Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон6-09-2018, 08:54
Хабарро хонданд: 268 нафар
Назарҳо: 0
06.09.2018 08:39, ноҳияи Ёвон
Субҳи 6 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар расми ифтитоҳи як қатор иншооти саноатӣ, таълимӣ, хизматрасонӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар соҳаи кишоварзию мулоқот бо мардум ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон нахуст дар корхонаи “Ҷунгтсай Моҳир семент” ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ дар як шабонарӯз 72 метр қубурҳои қутрашон аз 500 то 2000 миллиметраро ташкил медиҳад. Талабот ба маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳи мазкур дар мамлакат зиёд буда, аз он бештар дар соҳаи кишоварзӣ ва сохтмони иншооти обёрӣ истифода карда мешавад. Дастгоҳу таҷҳизоти коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд, ки истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ тавасути он босифат ва мутобиқ ба талаботи муосир анҷом дода мешавад. Дар коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ номгӯи масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла, якчанд намуд сафолак, сутунпояи ҳимоявии шафати роҳ ва болопӯши бетонӣ истеҳсол карда мешаванд. Масъулини коргоҳ азм доранд, ки оянда истеҳсоли пояҳои оҳану бетониро, ки барои интиқоли неруи барқ истифода бурда мешаванд, ба роҳ монанд. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ зиёда аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гардиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз шиносоӣ ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ баҳои баланд дода, барои афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ба масъулин дастуру ҳидоят доданд. Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон бо фаъолияти коргоҳи истеҳсоли халтаҳои полупропилении “Моҳир пластик”, ки дар назди корхонаи “Ҷунгтсай Моҳир семент” ҷойгир мебошад, шинос шуданд. Мавриди зикр аст, ки коргоҳи истеҳсоли халтаҳои полупропилении “Моҳир пластик”–ро масъулини корхонаи “Ҷунгтсай Моҳир семент” дар асоси дастуру ҳидояти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 бунёд намуданд. Коргоҳи мазкур бо назардошти талаботи корхонаҳои бузурги истеҳсоли семент ба халтаҳои полупропиленӣ ба истифода дода шудааст, ки ҳамзамон аз маҳсулоти истеҳсолнамудаи он ба ғайр аз корхонаи “Ҷунгтсай Моҳир семент” дигар корхонаҳои азими истеҳсоли семент истифода менамоянд. Дар корхона муосиртарин таҷҳизоти технологии пешқадамтарин ширкатҳои хориҷӣ васлу насб шуда, раванди истеҳсолот тариқи дастгоҳҳои электронӣ танзим ва назорат карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи халтаҳои полупропилении “Моҳир пластик” дар як шабонарӯз 119 ҳазор ва солона 40 миллион дона халтаро ташкил медиҳад. Дар коргоҳи мазкур зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд, ки шумораи зиёди онҳо занону духтарон мебошанд. Фаъолияти коргарону мутахассисон дар коргоҳи истеҳсоли халтаҳои полупропилении “Моҳир пластик” дар се баст сурат гирифта, барои онҳо шароити мусоид фароҳам мебошад. Бунёди чунин коргоҳҳои истеҳсолии муҷаҳҳаз бо хатти технологии муосир имкон фароҳам меорад, ки дар баробари истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, инчунин даҳҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.