Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЗАБОНИ ОСОРИ МАВЛОНО-ЗАБОНИ ҚАЛБИ ИНСОНҲОСТ!

ЗАБОНИ ОСОРИ МАВЛОНО-ЗАБОНИ ҚАЛБИ ИНСОНҲОСТ!

1-10-2018, 09:57
Хабарро хонданд: 421 нафар
Назарҳо: 0
ЗАБОНИ ОСОРИ МАВЛОНО-ЗАБОНИ ҚАЛБИ ИНСОНҲОСТ!
Инсон падидаест,ки сират ва маънавияти он хело мураккаб аст. Ин мӯҷизаи ҳасти дар худ ҳазорон парварандагони руҳ ва маънавиятро ба камол расонидааст.
Яке аз намунаҳои барҷастаи чунин инсонҳо Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румист, ки асолату сирати накӯ ва зебои тоҷикона дорад ва ормонҳои волои ӯ дар қалби мардум реша давондаанд. Устод Мавлоно Ҷалолидинни Руми дар рушди адабиёту фарҳанги тоҷикон ва халқҳои ҷахон нақши калиди дошта, мероси адабию илмии ӯ дар тарбияи насли наврас дар рӯҳи хештаншиносӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ басо бузург аст. Хамин аст, ки бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 30 сентябр мавлуди шарифи ин мутафаккири барҷаста, орифи бузург ҷашн гирифта мешавад.Устод Мавлоно Чалолиддини Балхи дар давоми умри худ беш аз 70-хазор мисраи шеърӣ эҷод карда, аз рӯи осори ба нашр расидааш яке аз сермаҳсултарин шоирони Машриқзамин маҳсуб мешавад. Забони осори Мавлоно - забони қалби инсонҳост, ки барои ҳамаи халқияту миллатҳо фаҳмо мебошад. Аз ин ҷост, ки номи устод дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб ҳамчун яке аз бузургтарин шоирону мутафаккирон манзалати хоссаеро соҳиб аст. Бархақ устод донишманде мебошанд, ки мероси адабиашон асрҳост, ки хамун дафтари зиндагиномаи пуршараф муҷиби ҳидояти мардумони ҷаҳон қарор гирифтааст. Ин аст, ки соли 2007-ум аз ҷониби ЮНЕСКО соли 800-солагии Мавлоно эълон шуд ва на танҳо дар мамлакати мо, балки дар бисёр кишварҳои олам ба таври пуршукӯҳ таҷлил гардид.
Эҷодиёти устод Ҷалолиддини Балхӣ ҷабҳаҳои зиёдеро дар бар гирифта, ҳамма паҳлуҳои зиндагии инсон, , андеша, тафаккур ва талаботи рӯзмарраи аҳли башарро фаро мегирад. Ашъори устод на танҳо ба кавму миллати хоссе бахшида шудааст балки ба тамоми башарият нигаронида шудааст.Чавҳари таълимоти устодро омезиши ирфону ақлоният ва ахлоқу иҷтимоиёт дар масъалаҳои маърифат, тарбия ва ташаккули ахлоқи инсон, ташкил медиҳад. Устод Мавлоно мардуми чаҳонро ба сулҳу дӯстӣ, ваҳдат, ҳамзистию ҳамфикрӣ даъват мекунад.
Дар осори устод Мавлоно аз содартарин масъалаҳои ҳаёти то ба умдатарин мавзӯъҳо андешаҳо нигаронида шуда риояи одобу ахлоқи инсони, эҳтироми волидайн, донистани ҳадди худ ва дигар масъалаҳои рӯзмаъра, ки то имрӯз мардуми олам дар ин масъалаҳо ба роҳнамое эҳтиёҷ доранд баён шудааст.
Дар ин рӯзҳои бузургдошти устод Мавлоно, ёд намудан аз осори пурғановат ва номи неки эшон нишонаи возеҳи эҳтироми ҷомеа нисбат ба устод ва хизматҳои таърихиашон мебошад.
.
Мавлуди устод Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ба кулли шумо, ҳамватанони азиз, устодон, дустдорони шеъру адаб, ва тамоми аҳли башар самимона табрик гуфта, дуъогуи ободии манзили охирати устод Мавлонои бузӯрвор мебошем!

Хоҷазода Назари Назрӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: