Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Суруд ҷони одам аст...»

«Суруд ҷони одам аст...»

4-09-2018, 09:13
Хабарро хонданд: 280 нафар
Назарҳо: 0
«Суруд ҷони одам аст...»

Ҳафтаи гузашта (30.08.2018) яке аз машҳуртарин ҳунармандони шуҳрати дунёӣ дошта, сарояндаи жанрҳои мухталифи мусиқӣ, сиёсатмадор, омӯзгор Иосиф Кобзон оламро падруд гуфт.
Ин нобиғаи ҳунар таи чанд маротиба ба Ватани мо бо барномаи консертӣ омада буд ва дар байни мардуми мо роғибони зиёди ҳунари худро дошт. Охирон маротиба соли 2013 ба Тоҷикистон омадааст.

Дар рӯзи дафнаш 2-юми сентябр аз ҷониби қариб тамоми шабакаҳои телевизионии Россия барномаҳо оид ба рӯзгор ва фаъолияти эҷодияш пахш гардиданд. Бахусус Шабакаи якуми телевизионии Россия «ОРТ» намоишномаҳои зиёди пурмуҳтаворо перомуни зиндагиномаи Иосиф Кобзон пешниҳод карданд, ки барои бинандаи муосир хеле тамошобоб буданд.
Иосиф Кобзон ба зиндагӣ, меҳнат муҳаббати хоса дошт. Яке аз коргардонҳои машҳури Шӯравӣ Владимир Минин дар бораи истеъдоди фавқултабии ӯ чунин навиша: «Офаридгор Иосиф Кобзонро бо ҳунар ва истеъдоди ниҳоят баланд байни мардум раҳнамун намудааст. Ин нобиғаи ҳунар дар кулвори сафарии ҳунарии хеш танҳо меҳру муҳаббатро нисбат ба олами мусиқӣ тӯша гирифтааст…».
Оре, ин марди ҳунарманд тавонист дар муддати ниҳоят кӯтоҳ дар дили миллионҳо нафар мухлисонаш, ки намояндаҳои миллату халқиятҳо гуногунанд бо истеъдод ва садои дилнишанаш маскан бигирад.
Аслан саргузашту савонеҳи одамиро дар ду давра меомӯзанд, агар яке айёми шубоб бошад, дигаре даврони камолот аст. Аммо дафтари зиндагиномаи ин марди ҳунарманд пур аз сафҳаҳои рангину хонданбоб буда, мазмунҳои зиёдеро дар бар гиифтааст.
Иосиф Кобзон 11-уми сентябри соли 1937 дар шаҳрчаи Часови Украина ба арсаи олам чашм кушодааст. Мутаассифона даврони кӯдакияш бо гуруснагӣ, сарсонию саргардонӣ пушти сар шуд. Дар синни чор солагияш Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз гардид ва падараш ба майдони ҷанг рафт. Онҳоро ба шаҳри Тошканд кучониданд ва соли 1944 бозпас ба ватанашон Украина, ба шаҳрчаи Краматорск баргаштанд. Аммо зиндагияшон хеле гарон ва сахт буд. Ин давраи ҳаёташро Иосиф Кобзон чунин ба ёд меорад: « Зиндагии қашоқона ва хеле вазнин доштем. Ба ёдам ҳаст модарам соли 1944 бароямон арчаи соли нави орост. Арча бо коғазҳои куҳнаю фарсудашудаи ранга оро ёфта буд. Дар як шохаи он мандаринеро модарам овехта буд ва мо се нафар фарзандон орзуи чашидани ҳамон мандаринро мекардем. Субҳ модарам мандаринро гирифта, ба ҳар яки мо баробар тақсим карданд. Шаҳди он мандарин то ҳанӯз аз ёдам намеравад…».
Падараш аз ҷанг баргашта дар шаҳри Маскав бо зане издивоҷ кард ва бо модари онҳо дигар зиндагӣ кардан нахост. Баъди чанде модараш ба худ ҳамсари нав интихоб намуд ва рӯзгори онҳо оҳиста оҳиста рӯ ба беҳбудӣ овард.
Соли 1944 шомили мактаби миёнаи рақами 6 шаҳри Краматорск шуд, сипас онҳо ба шаҳри Днепропетровск омаданд ва ӯ дар ҳамин шаҳр мактаби миёнаро ба итмом расонд.Баъди хатми мактаб ба техникуми куҳӣ дохил шуда, онро соли 1956 бо дипломи аъло ба итмом расонд.
«Суруд ҷони одам аст…» - мегуфт Иосиф Кобзон- ва агар чунин намебуд одамӣ онро ин қадар сахт дӯст намедошт. Дар зиндагӣ офаридае нест, ки ба суруду мусиқӣ баробар шуда тавонад…» Оре, ин гуфтаҳо сад дар сад дурустанд ва маҷоли таҳлили зиёдатиро надоранд.Одами пас аз шунидани суруди ба дил мақбул як ҷаҳон ғановати маънавӣ гирифта неру ва тавоноии равонию ҷисмонияшро зиёд мекунад.
Сонӣ ӯро ба хизмати ҳарбӣ даъват карданд ва маҳз дар аскарӣ нигоҳаш ба ҷаҳони мусиқӣ зиёд шуд ва ӯ дар ҳамсароии ҳарбӣ ширкат меварзид. Баъди хизмати ҳарбӣ ӯ дар ҳамсароии қасри донишҷӯёни шаҳри Днепропетровск иштирок намуда, аз нахустустодаш Леонид Терещенко дарси маҳорат омӯхт. Сипас, зиндагиномаашро ба шаҳри Маскав пайваст ва ин ҷо факултаи вокалии Донишкадаи давлатии мусиқӣ –омӯзгории ба номи Гнесин дохил шуда, онро бомуваффақият ба итмом расонд.
Мусиқӣ барои Иосиф Кабзон манзалати ниҳоят баланд дошт ва ӯро ҳунару маҳораташ ба қуллаҳои баланди эҷодӣ оварда расонданд. Репертуараи ӯ дорои сурудҳои ниҳоят зиёди хотирмонанд, ки дар тӯли солҳо сароида шудаанд. Сурудҳои, «Зиндагӣ, туро дӯст медорам», «Нигоҳ мекунам», «Рӯзи ғалаба», «Шаби тор», «Умед» ва боз ҳазорон сурудаҳои дигаре ҳастанд, ки дар хотири мардум абадан нақш бастаанд.
Иосиф қобзон ба мамлакатҳои зиёде сафари ҳунари намуда, номбардори давлати Россия гаштааст.
Овози Иосиф Кабзон ба гуруҳи овозҳои баритони драматикӣ-лирикӣ дохил шуда, лаҳни ниҳоят хуш ва ларзиши (тембр) зебое дорад.
Иосиф Кобзон дар давоми ҳаёти худ се маротиба хонадор шудааст ва ду нафар фарзанд дошта, соҳиби 10 набера буд. Ӯро да 28 шаҳрҳои дунёӣ ҳамчун шаҳрванди фахрӣ қабул намудаанд.
Дар 20 филмнома сурудҳои сароидаашро истифода бурдаанд, ки маъмултарини он филми «Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор» мебошад.
Ҳанӯз дар давраи дар қайди ҳаёт буданаш ба унвонии ӯ дар зодгоҳаш осорхона ва ҳайкалашро гузоштаанд. Иддае аз санъатварон то ҳанӯз шӯхиомез мегӯянд, ки Иосиф Кобзон яке аз нишонаҳои фарқкунандаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.
Инсони дар зоҳир ҷиддӣ , вале ниҳоят раҳмдилу накӯкор буд. Ба дармондагон ҳамеша дасти мадад дароз мекард.
Соли 1986-ум баъди садамаи неругоҳи барқӣ–атомии Чернобыл ба ин шаҳр меояд ва дар назди барқароркунандагони садамаи неругоҳ бо барномаи консертӣ чор соат баромад мекунад. Дар он давра ҳамагӣ 15-20 дақиқа дар як рӯз барои кормандон вақти кори ҷудо карда мешуд ва аз меъёр зиёд истодан ба саломатии инсон зарар меовард, аммо касе ӯро аз ин хатар хабардор накард.
Ҳамин тариқ оҳиста-оҳиста ҷисми ӯ заиф шудан гирифт ва соли 2000-ум баъди муоинаи навбатӣ духтурон ба бемории саратон гирифтор шуданашро ба ӯ хабар доданд. Ҳамагон гумон мекарданд, ки аз зиндагии ӯ рӯзҳои башумор мондааст, аммо Иосиф Кобзон баъди ифшои ин беморӣ 18 соли дигар умр диданд.
Мавриди зикр аст, ки чунин шахсиятҳо дар тӯли садсолаҳо аҳён-аҳён ба арсаи олам меоянд ва номбардори миллату халқиятҳои гуногун мешаванд. Иосиф Кобзон низ аз зумраи он инсонҳое буд, ки ҳунар ва истеъдоди олӣ дошт.Чунин соҳибистеъдон дар олами мусиқӣ дар қарнҳои 20-21 ба монандӣ Лучано Повороти, Дмитрий Александров, Монсеррат Кабале, Пласидо Доминго, Роберто Аланя тавонистанд оламшумул гарданд ва метавон дар қатори онҳо номи Иосиф Кобзонро низ ба забон овард.
Баъди маргаш ӯ зиёда аз се ҳазор сурудро барои роғибони олами мусиқии касбӣ боқӣ гузошт ва номашро абадзинда гардонд.

Тағоймурод Орифӣ









Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: