Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

13-09-2016, 13:59
Хабарро хонданд: 231 нафар
Назарҳо: 0








Пас аз ифтитоҳ ва шиносоӣ бо бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳамин бино дар ҳузури беш аз ду ҳазор нафар сокинон ва фаъолони ноҳия суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат нахуст ҳозиринро ба муносибати ҷашни бистсолагии таъсисёбии ноҳия, ки ба ҷашни бузурги миллиамон, 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост омадааст, табрик гуфтанд.
Таъкид гардид, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зода ва маҳсули даврони Истиқлолият буда, дар қатори дигар шаҳру навоҳии мамлакат он ҳам аз файзу баракати ин неъмати бебаҳои таърихӣ баҳравар гардидааст.
Аз ҷумла назар ба чанд соли пеш, имрӯзҳо дар ин минтақаи дурдасти кӯҳӣ туфайли кӯшишҳои мардуми заҳматқаринаш корҳои зиёди созандагиву ободонӣ иҷро гардида, тарҳу симои он ба куллӣ дигаргун шудааст.
Пешвои миллат изҳор доштанд, ки дар навбати худ ҳукумати мамлакат низ дар доираи ҳадафҳои созандаааш ҷиҳати ба як гӯшаи ободу зебо табдил додани ин минтақа аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодааст.
Бо таҳлили нишондодҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, Пешвои миллат изҳор доштанд, ки ҷиҳати таъмини рушди гуногунсоҳаи ноҳия дар 15 соли охир беш аз 100 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст.
Ин бошад имкон фароҳам овард, ки соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқи ноҳия, аз қабили муассисаҳои маорифу тандурустӣ таҷдиду азнавсозӣ гардад ва соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла картошкапарварӣ пешрафт намояд.
Пешвои миллат зикр намуданд, ки давоми панҷ соли охир майдони кишти картошка аз 230 ба 2000 гектар расонида шуд.
Дар ин замина соҳаи човодорӣ ҳам рушд ёфта, саршумори он ба маротиб зиёд гардид.
Сарвари давлат зимни суханронии худ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба рушди соҳаҳои даромаднок ва истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда равона намуда, ба масъулин дастур доданд, ки дар наздиктарин фурсат иҷрои амалии онҳоро ба роҳ монанд.
Дар фароварди суханронии худ, муҳтарам Пешвои миллат мардуми маърифатпарвари ноҳияро ба посдории суннатҳои аҷдодӣ', гиромидошти анъанаҳои халқӣ ва тарбияи насли ояндасоз дар руҳияи ватандӯстию эҳтиром ба арзишҳои миллӣ даъват намуданд.
nbsp; муассисаҳои маорифу тандурустӣ таҷдиду азнавсозӣ гардад ва соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла картошкапарварӣ пешрафт намояд.







Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: