Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВАТАНРО ҲАМЕША ОБОДУ ЗЕБО НИГОҲ МЕДОРЕМ!

ВАТАНРО ҲАМЕША ОБОДУ ЗЕБО НИГОҲ МЕДОРЕМ!

29-08-2018, 07:31
Хабарро хонданд: 418 нафар
Назарҳо: 0
ВАТАНРО ҲАМЕША ОБОДУ ЗЕБО НИГОҲ МЕДОРЕМ!
Масъалаи муборизаи дастаҷамъона бо терроризму ифротгароӣ ва ҳамагуна зуҳуроти номатлуб имрӯз дар меҳвари фаъолияти ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ қарор гирифтааст. Зеро ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон террорист Ватан миллат ва дину мазҳаб надорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаассифона иддае аз фарзандони нохалаф ҳузур доранд, ки ба қадри сулҳу субот ва оромӣ нарасида, бар муқобили сохти конститутсионии кишвар садо баланд менамоянд, ки яке аз ин нохалафон роҳбари ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ мебошад. Роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳамсафони гумроҳаш гумон мебаранд, ки мардуми Тоҷикистон аз корҳои кардаи ин қабил афроди беватан огоҳ нестанд.
Маҳз наҳзатиҳо чунон ба модар-Ватан рафтори гумроҳона, хиёнат карда истодаанд, ки ҳадду канор надорад. Агар ба фаъолияти ин хоинон мушоҳида намоем, чунин ба назар мерасад, ки кору рафтори инҳо дар заминаи дастуру супоришҳои хоҷагонашон амалӣ гардида, танҳо нияту мақсадҳояшон гумроҳкунии мардум ва бахусус ҷавонон буда, мехоҳанд кишвари демокративу озоду соҳибистиқлоли моро ба кишвари исломии хоҷагонашон мубаддал гардонанд. Зеро бо гирифтани кӯмакҳои хоҷагон қисме аз онро барои тарғибу ташвиқи расму ойин, фарҳангу мазҳаб ва андешаҳои ғаразноки хоҷагонаш ба наҳзатиҳои намакзада тақсим намуда, қисми дигарашро барои ҳаёти шахсии хеш ва қисмати боқимондаро ба фитнагарон барои барангехтани сару садо ва бофтани найрангу буҳтон тақсим менамоянд.
Албатта дар ин кор аллакай Кабирӣ таҷрибаи калон дорад. Бинобар ин Кабирӣ, ки аз хоҷагонаш маблағҳои муфт ва бедардимиёнро ҳамарӯза соҳиб мешавад, намехоҳад аз чанги хоҷагонаш раҳо шавад. Ин хоинон супориш ва дастури хоҷагони хеш ва маблағи муфтро аз дидори гарми волидайн боло гузошта, ҳатто аз онҳо рӯй гардонидаанд. Мо ҷавонони худогоҳу хештаншинос рафтору кордори чунин бешарафонро маҳкум менамоем, намегузорем, ки дигарбора ин нохалафон ҷавонони моро гумроҳ кунанд!
Хушбахтона мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватан зери раҳнамоиву пуштибонӣ ва ҳидоятҳои падаронаи Пешвои маҳбубу ғамхор ва Сарвари оқилу дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ таълиму тарбия гирифта, ҳамагуна буҳтон ва туҳматҳои беасоси наҳзатро, ки дар маҷмуъ бар зидди арзишҳои милливу мазҳабии мо равона гардидааст маҳкум менамоем ва намегузорем, ки наҳзатиҳои разил бори дигар мисли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо хоҷагонашон ҳамсолони моро гумроҳ намуда, онҳоро муқобили сулҳу оромӣ ба камол расонанд.

Рустам Ғуфронов, донишҷӯи курси 3, ДПДТТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: