Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маскав ба Башор Асад сохтори мушаки зиддиҳавоӣ С-300 медиҳад

Маскав ба Башор Асад сохтори мушаки зиддиҳавоӣ С-300 медиҳад

25-09-2018, 10:25
Хабарро хонданд: 208 нафар
Назарҳо: 0
Маскав ба Башор Асад сохтори мушаки зиддиҳавоӣ С-300 медиҳад
Баъди сарозер шудани ҳавопаймоии ИЛ-20-и Русия дар фарози Сурия Маскав тасмим гирифт, ки ба артиши Асад сохтори мушаки зидди ҳавоии С-300 диҳад. Хабаргузории Интерфакс рӯзи 24 сентябр аз қавли вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфт, ки "ин сохтор то ду ҳафтаи дигар дар ихтиёри нерӯҳои ҳукумати Сурия қарор мегирад". Маскав дар ҳоле ба чунин қарор расид, ки Исроилро дар сарнагун шудани ҳавопаймоии низомии ИЛ-20 дар фазои Сурия масъул эълон кард. Ҳарчанд ҳавопайморо нерӯҳои Сурия сарнагун карданд.

Ҳамзамон Маскав тасмим дорад, воҳидҳои низомии Сурияро, ки сохтори зидди ҳавоиро идора мекунанд, бо системаи идораи автоматӣ, ки ба гуфтаи Шойгу танҳо дар таслиҳоти артиши Русия вуҷуд дорад, таъмин кунад. Вазири Русия таъкид кард, ки ин система "тамоми сохтори зиддиҳавоии Сурияро мутамарказ хоҳад кард".

Шойгу гуфт, аз ин ба баъд, дар фазои минтақаи обии Баҳри Миёназамин дар қаламрави Сурия, сигнали радиоэлектронии раҳнамои мушакӣ, радари ҳавоӣ ва сохтори робитаи ҳавопаймоҳои ҷангӣ пахш карда хоҳад шуд.

Ба гуфтаи вазир, Русия ҳанӯз соли 2013 мехост сохтори С-300 ба Сурия диҳад, аммо муомилотро бо дархости Исроил мутавақиф кард. "Акнун вазъият дигар шуд",- гуфт Сергей Шойгу
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: