Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ

Ифтитоҳи бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ

14-09-2018, 10:30
Хабарро хонданд: 245 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ
14.09.2018 09:34, шаҳри Хоруғ


Субҳи рӯзи 14-уми сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вазъияти тантанавӣ бинои Донишгоҳи Осиёи Марказиро ифтитоҳ намуданд.

Бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ дар асоси шартномаи байналмилалӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Фонди Оғохон сохта шуда, аз биноҳои таълимии дуошёна ва се ошёна иборат мебошад.

Тибқи нақшаи кулл бинои донишгоҳ дар маҷмуъ дар масоҳати зиёда аз 80 гектар дар се қисмат бунёд карда мешавад. Айни замон қисмати якуми он дар масоҳати наздики 15 гектар қомат афрохта, имрӯз бо сифати баланд ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии таълим ба истифода супорида шуд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо синфхонаҳои таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва озмоишгоҳҳо ба сифати корҳо ва шароити таълимии дар ин ҷо фароҳам сохта, баҳои баланд доданд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ асосан дорои ду ихтисос, омӯзиши илм дар бораи замин ва муҳити зист ва иқтисодиёт буда, ба донишҷӯён устодон аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири таълим дарс мегӯянд.

Айни замон шумораи донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ 150 нафарро ташкил медиҳанд. Донишҷӯён аз 7 давлат, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистону Покистон ва ғайра таҳсил менамоянд.

Ҳамаи синфхонаҳо дорои шароиту имкониятҳои муосири таълим буда, бо таҷҳизоти пешрафта таъмин мебошанд. Самти таълим дар донишгоҳ асосан ба тадқиқот нигаронида шуда, донишҷӯён бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири донишомӯзӣ, махсусан технологияи компютерӣ ба омӯзиш ва корҳои илмӣ ҷалб карда мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо омӯзгорон ва донишҷӯён изҳор доштанд, ки дар чунин шароити фароҳам гардида, ки ба донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баробараст, ба корҳои илмию тадқиқотӣ дар равияҳои барои кишвари мо муҳим, омӯзиши замин ва муҳити атроф ва иқтисодиёт бештар машғул шаванд ва донишу малакаи худро мукаммал намуда, дар оянда ҳамчун мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар ба воя расанд.

Таълим дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, дар он мутахассисони рақобатпазир ба бозори ҷаҳонӣ омода карда мешавад. Тибқи низомнома донишҷӯён тариқи шартномавӣ қабул карда мешаванд ва ҳамзамон ба ҷавонони лаёқатманд имтиёзҳо муқаррар гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дорои синфхонаи муосири таълим, китобхона, китобхонаи электронӣ, озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои омӯзгорон, ошхона ва ҳуҷраҳои истироҳатию фароғатӣ мебошад.

Ҳамзамон барои ба варзиш ва обу тоби бадан машғул шудани донишҷӯён дар дохили бино маркази фитнесс, тенниси рӯи мизӣ ва дигар машғулиятҳои варзишӣ амал мекунанд.

Дар баробари ин дар назди бинои донишгоҳ майдони варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва басткетбол инчунин толори болопӯшидаи варзишӣ сохта шудааст.

Дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ омӯзгорон ва донишҷӯён бо хобгоҳҳои замонавӣ таъмин гардидаанд. Бинои хобгоҳи донишҷӯён бо тарҳ ва намои муосир бунёд шуда, ҳуҷраҳои истиқоматӣ дорои тамоми шароити будубош мебошанд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар заминаи дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бунёд гардида, он барои донишҷӯёни тоҷик ва дар оянда омода намудани мутахассиони соҳибихтисос дар сатҳи ҷаҳонӣ заминаи асосӣ фароҳам меорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: