Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Путин ба Нурмагомедов машварат дод, бо Макгрегор оштӣ кунад

Путин ба Нурмагомедов машварат дод, бо Макгрегор оштӣ кунад

12-10-2018, 08:34
Хабарро хонданд: 194 нафар
Назарҳо: 0
Путин ба Нурмагомедов машварат дод, бо Макгрегор оштӣ кунад
Владимир Путин рӯзи чаҳоршанбе бо Ҳабиб Нурмагомедов мулоқот кард. Суҳбати президенти Русия бо қаҳрамони UFC дар вазни сабук дар ҳошияи форуми варзишӣ дар Уляновск ва дар ҳузури падари Нурмагомедов баргузор шуд.

Путин дар ин суҳбат ба ҷаҳиши варзишгари доғистонӣ аз болои панҷараи майдони муҳориба ва занозании баъди пирӯзии ӯ бар Конор Макрегор, варзишгари ирландӣ, ишора кард.

"Ин навъи варзиш тиҷоратӣ аст. Аммо, ба ҳар ҳол, варзиш аст. Ман бо онҳое розӣ ҳастам, ки фикр мекунанд дар ин навъи варзиш бояд қоидаҳои муайян риоя шавад. Ва на танҳо қоидаҳое, ки дар коғаз навишта шудаанд, балки қоидаҳои умумиварзишӣ ва ахлоқӣ”, - афзуд ӯ.
Ҳабиб Нурмагомедов дар навбати худ аз он таассуф хӯрд, ки ҳама фақат дар бораи ҷаҳиши ӯ аз болои панҷараи саҳнаи муҳориба суҳбат мекунанд. Ӯ гуфт, "ҳарчанд бад қувваозмоӣ накардам ва дар муқоиса бо бархӯрди ӯ ва беҳурматияш ба кишвар ва волидонам, рафтори хеле муносиб доштам. Баъзан ман ҳам натавонистам худро идора кунам. Барои онки дар ҷараёни бозӣ тавтеа идома дошт."
Путин сухани Ҳабиб Нурмагомедовро қабул кард ва гуфт, ки дар дохили кишвар ҳама узви як оила ҳастанд.
"Албатта, ҳама чиз иттифоқ меафтад. Дар оила ҳама чиз иттифоқ меафтад. Мо ҳаргиз ба худ иҷоза намедиҳем, ки аз чаҳорчӯб хориҷ шавем. Агар ба мо дарафтанд, нафақат ту, балки ҳамаи мо метавонем чунин ҷаҳиш кунем. Аммо беҳтар аст, ки кор то инҷо кашонда нашавад", - таъкид кард ӯ.
Раиси ҷумуҳури Русия изҳори умед кард, ки Ҳабиб Нурмагомедов ва Конор Макгрегор мусолиҳа мекунанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: