Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Чаро доруҳои ватанӣ дар дорухонаҳо камёбанд?

Чаро доруҳои ватанӣ дар дорухонаҳо камёбанд?

4-10-2018, 11:30
Хабарро хонданд: 229 нафар
Назарҳо: 0
Чаро доруҳои ватанӣ дар дорухонаҳо камёбанд?

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз гиёҳҳои шифобахши ватанамон бештар истеҳсол кардани дорувориро таъкид намуда буданд. Сарвари давлат зимни вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ бори дигар дар ин хусус ёдовар шуданд: «Ҳарчанд ки мо аз гиёҳҳои шифобахш баъзе намудҳои дорувориро омода карда истодаем, вале имконоту захираҳои Тоҷикистон, ки дар ҳудуди он зиёда аз 3500 навъи гиёҳи шифоӣ мавҷуд аст, ҳоло ҳам самарабахш истифода нашуда истодаанд».
Аз рӯи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз дар кишвар 32 корхонаи хурду калони истеҳсоли доруворӣ ва гиёҳҳои шифобахш ва беш аз 2300 дорухона фаъолият мекунад. Дар корхонаву коргоҳҳои соҳа ҳамагӣ 242 номгӯйи маводи тиббиву доруворӣ истеҳсол мешавад.
Ман ягон сарвари дорухонаро «зери зарба» гузоштанӣ нестам, вале дар маҷмӯъ гуфта метавонам, ки дар аксари онҳо ифтихор аз маҳсулоти ватанӣ дида намешавад. Қисми зиёди доруҳои дорухонаҳоро маҳсулоти хориҷӣ ташкил медиҳад. Ҳол ин ки дорувории корхонаҳои ватанӣ аз ҷиҳати сифату нарх нисбат ба доруҳои истеҳсоли хориҷӣ бартарӣ доранд. Масалан, Ширкати ватании «Авитсенна» истеҳсоли беш аз 40 номгӯй доруву чойҳои шифобахшро ба роҳ мондааст, вале дар бисёр дорухонаҳо дида намешавад. Ҳол он ки давоҳои гиёҳии ширкати мазкур бо вуҷуди арзон буданашон нисбат ба доруҳои хориҷӣ таъсирбахштаранд. Чунончи сокини деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор Бехрӯз Нуриддинзода иқрор шуд, чанд сол боз гирифтори диабет буда, аз истеъмоли нӯшдоруи «Авитсенна» ҳолаташ беҳ гардид:
-Ман бинобар хирашавии чашмонам, айнак гирифта будам. Диабети қанд маро он қадар бемадор карда буд, ки пиёда қуввати 100 метр роҳ рафтанро надоштам. Баъди истеъмоли 5 шишача нӯшдоруи «Авитсенна» фоизи қанди хунам то ба 4 фуромад. Ҳоло шукри Худо дигар айнак намемонам ва ҳуҷҷати ронандагӣ гирифта, мошин меронам,- мегӯяд Б. Нуриддинзода.
Бону М. аз шаҳри Норак зимни суҳбат иброз дошт, ки баъди истеъмоли нӯшдоруи мазкур аз зардаҷӯш ва дарди меъда халос шуд. Нӯшдоруи «Авитсенна» антибиотики табиӣ ба ҳисоб рафта, неруи муҳофизатии ҷисмро қувват мебахшад ва фаъолияти кории касро баланд мебардорад. Он дорои хусусияти қувватбахшандаи умумӣ буда, оромкунандаи асаб, зиддиилтиҳобӣ, оромкунандаи дард, шифобахшандаи захм, камкунандаи қанд ва иштиҳоовар мебошад. Бемориҳои рагу дилро бартараф намуда, сангҳои гурда ва пешобро тоза мекунад.
Духтури ҷарроҳи Академияи тиббии ҳарбии ба номи И.И. Мечникови шаҳри Санкт-Петербург, номзади илмҳои тиб Ҷамшед Аминов бо ташаббуси худаш аз лиҳози ватандӯстӣ таъсири нӯшдоруи «Авитсенна»- ро дар беморон санҷид. Беморони чарроҳишуда пас аз истеъмоли нӯшдоруи «Авитсенна» нисбат ба дигар ҳампалатаҳояшон зудтар ба по хестанд. Зеро шифоёбии мавзеи ҷарроҳӣ бо таъсири ин давои табиӣ зудтар сурат гирифт. Дарвоқеъ, Ҷ. Аминов соли 2014 соҳиби унвони ифтихории «Чарроҳи беҳтарини шаҳри Слантсии вилояти Ленинград» гардида буд.
Азбаски намояндагиҳои баъзе ширкатҳои дорусозии хориҷӣ дар кишварамон ба духтуроне, ки доруи онҳоро зиёд фармоиш медиҳад, бонус ҷудо мекунанд, духтурон ҳам манфиатдор шуда рӯ ба доруи хориҷӣ меоранд. Дар ин сурат ифтихор аз маҳсулоти ватанӣ дар ҷои дуюм меафтад. Агар духтурони мамлакат мисли Ҷамшед Аминов ба доруҳои ватанӣ арҷ мегузоштанд, корхонаҳои дорусозии мамлакат қоматашонро рост мекарданду маблаѓи зиёд аз ҷумҳурӣ берун намерафт. Ин нуктаро Пешвои миллат низ таъкид карданд: «Агар соли 2000- ум ба кишвар ба маблаѓи 25 миллион сомонӣ маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид гардида бошад, ин рақам дар соли 2017 қариб ба 450 миллион сомонӣ расидааст, ки 18 баробар зиёд аст». Дар сурати аз ҷониби духтурон фармоиш додани доруҳои ватанӣ ақаллан нисфи ин маблаѓ дар дохили мамлакат мемонд.
Сарвари давлат вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро вазифадор карданд, ки якҷо бо соҳибкорони ватанӣ ва бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои дорусозӣ, истеҳсоли дору аз гиёҳҳои шифобахши кишвар ва рушди саноати дорусозӣ чораҷӯӣ карда, барои зиёд намудани номгӯйи доруворӣ ва маводи бастабандӣ тадбирҳои ҷиддиро амалӣ намоянд.
Албатта таъсиси корхонаҳои нави дорусозӣ вақту маблаѓ талаб мекунад. Хуб мешуд, ки ниҳодҳои дар боло зикршуда, алалхусус Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сарварони ширкатҳои дорусозии мамлакатро як бор ҷамъ оварда, аз мушкилоти мавҷудаи онҳо огоҳ шуда, баҳри ислоҳашон чораҷӯӣ намоянд. Зеро муддати зиёд аст, ки чунин вохӯриҳо баргузор нашуда, аз ҷониби вазорати мазкур иқдоми назаррасе баҳри пешравии кори корхонаҳои дорусозӣ ва содир намудани доруҳои истеҳсоли ватанӣ сурат нагирифтааст.

С. НАҶМИДДИНЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: