Мулоқот бо сокинони ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон11-09-2018, 13:45
Хабарро хонданд: 134 нафар
Назарҳо: 0
11.09.2018 10:10, ноҳияи Ванҷ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як зумра иншооти гуногун бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Ванҷ мулоқоти озоду самимӣ доир намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ ҳамаи иштирокчиёни мулоқотро ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ифтитоҳи иншоотҳои навро ба таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти рушди ноҳияҳои дурдасти мамлакат марбут донистанд. Таъкид гардид, ки ноҳияи Ванҷ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳамаҷиҳата рушд намуда, дастовардҳои назаррас дар тамоми бахшҳо ба назар мерасад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз пешрафти соҳаҳои гуногун иштирокчиёни мулоқотро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии ин гӯшаи дурдасти мамлакат ҳидоят намуданд. facebook twitter |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.