Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ваҳдат - омили рушд ва пешрафти ҷомеа!

Ваҳдат - омили рушд ва пешрафти ҷомеа!

11-01-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 297 нафар
Назарҳо: 0
Ваҳдат - омили рушд ва пешрафти ҷомеа!
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон С.Шерзода ва раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа А.Асадулло маҷлиси ҷамъбастӣ - ҳисоботии 2015 доир гардид. Дар ин маҷлис муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳои мақомот, роҳбарони муассисаву корхонаҳо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа, раисони маҳаллаҳо ва эмомхатибони масҷидҳо даъват шуда буданд.

Маҷлисро раиси шаҳри Қӯрғонтеппа А.Асадулло кушода, суханро ба муовини аввали раиси шаҳр И.Абдуллоев дод. Номбурда оиди бурду бохти ҳамаи бахшҳои мақомоти иҷроия ва муассисаву корхонаҳо ахбороти муфассал дод.

Аз тарафи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа роҳбарону муассисаҳое, ки дар давраи ҳисоботӣ ба камбудиҳо роҳ дода буданд, пурсиш намуда, барои бартараф намудани камбудиҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ваҳдат - омили рушд ва пешрафти ҷомеа!
Дар ҷамъбаст муовини раиси вилоят натиҷаи ҷамъбасти дастовардҳои шаҳри Қӯрғонтеппаро бо роҳбарии А.Асадулло қаноатбахш ҳисобида, қайд намуданд, ки дар давраи ҳисоботӣ мақомоти иҷроия ба соҳаҳои сохтмон, хизматрасонӣ, иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҷавонон диққати ҷиддӣ дода шуда, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муайян ва иловагӣ вазъи соҳаҳои номбурда, рӯ ба беҳбудӣ оварда, ҷараёни амалигардонии дастуру супоришҳо ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои давлатии таълимӣ таҳти назорати пайвастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор доранд. Бо шарофати Ваҳдати саросарии мардум сулҳу субот ва меҳнати садоқатмандонаи сокинони мамлакат ва шаҳри Қӯрғонтеппа дар соли 2016 низ зери роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои баланди истеҳсолию бунёдкорӣ ноил мегарданд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: