Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суханронӣ дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил

Суханронӣ дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил

1-09-2018, 10:00
Хабарро хонданд: 234 нафар
Назарҳо: 0
01.09.2018 09:08, шаҳри Душанбе

Устодону донишҷӯёни гиромӣ!
Муҳтарам роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ!
Ҳозирини арҷманд!

Ҳамаи шумо ва устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, хонандагону донишҷӯён, аҳли маориф, кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакатро ба муносибати оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва дарси сулҳ табрик мегӯям.

Соли нави таҳсил, ки бо дарси сулҳ шурӯъ мегардад, ҳар яки моро водор месозад, ки доир ба моҳияти сулҳ, аҳаммияти суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар шароити кунунӣ бори дигар андеша кунем.

Зеро масъалаи сулҳ дар ҳамаи давру замонҳо ва бахусус, дар шароити ниҳоят мураккаби ҷаҳони имрӯза аз ҷумлаи масоили ниҳоят муҳим буда, ҳифзи он шарти асосии пойдории ҳар як давлат ва дар маҷмӯъ, амнияту осудагии ҷомеаи башарӣ мебошад.

Сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, хусусан, барои мардуми шарифи тоҷик мафҳуми бисёр азиз буда, сокинони кишвари мо ба қадру манзалати ин неъмати ҳаётбахш бештар мерасанд.

Зеро халқи Тоҷикистон бар асари даргириҳои сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба зарбаи ҷонкоҳе гирифтор шуд, ки даҳшати онро ягон фарди солимфикри ҷомеаи мо ҳаргиз фаромӯш намекунад.

Мо хуб дар хотир дорем, ки дар он солҳо баъзе кишварҳо ба воситаи дастёрони худ, яъне роҳбарону фаъолони собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзат – хоиноне, ки барои қонеъ сохтани нафси бади хеш Ватан, миллат, таъриху фарҳанги миллӣ ва ҳатто мазҳабашонро фурӯхта буданд, мехостанд ба сари мардуми мо фарҳангу мазҳаби бегонаро таҳмил карда, дар Тоҷикистон давлати исломӣ барпо намоянд.

Ҳарчанд ки ҷанги таҳмилӣ дар кишварамон боиси қурбонии зиёд ва хисороти ниҳоят вазнин гардид, вале ин нақшаи шуми душманони миллати мо барбод рафт ва тири хоинони Тоҷикистон хок хӯрд.

Мардуми шарифи тоҷик дар атрофи Ҳукумати қонунӣ ва фарзандони огоҳу бонангу номуси худ муттаҳид шуда, сохти давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихобу пуштибонӣ карданд.

Бо дарназардошти сабақҳои талхи солҳои 90-ум ман шаҳрвандони кишварро доим ҳушдор медиҳам, ки ҳамеша ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар ғафлат намонанд.

Зеро солҳои охир дар натиҷаи торафт густариш пайдо кардани фаъолияти гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ вазъи ҷаҳон ба дараҷае ҳассосу печида ва мураккабу пешгӯинашаванда гардидааст, ки ягон кишвар кафолати эмин мондану дар канор будан аз ин раванди хатарнокро надорад.

Имрӯз дахолати берунаи харобкоронаву тақдирсӯзе, ки беш аз ду даҳсола қабл дар Тоҷикистони мо сурат гирифта буд, дар чандин кишвари Шарқи Наздик ва Миёна ва дигар минтақаҳои дунё, аз ҷумла Сурияву Ироқ, Тунису Яман, Афғонистон ва мамолики дигар амалӣ гардида, дар натиҷа садҳо ҳазор одамони бегуноҳ ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафари дигар ба тарки манзили зисту ватани худ маҷбур шудаанд.

Дар чунин шароит ҳимояи сулҳу оромӣ ба масъалаи муҳимтарин, аввалиндараҷа ва ҳаётии сокинони сайёра табдил ёфта, аз ҷумла ҳар яки моро низ водор месозад, ки ба қадри суботи комили сиёсии Ватани азизи худ расем ва онро чун неъмати бебаҳои зиндагиамон ҳифз намоем.

Мо насли наврас ва ҷавононро бояд дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия кунем.

Фарзандони мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки илму дониш омӯхтан, соҳиби касбу ҳунар шудан ва зиндагии осудаву фаъолияти самараноки онҳо дар оянда аз ин омили ҳаётбахш, яъне сулҳу оромии кишвар ва суботи сиёсии ҷомеа вобастагии мустақим дорад.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи захираву имкониятҳоро ба фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагиву таҳсили наврасону ҷавонон, яъне насли ояндасози миллат сафарбар кардааст.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани рушди илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои шуғлу варзиш маблағгузориро ба ин соҳаҳои афзалиятнок сол ба сол афзоиш медиҳад.

Танҳо соли равон дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 150 муассисаи нави таълимӣ ба маблағи 524 миллион сомонӣ барои 70 ҳазор нафар хонанда бунёд гардида, як қисми онҳо дар арафаи соли нави таҳсил ба истифода супорида шуданд ва қисми дигарашон то охири сол ифтитоҳ карда мешаванд.

Тибқи амре, ки 22 майи соли равон ба имзо расонидам, аъзои Ҳукумат, роҳбарони кумитаҳо, хадамоту агентиҳо, дигар сохтору мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳоро, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, вазифадор намудам, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, махсусан, дар деҳаҳои дурдаст барои бунёди иншооти таъиноти иҷтимоӣ, аз қабили муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва соҳаҳои хизматрасонӣ якҷо бо соҳибкорону тоҷирон ва сокинони маҳалҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

Бовар дорам, ки то соли 2021, яъне то ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон қисми зиёди мушкилоту масъалаҳои соҳаи иҷтимоӣ рафъ хоҳанд шуд.

Дар ин раванд мо ният дорем, ки то соли 2021 таъмиру таҷдид ва бунёди муассисаҳои таълимиро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат асосан ба анҷом расонем.

Як масъаларо хотирнишон менамоям, ки ба шарофати истиқлолият ва дар натиҷаи ғамхории доимии Ҳукумат ҳоло дар кишвар ҳамаи шаклҳои муассисаҳои таълимӣ - литсею гимназияҳо, литсейҳои Президентӣ ва мактабҳои байналмилалӣ барои хонандагони болаёқат, коллеҷҳо ва филиалҳои муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ фаъолият доранд, ки чанд даҳсола пештар касе доир ба таъсиси онҳо ҳатто фикр намекард.

Илова бар ин, имрӯз ҳазорҳо нафар ҷавонони тоҷик дар беҳтарин мактабҳои олии мамолики пешрафтаи ҷаҳон машғули омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар мебошанд.

Мо ба масъалаи ғамхорӣ нисбат ба кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамеша эътибори аввалиндараҷа медиҳем.

Масалан, танҳо музди меҳнати кормандони соҳаи маориф аз соли 2000-ум то соли 2018 беш аз 100 баробар зиёд карда шудааст.

Бо мақсади идома бахшидан ба раванди беҳсозии шароити моддии кормандони соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ рӯзи 14 августи соли ҷорӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баланд бардоштани андозаи музди меҳнати онҳо ба имзо расид, ки ҳамаи шумо аз ин иқдом хабар доред.

Ҳозирини гиромӣ!

Тибқи таҳлилҳо солҳои охир сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии кишвар беҳтар шуда истодааст.

Як қисми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, бахусус, литсею гимназияҳо ба омӯзиши илмҳои дақиқу табиӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ афзалият дода, дар ин самт ба пешравиҳо ноил гардидаанд.

Ҳоло ислоҳоти зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бомаром амалӣ шуда истодааст.

Дар натиҷа сатҳу сифати тайёр кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ имрӯз рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

Дар маҷмӯъ, навсозӣ дар низоми таҳсилоти олии касбӣ ва пас аз таҳсилоти олии касбӣ бомаром идома ёфта, бо татбиқ гардидани усулҳои нави таълим дар аксари ихтисосҳо беҳбудӣ ба мушоҳида мерасад.

Ҳоло доираи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон васеъ гардида, шавқу рағбати онҳо ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар зиёдтар гардидааст.

Сатҳи маърифат, одобу ахлоқ ва саъю талоши насли имрӯза, яъне фарзандони замони истиқлолият моро ба ояндаи неки онҳо эътимод мебахшад. Итминон дорам, ки насли ояндасози мо минбаъд низ ба омӯзиши илмҳои муосир ва ҳифзи арзишҳои миллӣ эътибори бештар хоҳад дод.

Дар баробари дастовардҳои зикршуда дар баъзе муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъд аз таҳсилоти олии касбӣ сифати таълим ва сатҳи дониш ҳанӯз ба стандартҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои талаботи давлатӣ ҷавобгӯ нест.

Чунин вазъ дар низоми таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъди таҳсилоти касбии соҳаи тандурустӣ низ ба мушоҳида мерасад.

Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки имрӯз бо шумо мулоқот карда, фикру мулоҳизаҳои худро доир ба дастоварду пешравиҳо, натиҷаҳои ислоҳоту навсозӣ, татбиқи консепсияву барномаҳои давлатии соҳаи тандурустӣ, сатҳи донишу малакаи донишҷӯёни муассисаҳои таълимии соҳа ва мушкилоти дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавҷуда баён намоем.

Ҳадафи стратегии давлату Ҳукумат дар соҳаи тандурустӣ бо роҳи ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим таъмин намудани солимии аҳолӣ, беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои дарозумрии инсон, паст намудани сатҳи беморӣ, маъюбӣ, фавти модару кӯдак, пешгирӣ кардани бемориҳои гуногуни сироятӣ, баланд бардоштани сифати кумаки тиббиву санитарӣ, назорати бехатарии маводи доруворӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа мебошад.

Бори дигар таъкид менамоям, ки солимии миллат боигарии давлат аст.

Ба хотири расидан ба ин ҳадаф мо, пеш аз ҳама, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти тиббиро таҳким бахшидем.

Аз ҷумла дар даврони истиқлолият мо як қатор қонунҳои соҳаи тибро таҳия ва тасдиқ намудем, ки дар онҳо барои рушди соҳаи тандурустӣ заминаи меъёрии ҳуқуқии муосир фароҳам оварда, вазифа ва уҳдадориҳои кормандони соҳа, муассисаҳои табобативу пешгирикунанда ва дигар сохторҳои хизматрасонӣ дар ин самт муайян ва мушаххас гардидаанд.

Соли гузашта Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар он 16 қонуни соҳавӣ муттаҳид карда шудааст.

Ҳукумати мамлакат маблағузории соҳаи тандурустиро сол ба сол зиёд мекунад. Дар муддати бисту ҳафт сол маблағгузории соҳа қариб 1600 баробар афзоиш ёфта, аз як миллион сомонии соли 1992 ба 1 миллиарду 550 миллион сомонӣ дар соли 2018 расидааст.

Музди меҳнати кормандони соҳа нисбат ба солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ 315 баробар афзоиш ёфтааст.

Илова бар ин, Ҳукумати мамлакат тавассути 95 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба соҳаи тандурустӣ, дар маҷмӯъ, беш аз як миллиарду 800 миллион сомонӣ равона намудааст.

Дар даврони истиқлолият, дар маҷмӯъ, зиёда аз 1500 муассисаи тандурустӣ бунёд ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардида, аз ҷумла фақат дар панҷ соли охир беш аз 120 беморхона, 210 маркази саломатӣ, 80 дармонгоҳ, 250 бунгоҳи тиббӣ ва 56 корхонаву коргоҳҳои соҳа сохта, ба истифода супорида шудаанд.

Дар назар аст, ки дар се соли минбаъда, яъне то ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз зиёда аз 1000 муассисаи тиббии нав – марказу бунгоҳҳои саломатӣ, беморхонаҳо, таваллудхонаҳо барои 10-15 кат, марказҳои ташхис, утоқҳои муҷаҳҳаз барои хатна бунёд ва бо таҷҳизоту лавозимоти муосири тиббӣ таъмин гардонида, ба истифодаи сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар супорида шаванд.

Афзоиши мунтазами аҳолӣ талаб мекунад, ки мо барои соҳаҳои тандурустиву маориф боз ҳам муассисаҳои бештар бунёд кунем.

Соли 2017 ва шаш моҳи соли ҷорӣ дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 24 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва 78 бунгоҳи тиббӣ ба фаъолият оғоз кардаанд, ки ҳамаи онҳо бо таҷҳизоту технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Таъсис ёфтани чунин муассисаҳои тиббӣ имкон дод, ки дар кишвар як қатор амалҳои муосири ҷарроҳиву табобат гузаронида шаванд ва шумораи шахсоне, ки барои ҷарроҳӣ ба хориҷи кишвар мераванд, кам гардад.

Бо вуҷуди пешравиҳои зикршуда, дар фаъолияти як қатор муассисаҳои соҳа мушкилоте ба назар мерасанд, ки ҳалли онҳо аз роҳбарону масъулони соҳа ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста мебошад.

Масалан, қисме аз муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла беморхонаҳо ва дармонгоҳҳо таъмирталаб буда, дар баъзеи онҳо таҷҳизоти муосир намерасад.

Дар кишвар ҳоло қариб 1300 озмоишгоҳ дар сохтори дармонгоҳу беморхонаҳо ва 116 озмоишгоҳи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият мекунад, ки вазифаи онҳо бо истифода аз технологияҳои муосир ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ташхис ва муайян кардани бемориҳо мебошад.

Вале тибқи маълумоти мақомоти дахлдор дар бештари озмоишгоҳҳо сатҳи касбияти кормандон, малакаи истифодаи таҷҳизоти муосир ва сифати хизматрасонӣ қонеъкунанда нест.

Бо дарназардошти ин, зарур аст, ки сатҳу сифати фаъолияти озмоишгоҳҳо ҳамаҷониба баррасӣ гардида, кормандони онҳо аз аттестатсия гузаронида шаванд.

Мо Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ”, яъне санҷиширо ба истифода додем, ки айни ҳол фаъолияти пурраи он ба роҳ монда шудааст.

Аз рӯи маълумот ҳоло ин муассиса танҳо ба қисми аҳолӣ хизматрасонӣ карда, дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо нуқтаҳои худро таъсис надодааст.

Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки доир ба фарогирии ҳамаи озмоишгоҳҳои кишвар тавассути санҷишҳои референсӣ, ки дар онҳо дурустии ташхисҳо бори дигар санҷида мешавад, тадбирҳои иловагӣ андешад.

Дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли равон ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони гурӯҳҳои корӣ вазифадор карда шудаанд, ки то соли 2021 якҷо бо соҳибкорон бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла марказу бунгоҳҳои саломатӣ ва таваллудхонаҳоро вусъат дода, аз натиҷаи корҳо ҳар шаш моҳ гузориш пешниҳод созанд.

Тавре ки медонед, мо дар баробари дастгирии муассисаҳои тиббиву беморхонаҳои давлатӣ барои рушди муассисаҳои тибби хусусӣ низ ҳамаи заминаҳои заруриро фароҳам овардаем.

Ҳоло дар кишвар 681 муассисаи хусусии тиббӣ, аз ҷумла 382 муассиса бо мақоми шахси ҳуқуқӣ ва 55 филиал, инчунин, 301 муассисаи марбут ба шахсони воқеӣ фаъолият мекунад.

Дар чунин муассисаҳо 1600 нафар табибон ва 1500 нафар кормандони миёнаи тиб кор мекунанд.

Имрӯз дар мамлакат 58 беморхонаи хусусӣ, 22 маркази ташхис, 69 озмоишгоҳ, 4 маркази дорусозӣ ва зиёда аз 2300 дорухона таъсис дода шудааст.

Қобили таъкид аст, ки баъзе муассисаҳои тибби хусусӣ солҳои охир сатҳу сифати хизматрасониро ба мардум хеле беҳтар ба роҳ мондаанд.

Ҳамчунин, якчанд корхонаҳои муштарак бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ таъсис ёфтаанд, ки онҳо низ ба аҳолии мамлакат хизмат мерасонанд.

Бори дигар хотирнишон месозам, ки тавассути фаъолияти босамари муассисаҳои тиббии мамлакат, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идории онҳо, ҳоло шумораи шахсоне, ки барои ташхису табобат ба хориҷи кишвар сафар мекарданд, бамаротиб коҳиш ёфтааст.

Бо вуҷуди ин, роҳбарон ва муассисони чунин шифохонаву марказҳои тиббиро зарур аст, ки ба касбомӯзии ҷавонони кишвар ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо мусоидат намоянд ва таҷрибаи пешқадамро дар мамлакат ҳарчи бештар амалӣ созанд.

Мо низ муассисаҳои хусусиро ҳаматарафа дастгирӣ мекунем ва ба рушди фаъолияти тибби хусусӣ аҳаммияти хосса медиҳем.

Лекин аз рӯи баъзе маълумот дар як қисми ин муассисаҳо таҷҳизоту технологияҳои кӯҳна, маводи дорувории пастсифат, муҳлаташ гузашта, бо роҳи қочоқ воридгардида ва аз ташхис нагузашта истифода мешаванд.

Баъзе марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳои муштарак низ ба чунин камбудӣ роҳ медиҳанд.

Дар кишвар 254 муассисаи хусусии табобати дандон фаъолият мекунад, ки вазъи қисме аз онҳо ташвишовар мебошад.

Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки дар аксари муассисаҳои хусусии табобати дандон меъёрҳои соҳаи тандурустӣ риоя намешаванд ва қисми зиёди утоқу таҷҳизоти онҳо ба талаботи беҳдоштӣ мутобиқат намекунад. Чунин вазъ боиси ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шудани одамоне мегардад, ки ба чунин муассисаҳо муроҷиат мекунанд.

Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки якҷо бо Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои зикршуда чораҳои қатъӣ андешад.

Ҳамзамон бо ин, вазорат якҷо бо Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо сифати доруворӣ, таҷҳизот ва дигар воситаҳои техникиро зери назорати қатъӣ қарор диҳад.

Бояд гуфт, ки масъалаи вобаста ба воридоти доруворӣ боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.

Дар баробари ин, назорати сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ҳанӯз ҳам дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Агар соли 2000 ба кишвар ба маблағи 25 миллион сомонӣ маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид гардида бошанд, ин рақам дар соли 2017 қариб ба 450 миллион сомонӣ расидааст, ки 18 баробар зиёд мебошад.

Танҳо дар шаш моҳи соли 2018-ум 92 тонна маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишиву гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодаашон гузашта ва бе сертификати мутобиқат нобуд карда шудаанд.

Аз гузоришҳо маълум мегардад, ки қисме аз чунин маводи доруворӣ ба тариқи қочоқ ворид ва дар дорухонаҳо ба фурӯш бароварда мешаванд.

Мутобиқи иттилои Прокуратураи генералӣ солҳои охир шахсони алоҳидаи воқеӣ ва ҳуқуқӣ бархилофи талаботи қонунгузорӣ, бе иҷозатнома, шаҳодатномаи сифат, бақайдгирии давлатии маводи доруворӣ ва аттестатсияи фаъолияти фармасевтӣ, яъне ғайриқонунӣ ба воридот, содирот, коркард, тайёр намудан, озмоиш ва фурӯши маводи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгӯ набуда машғуланд.

Аз ин лиҳоз, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода мешавад, ки дар масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла доир ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ, бахусус, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои воридоту муомилоти маводи дорувории бесифат, қалбакӣ ва муҳлати истифодааш гузашта, қочоқи доруворӣ ва истеҳсолу фурӯши маводи ғайристандартӣ чораҷӯӣ намояд.

Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки ҷавобгарии табибон, аз ҷумла дандонпизишкон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо барои ба бемориҳои сироятӣ гирифтор намудани шаҳрвандон баланд бардошта шавад.

Дорухонаҳое, ки доруворӣ ва маводи тиббии бесифат, муҳлаташ гузашта, қалбакӣ ва бо роҳи қочоқ воридшударо ба фурӯш мебароранд, аз иҷозатнома маҳрум карда, барои чунин амал ҳатто ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шавад.

Инчунин, барои кормандони муассисаҳои табобати дандон, сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн, ки боиси ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани одамон мегарданд, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ ворид карда шавад.

Ҳозирини арҷманд!

Имрӯз дар кишвар сатҳи фавти модару кӯдак коҳиш ёфтааст.

Аз рӯи маълумоти оморӣ фавти модарон 24,1 нафар ба 100 000 зиндатаваллуд ва фавти кӯдакони то панҷсола 21 нафар ба 1000 зиндатаваллудро ташкил медиҳад.

Вале ҳамин нишондиҳанда низ моро водор месозад, ки ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешем.

Таҳқиқоти солҳои охир нишон медиҳад, ки дар байни кӯдакони то панҷсола аз панҷ як нафар қадпастӣ, аз чор як нафар камхунӣ ва аз даҳ як кӯдак камвазнӣ дорад.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар як сол 1300-1400 нафар кӯдакони маъюб ба қайд гирифта мешаванд, ки 55-60 фоизи онҳо дар натиҷаи никоҳи хешутабории наздик ба дунё омадаанд.

Дар раванди пешгирӣ кардани пайомадҳои нохуши никоҳи хешутабории наздик, таваллуди кӯдакони маъюб ва паст намудани беморшавӣ ва маъюбӣ дар байни онҳо дар асоси нақшаи тасдиқкардаи Ҳукумати Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ин масъала боз ҳам мукаммал гардонида шуд.

Мақсади асосии муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда - таъмини ҳуқуқи конститутсионии онҳо ба ҳаёт ва саломатӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули оилаи солиму хушбахт ва пешгирӣ кардани таваллуди кӯдакони маъюб мебошад.

Тибқи супориши Ҳукумати мамлакат дар муассисаҳои тиббӣ ҳуҷраҳои махсус барои хатна ва ҳуҷраҳои модару кӯдак таъсис дода шуда, айни ҳол ба таври ройгон фаъолият карда истодаанд.

Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ахолӣ соли 2017 ҳамагӣ 18 ҳазор нафар кӯдакон хатна шуда, дар 6 моҳи соли 2018 зиёда аз 33 ҳазор нафар кӯдакон ба таври ройгон хатна карда шудаанд, ки аз ин шумора қариб 3000 нафар кӯдакони синни то 20-рӯза мебошанд.

Ҳол он ки дар як сол ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон 106 ҳазор кӯдак таваллуд мешавад. Аз ин шумора 55 ҳазор нафар писар буда, дар як сол ҳамагӣ 60 фоизи онҳо хатна карда мешаванд.

Бо мақсади аз сирояти ҳар гуна бемориҳо эмин нигоҳ доштани кӯдакон ва ҳифзи саломативу вазъи рӯҳии онҳо супориш дода мешавад, ки дар кишвар фаъолияти устоҳо ё табибони хатнакунанда пурра қатъ карда, амалиёти хатна танҳо дар муассисаҳои тиббӣ ва тавассути ҷарроҳони касбӣ анҷом дода шавад.

Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад.

Яъне гурӯҳҳои маъюбу осебпазири ҷомеа зери ҳимояи доимии давлат қарор доранд. Ҳоло дар тобеияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 97 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият мекунад.

Имрӯз дар кишвар зиёда аз 650 000 нафар нафақахӯрон, аз ҷумла 150 000 нафар маъюбон ба қайд гирифта шудаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ шумораи умумии кӯдакони маъюб ба ҳолати 1 апрели соли 2018-ум 26 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Нафақаи маъюбӣ (иҷтимоӣ) барои кӯдакони маъюб ба ҳисоби миёна дар як моҳ – 224 сомонӣ (ҳаҷми маблағгузории солона қариб 6 миллион сомонӣ) мебошад, ки аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад.

Ҳоло шумораи кӯдакони маъюб, ки дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигоҳубин карда мешаванд, қариб 2000 нафарро ташкил медиҳанд.

Маблағгузории нигоҳдории кӯдакони маъюб-бошандагони муассисаҳои будубоши доимии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар як сол зиёда аз 24 миллион сомонӣ буда, барои як нафар кӯдаки маъюб беш аз 14 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумот то ҳол дар баъзе шаҳру ноҳияҳо аксари кӯдакону наврасоне, ки бо сабаби никоҳи хешутабории наздик ба маъюбӣ гирифтор шудаанд, ҳам аз кумаки аввалияи тиббӣ ва ҳам аз таҳсилот дур мондаанд.

Ҳол он ки мо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсияи хизматрасонии фарогири тиббиро тасдиқ кардем, ки дар асоси он ҳар як маъюб бояд таҳти назорати кормандони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ бошад.

Соҳаи дигаре, ки бояд ислоҳу таҷдид карда шавад, соҳаи фарматсевтӣ мебошад.

Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ то ба имрӯз дар кишвар 32 корхонаи хурду калони истеҳсоли доруворӣ ва гиёҳҳои шифобахш ва беш аз 2 300 дорухона фаъолият мекунад.

Дар корхонаву коргоҳҳои соҳа ҳамагӣ 242 номгӯи маводи тиббиву доруворӣ истеҳсол мешавад.

Ин ҳамагӣ 8 фоизи талаботи аҳолиро ташкил дода, 92 фоизи маҳсулоти доруворию бастабандӣ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад, ки ин нишондиҳанда моро қонеъ карда наметавонад.

Ҳол он ки дар кишвар аз нигоҳи қонунгузорӣ барои бунёди корхонаҳои дорусозӣ тамоми шароит муҳайё карда шудааст.

Ҳарчанд ки мо аз гиёҳҳои шифобахш баъзе намудҳои дорувориро омода карда истодаем, вале имконоту захираҳои Тоҷикистон, ки дар ҳудуди он зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифоӣ мавҷуданд, ҳоло ҳам самарабахш истифода нашуда истодаанд.

Доир ба ин масъала ман дар паёми навбатии худ таъкид карда будам.

Дар баъзе беморхонаҳо ва осоишгоҳҳо табобат бо усули гиёҳдармонӣ ба роҳ монда нашудааст, ҳол он ки ҳамаи навъҳои набототи мо ба табобат мусоидат карда, қисме аз онҳо аз ҷониби соҳибкорон ба хориҷа бароварда мешавад.

Аз ин рӯ, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо соҳибкорони ватанӣ ва бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои дорусозӣ, истеҳсоли дору аз гиёҳҳои шифобахши кишвар ва рушди саноати дорусозӣ чораҷӯӣ карда, барои зиёд намудани номгӯи доруворӣ ва маводи бастабандӣ тадбирҳои ҷиддиро амалӣ намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди илм ва тарбияи кадрҳои баландихтисос диққати аввалиндараҷа дода, маблағгузориро дар ин самт мунтазам зиёд карда истодааст.

Зеро мо метавонем мушкилоти мавҷудаи Ватанамонро тавассути илм бартараф созем ва барои рушди бомароми иқтисоди миллӣ заминаи боз ҳам мусоид фароҳам орем.

Бо ин мақсад мо дар сохтори Вазорати тандурустӣ Академияи илмҳои тибро таъсис додем, ки кормандони он бо корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғул шаванд.

Ҳоло дар соҳаи тиб 16 муассисаи илмӣ амал менамояд, ки аз ин шумора 11 муассиса дар даврони соҳибистиқлолӣ таъсис ёфтааст.

Дар ин марказҳои илмӣ олимону донишмандони ботаҷриба кору фаъолият доранд ва дар аксари онҳо шӯроҳои илмӣ таъсис ёфта, масъалаҳои муҳимми илми тибро баррасӣ мекунанд.

Бо вуҷуди чунин шароиту имкониятҳо дар соҳаи илми тиб ихтироъкорӣ, гирифтани патентҳо ва сертификатҳо кам мебошад.

Дар панҷ соли охир олимони соҳаи тиб ҳамагӣ ба 221 ихтирооту патент ва 447 пешниҳоди навоварӣ (сертификат) соҳиб шудаанд, ки қонеъкунанда нест.

Бинобар ин, роҳбарони муассисаҳои илмии соҳаи тибро зарур аст, ки аз ҳисоби ҷавонон ва мутахассисони боистеъдоду ихтироъкор гурӯҳҳои таҳқиқотӣ ташкил дода, якҷо бо олимони физика, кимиё, техника ва технология доир ба кашфиёту ихтирооти нав чораҷӯӣ намоянд.

Бо таъсис ёфтани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар 40 шӯрои диссертатсионӣ ташкил гардидааст, ки аз онҳо 4 шӯро ба соҳаи тандурустӣ алоқаманд мебошад.

Ба назари мо, вақти он расидааст, ки илми тиб баробари дигар илмҳои соҳавӣ бояд навсозӣ гардад ва рушди он таъмин карда шавад.

Масъалаи тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумат ба ҳисоб меравад.

Дар стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои давлатӣ масъалаи таҳкими иқтидори кадрӣ махсус таъкид ёфта, ҷадвали тайёр кардани кадрҳо вобаста ба шаҳру ноҳияҳо тасдиқ гардидааст.

Қобили зикр аст, ки имрӯз қариб 70 фоизи кормандони соҳаҳои маориф ва тандурустиро занон ташкил медиҳанд.

Ин нишондиҳанда гувоҳи возеҳи ғамхориву дастгирии Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Ҳоло дар дар Тоҷикистон 70 500 нафар кормандони тиб фаъолият доранд.

Вале дар айни замон беш аз 4200 нафар табибон ва зиёда аз 2200 нафар ҳамшираҳои шафқат намерасанд, ки асосан ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мансуб мебошанд.

Ин ҳолат низ ташвишовар буда, ислоҳи саривақтӣ мехоҳад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии хориҷи кишвар 530 нафар таҳсил мекунанд, ки 85 нафари онҳо аз ҳисоби стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон “Дурахшандагон” мебошанд.

Дар мамлакат 23 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ, аз ҷумла 8 муассисаи ғайридавлатӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 36 500 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд.

Дар фаъолияти коллеҷҳои тиббии давлативу хусусии аксарияти шаҳру ноҳияҳо камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои миёнаи касбии соҳаи тандурустӣ ғайриқаноатбахш мебошад.

Илова бар ин, то ба ҳол на ҳама китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ таълиф гардидаанд.

Бинобар ин, ба вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода мешавад, ки дар ин самт чораҳои иловагии зарурӣ андешанд.

Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби ҳамшираҳои тиббӣ беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд.

Аз ин рӯ, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешаванд, ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи тиббӣ, хусусан, коллеҷҳои тиббии ғайридавлатиро ҳамаҷониба санҷида, хулосаи худро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Ҳоло дар кишвар се муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба тайёр кардани мутахассисони соҳаи тиб машғул аст. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дорои биноҳои муосири таълимӣ, клиникаҳо ва озмоишгоҳҳои замонавӣ мебошад.

Соли 2017-ум 1288 нафар мутахассисони ҷавон ин донишгоҳро хатм кардаанд.

Зикр бояд кард, ки сатҳи дониш ва малакаи амалии хатмкунандагони ин муассисаи таълимӣ низ беҳбудиро талаб мекунад.

Ҳамчунин, таъкид месозам, ки диққати асосӣ на ба шумора, балки ба сифати таълим ва сатҳи касбияти донишҷӯёну хатмкунандагон дода шавад.

Дар баробари ин, дастрасии донишҷӯён ба корҳои ташхису табобат ва муошират бо беморон бояд беҳтар карда шавад.

Соли 2016 бо мақсади бартараф кардани норасоии кадрҳо дар соҳаи тандурустӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъсис дода шуд, ки ҳоло дар он зиёда аз 1100 нафар донишҷӯён таҳсил доранд.

Мушкилоти асосии донишгоҳи мазкур то ҳанӯз муҳайё нагардидани заминаи зарурии моддиву техникӣ ва нарасидани устодону омӯзгорони дорои дараҷаву унвонҳои илмӣ мебошад. Вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохтору мақомотро зарур аст, ки дар ин самт чораҳои дахлдор андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳукумати кишвар дар идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ пайкараи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синоро дар шаҳраки “Шифобахш” ва дар байни бинои марказии Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи ин алломаи бузург, ки аз нав қомат рост карда истодааст, ҷойгир намуд, ки он рамзи ҷовидонаи эътибори илми тибби тоҷик мебошад.

Ман борҳо таъкид кардаам, ки вориси Абӯалӣ ибни Сино будан танҳо доштани маълумоти олии тиббӣ ва пӯшидани хилъати сафед нест, балки идома додани афкору андеша ва маҳорати касбии ин чеҳраи нотакрори Шарқ мебошад.

Ба қарибӣ Анҷумани умумимиллии табибони кишвар Кодекси ахлоқи табибони Тоҷикистонро қабул намуд, ки дар он «Савганди табиби Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қаблан «Қасами Гиппократ» мегуфтанд) ҳамчун роҳнамо ва меъёри ахлоқиву башардӯстонаи ҳар як табиб тасдиқ гардид.

Вобаста ба ин, кормандони соҳаи тибро зарур аст, ки ба савганди худ ҳамеша содиқ бошанд ва ба халқи азизамон софдилона хизмат кунанд.

Бовар дорам, ки табибони мо ба нафъи ҷомеа ва солимии он минбаъд талоши бештар карда, сазовори ҳурмату эҳтироми умум мегарданд.

Дӯстони азиз!

Илму дониш дар миёни мардуми мо аз қадим мақоми хос дошт ва мардуми бофазлу ҳунари тоҷик ба ин манбаи маърифат ҳамеша арҷ мегузоштанд.

Мо низ бояд суннатҳои неки гузаштагонамонро эҳтиром намоем, аз усулҳои муосири таълиму тарбия истифода кунем, доираи донишу маърифат ва камолоти маънавии насли навраси кишварамонро тавсеа бахшида, дар зеҳни онҳо эҳтиром гузоштан ба муқаддасот ва рукнҳои давлатдориро ҷой намоем, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонем.

Ҳамаи шумо, ҳозирини гиромиро ба ифтихори ҷашни бузурги миллиамон – солгарди истиқлолияти давлатӣ, ки баъди чанд рӯз фаро мерасад, самимона табрик гуфта, бовар дорам, ки роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф ва масъулони муассисаҳои таълимӣ ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта эътибори ҷиддӣ дода, ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имрӯз кӯшишу талоши дучанд мекунанд ва дар ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон ҳиссаи арзишманди худро мегузоранд.

Бори дигар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ба ҳамаи сокинони мамлакат муборак бошад!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: