Чорабинӣ бо ҷавонону занон дар ноҳияи Бохтар12-01-2016, 10:02
Хабарро хонданд: 448 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар дар шаҳраки И.Сомонӣ ва деҳаи Чорсӯи ҳудуди ҷамоати деҳоти Навбаҳор, бо ҷалби ҷавонону занони қишрҳои гуногуни ҷомеа ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» чорабинии сиёсӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Амиров А.- роҳбари гуруҳи «Ҷавонони ташаббускор»-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Изатуллозода Б. – мудири шуъбаи кор бо занону ҷавонон ва фаъолони ҳизбӣ, оид ба мавзуъҳои «Пешвои миллат – кафили сулҳу субот дар ҷомеа», «Пешвои миллат – рамзи сулҳу ваҳдати миллӣ» ва «Тоҷикистон, Пешвои миллат, ҷавонон» иштирок ва суханронӣ намуда, нақши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешрафту рушду нумуи ҷомеа ва таҳкими сулҳу ваҳдат баланд арзёбӣ намуданд, ки ин иқдом аз тарафи иштирокчиён бо як сарфарозиву дилгармӣ пазируфта шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.