Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

9-10-2018, 09:00
Хабарро хонданд: 257 нафар
Назарҳо: 0
МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ
Бо дарназардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерўҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин таҳқиқи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Пас аз фурўпошии Ҳукумати Шўравӣ даҳшатҳои зиёдеро аз сар гузаронидем. Ҷанги таҳмилии бародаркуш бояд барои мо сабақ мешуд. Лекин афсўс, иддае аз одамони ба роҳи гумроҳӣ раҳнамуншуда андешаи ояндаи хешро намекардаанд. Аз қабили чунин афрод, шахсоне ёфт шуданд, ки дини исломро ба сиёсат омехта, шахсони калавандаро сўи худ кашида, дар ин замина ҳизби худро муаррифӣ намуданд ва ин ҳизбро Ҳизби наҳзати ислом номгузорӣ карданд. Дар тоҷикон як мақол аст: «Шермардон музаҳояшонро наъл заданд ва қурбоққа ҳам пояшро наъл задан хост. Мехҳои наъл ба пойи қурбоққа чунон халиданд, ки худро ба чор тараф задан гирифт.
Дар баробари ин ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ давлат ва миллатӣ тоҷикро ба мисли давлати ҳамсояи мо ҶИА-II мубадал гардонидан мехостанд, вале пеши роҳи ин ҷинояткорро сарбозон ва ҷасурронӣ миллат гирифтанд.
ДИИШ-иён ва ТЭТ ҲНИ хешро муборизони исломи "ноб" мегўянд, аммо корҳое, ки мекунанд, на танҳо бо ислом умумияте надоранд, балки бо он мухолифанд, исломро бадном мекунанду душмани исломанд.
Худованд дар Қуръони Карим мегўяд, дар имон истифода аз зўрӣ ҷоиз нест. Аммо ДИИШ дар ин ҷода ғайри зўрӣ усули дигаре надорад. Бе зарурат куштани одам дар ислом гуноҳи кабира аст, Худованд тафриқаву нифоқро дар ислом мамнўъ кардааст. Вале тафриқа дар дини мо умри тўлонӣ дорад ва аз давраи зуҳураш то имрўз сабабгори маргу дарбадарии миллионҳо нафар мардум шудааст.
Манзур аз ҷиҳод ҳам дар ислом комилан он тавре нест, ки ҲНИ-у ДИИШ ва дигар созмонҳои террористии ба истилоҳ "исломӣ" кўшиши эҳёашро доранд. Ҷиҳод дар Қуръон ба маънои муборизаи мусулмонон барои ҳифзи молу ҷонашон аз тааррузи ноҳақ зикр шудааст.
Бад ин тариқа, созмонҳои террористии "исломӣ" дар рўёрўӣ бо ҷомеаи ҷаҳон на фақат "сари хеш чу гирдоб" хоҳанд хўрд, балки лаънаткардаи Худову охират низ хоҳанд шуд.
Сулҳе, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қимматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем. Нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистонро ғуборолуд созад.

Гадоева Ҳалима Сайвалиевна
сартабиби таваллудхонаи шаҳрии Кӯлоб
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: