беш аз 50 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ба имзо расонидаанд. Бар асоси омори расмӣ, ҳаҷми тиҷорати байни кишварҳоямон дар соли гузашта беш аз 120 млн доллар будаааст. Тоҷикистон аз ин кишвар маҳсулоти нафтӣ, рӯғани пунба, семент ворид карда ба Туркманистон маводи ниёзи мардум, алюминий ва маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунад.
Шамсуддин Ҷалолов, муовини раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи АИ Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигори «МХ» сафари ин ҳайатро саҳифаи тоза барои ба сатҳи дигар гузаштани муносибатҳои дуҷониба ва дар равобити кишварҳоямон рӯйдоди муҳим донист. Ӯ гуфт, ки ин сафар бори дигар азми ҷонибҳо ва роҳбарони ду давлатро дар такон бахшидан ба раванди ҳамгироии Тоҷикистону Туркманистон тасдиқ мекунад.
Тавре зикр шуд, дар муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон барои рушди минбаъдаи ҳамгироӣ майдони устувори сиёсӣ мавҷуд буда, боздиди фарҳангиён иқдоми мусбат аст.
Хайати фарҳангиёни туркман инчунин ба вилояти Хатлон сафар карда, дар ноҳияҳои Қубодиён ва Дӯстӣ барномаҳои ҳунарӣ намоиш доданд.
Солеҳ Юсуф
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: