Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай12-10-2018, 14:42
Хабарро хонданд: 231 нафар
Назарҳо: 0
12.10.2018 12:05, шаҳри Душанбе 12 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии Ҷаласаи Шӯро ва сохторҳои доимамалкунандаи Созмони Ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфтанд. Барои иштирок дар ин нишасти сатҳи баланд Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳамметкалӣ Абилгазиев, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Сушма Свараҷ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Мақдум Шоҳ Маҳмуд Курейшӣ, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Сарвазири Ҷумҳурии Белорус Сергей Румас, Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Рашид Олимов, Директори Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай Евгений Сисоев, намояндагони кишварҳои Эрону Муғулистон ва дигарон, ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи роҳбарони ҳайатҳо ва иштирокчиёни Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхайро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласаи шӯро барору комёбӣ ва натиҷаҳои пурарзиш орзу карданд. Таъкид гардид, ки Созмони Ҳамкории Шанхай имрӯз ҳамчун як сохтори муосиру бонуфузи муносибатҳои байналхалқӣ фаъолият дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳамкории кишварҳои аъзо дар асоси боварию эътимод ва эътирофи манфиатҳо барои муносибатҳои дарозмуҳлат ба роҳ монда шудааст. Тоҷикистон ба масъалаи таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай аҳамияти аввалиндараҷа дода, тамоми кушишу талошҳоро барои рушду пешрафти он равона месозад. Сарвари давлат таъкид доштанд, ки натиҷаҳои ҷаласаи имрӯза барои расидан ба ҳадафҳои созмон оид ба таъмиқу густариши муносибатҳои бисёрсамта байни давлатҳои аъзои Созмон ниҳоят муҳим аст. Таъкид гардид, ки таъмини амният ва сулҳу субот дар минтақаи фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай яке аз самтҳои асосии ҳамкории кишварҳои аъзои он мебошад. Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ таъкид доштанд, ки “Омилҳои шиддатёбии таҳдидҳо ва хатарҳои глобалӣ моро водор месозад, ки дар чаҳорчубаи Созмон таваҷҷуҳи махсусро ба муборизаи муштарак бар зидди се хатар - терроризм, экстремизм, сепаратизм, ҳамчунин гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва силоҳ, паҳн кардани идеологияи динии радикалӣ, ҷинояткории кибернетикӣ ва шаклҳои дигари ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, равона созем”. Таъкид шуд, ки имрӯз мо шоҳиди фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошем, ки ба амнияти минтақавӣ таҳдид мекунад. Дар робита ба ин моро зарур аст, ки ҳамкории амалиро дар муборизаи муассир бар зидди гурӯҳҳои гуногуни террористӣ ва экстремистӣ, тақвият бахшем. Ноил шудан ба муваффақият дар ин масъала асосан аз ҳамоҳангсозии мавқеъгирии умумӣ дар муайян кардани моҳияти зуҳуроти терроризм ва экстремизм дар сатҳи байналмилалӣ вобаста аст. Бинобар истифода аз "меъёрҳои духура" дар муносибат ба ин масъала гурӯҳҳои мухталифи радикалӣ аз парастории иттилоотиву сиёсӣ, молиявӣ ва дигар шарикҳои дастгирии ташкилоту ҷонибҳои алоҳида бархурдоранд. Таъкид гардид, ки дар самти ҳамоҳангсозии самараноки талошҳои давлатҳои аъзо дар мубориза бар зидди таҳдидҳо ва мушкилоти ҷаҳонӣ, сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай нақши муҳим мебозад. Қочоқи маводи мухаддир, ки яке аз сарчашмаҳои асосии дастгирии молиявӣ барои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ мебошад, ҳамчун мушкилоти дигар дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ номбар карда шуд. Ноил шудан ба муваффақият дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир асосан аз тақвияти талошҳои мо ва амалҳои ҳамоҳангшуда дар ин самт вобаста аст. Дар робита ба ин, мо диққати шуморо ба муҳимияти таъсиси сохтори алоҳидаи Созмони Ҳамкории Шанхай барои муқовимат бар зидди таҳдиди маводи мухаддир ҷалб месозем, таъкид доштанд Сарвари давлат. Зимни баррасии масоили амниятӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин таъкид доштанд, ки субот ва амният дар минтақаи Созмони Ҳамкории Шанхай ва атрофи он мустақиман ба вазъияти феълии Шарқи Наздик ва Афғонистон алоқаманд аст. Дар робита ба ин, таъкид гардид, ки барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон омили муҳиму калидии таҳким ва таъмини амнияти умум ва субот дар минтақаи Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад. Дар суханронии худ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои равобити иқтисодиро, ки яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ дар доираи Созмон мебошад, махсус таъкид карданд . Пешниҳод гардид, ки ба рушди минтақавии долонҳо нақлиётиву транзитӣ, ки мамлакатҳои моро мепайвандад, диққати махсус дода шавад. Дар ин замина, пешбурди лоиҳаҳои муштарак оид ба таҷдиди роҳҳои мошингузар ва роҳи оҳан, инчунин ташаккули хатҳои нави нақлиётӣ аҳамияти муҳим дорад. Дар робита ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика Сарвари давлати Тоҷикистон воқеияти афзоиши мунтазами истеъмоли энергия бинобар рушди иқтисодиёти минтақаи Созмони Ҳамкории Шанхай, инчунин тамоюли афзоиши аҳолӣ дар фазои онро, махсус қайд карданд. Масъалаҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла, аз ҳад зиёд партофтани гази карбон ба атмосфера ҳамчун омиле номида шуд, ки бояд дар доираи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, ба он таваҷҷуҳ зоҳир гардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки дар чаҳорчӯбаи ҳамкории васеъ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки рушди нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза, ҳамчун яке аз омилҳои калидӣ барои пешбурди иқтисоди “сабз”, муҳим мебошад. Ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ дар минтақа, бо ҷорӣ кардани технологияҳои инноватсионӣ дар ҳама самтҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами робитаҳои иқтисодӣ дар чаҳорчӯби СҲШ арзёбӣ гардиданд. Робитаҳо дар соҳаи фарҳангу гуманитарӣ ҳамчун яке аз самтҳои дигари муҳими ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи Созмон муайян карда шуданд, ки ба наздикшавии халқҳои минтақаи Созмони Ҳамкории Шанхай мусоидат мекунад. Дар охири суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба иштирокчиёни Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай барору комёбӣ орзу карда, қайд карданд, ки Тоҷикистон чун яке аз муассисони Созмони Ҳамкории Шанхай минбаъд низ барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни давлатҳои аъзо ва баланд бардоштани нақши Созмон дар робитаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.