Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷавонон – меросбари ҳунарҳои мардумӣ

Ҷавонон – меросбари ҳунарҳои мардумӣ

20-08-2018, 10:13
Хабарро хонданд: 171 нафар
Назарҳо: 0
Ҷавонон – меросбари ҳунарҳои мардумӣ
Халқи тоҷикро маҳз аз рӯи ҳунарҳои мардумиаш дар байни дигар халқу миллатҳо ҳамчун халқи дорои тамаддуни баланди ҳунарҳои мардумӣ шинохтаву эътироф менамоянд. Таърих гувоҳ аст, ки гузаштагони мо кӯшиш менамуданд, ки аз овони хурдсолӣ насли наврасро дар рӯҳияи ҳунаромӯзӣ тарбия ва ба камол расонанд.
Мутафаккирони тоҷику форс ба падару модар пайваста таъкид намудаанд, ки фарзандони худро дар рӯҳияи ҳунармандӣ тарбия ва ба камол расонанд. Махсусан Аҳмади Дониш барои тарбияи меҳнатии фарзандонаш Абулкарим ва Асад дар китоби «Дар васоёи фарзандон ва баёни ҳақиқати касбҳову пешаҳо» қайд намудааст, ки одам ҳунар омӯхта соҳиби касб мегардад ва ба меҳнати худ зиндагӣ мекунад, дар ӯ мақсадҳои нав пайдо мешавад.
Мувофиқи ақидаи ӯ инсон дар давраи тифлӣ серҳаракат буда, бештари вақти худро ба бозӣ мегузаронад. Вале оҳиста – оҳиста дар таъсири калонсолон характери худро дигар карда, оромона рафтор менамояд, зиндагиро мушоҳида карда, бо неъматҳои гуногуни ҳаёт ошно мешавад ва дар эҳтиёҷоти худ аз ин неъматҳо истифода мебарад. Барои пул пайдо кардан бошад, меҳнат кардан, ҳунар омӯхтан ва соҳиби касб гардидан лозим аст. Барои он ки насли наврас ба зиндагӣ тайёр шавад, Аҳмади Дониш ба онҳо тавсия додааст, ки касбу ҳунар омӯзанд. Ба ақидаи ӯ дар вақти интихоби касб ва омӯхтани дониш инсон на манфиатҳои шахсӣ, балки манфиатҳои одамони дигар ва манфиати ҷамъиятро ба назар гирад. Касбу ҳунарҳое, ки ҷавонон аз худ мекунанд, барои ҷамъият ва аъзоёни он фоидаовар бошад.
Аҳмади Дониш ба интихоби касбу ҳунар диққати махсус дода таъкид намудааст, ки ҳар як ҷавон бояд ба хоҳиши худ касби фоидаовар ва дӯстдоштаашро интихоб намояд. Ба фарзандонаш муроҷиат намуда гуфтааст, ки пеш аз оне, ки ба касб шуғл варзед, онро пурра омӯзед, интихоби шумо мувофиқи хоҳишатон бошад ва дар бораи ҳамаи касбу ҳунарҳо ва ҷиҳатҳои хубии онҳо маълумот додааст.
Аҳмади Дониш аҳли қаламро аз дигар ҳунарҳо афзалтар донистааст. Ӯ аз худ намудани касбу ҳунарҳоро ба омӯхтани илму дониш дар алоқамандӣ дида ба касбу ҳунар тайёр кардани одамон диққати ҷиддӣ додааст ва таъкид кардааст, ки касбу ҳунар бояд характери амалӣ дошта бошад ва ба манфиати халқ хизмат кунад.
Масъалаи дар рӯҳияи ҳунармандӣ тарбия намудани насли наврас Саъдии Шерозӣ низ диққати махсус дода, дар боби 7 – уми «Бӯстон» гуфтааст. Писарро хирадманд ва парҳезкор ба воя расон ва касбу пеша мувофиқи имконият ёд деҳ. Мақсади асосии барномаи таълимиро Саъдии Шерозӣ дар тарбия, ахлоқ, омӯхтани касбу ҳунар донистааст. Чунончи ӯ фармудааст: «Ҳокиме писарро панд ҳаме дод, ки ҷонони падар ҳунар омӯзед, ки мулк ва давлати дунё эътимодро намояд. Ба симу зар сафар хатар аст ё дузд ба як бор баробар ё хоҷа ба тавфиқ бихӯрад, аммо ҳунар чашмаи зояндаест ва давлати поянда. Агар ҳунарманд аз давлат афтад, ғаме набошад, ки ҳунар дар навбати худ давлат аст. Ҳунарманд ҳар ҷо равад, қадр бинад ва дар курсӣ шинад ва беҳунар дар қафо шинад, луқма чинад ва ҳастӣ бинад». Таъкид кардааст, одаме ки ба меҳнат одат накардааст ва ягон ҳунар наомӯхтааст, дар зиндагӣ ба мушкилот дучор мешавад.
Абулқосим Фирдавсӣ ба масъалаи омӯхтани касбу ҳунар диққати махсус зоҳир намудааст. Ба ақидаи ӯ аз худ намудани касбу ҳунар сарчашмаи хурсандии одамон аст. Дар асари машҳураш - «Шоҳнома» образи занону духтаронеро офаридааст, ки онҳо дар чолокӣ, накӯкорӣ, далерӣ, қаҳрамонӣ, ҳунар, дониш, поквиҷдонӣ бартарӣ доранд.
Дар асоси таълимоти мутафаккирон ва педагогикаи муосир яке аз роҳҳои ба амал баровардани мақсад ва вазифаҳои тарбияи хонандагон бо ҳам зич алоқаманд намудани таълиму тарбия бо меҳнати истеҳсолӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад дар замони Шӯравӣ дар назди мактабҳо устохонаҳои истеҳсолӣ амал мекарданд. Дар ҳар як шаҳру ноҳия комбинати истеҳсолии талабагӣ амал мекард. Ҳар як мактаб дар деҳот минтақаи таҷрибавии истеҳсолӣ дошт, ки аз байни хонандагони синфҳои болоӣ бригадаҳои комсомолӣ ташкил шуда буд ва онҳо ба кишту кор ва ҷамъоварии ҳосил худашон машғул буданд. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар низ аз ҷониби Сарвари мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор типи мактабҳои нав сохта ба истифода дода шудаанд, ки дар онҳо ҳамаи шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Хонандагон метавонанд дар дарсҳои технологияи меҳнат як қатор ҳунарҳои мурдумиро аз худ намоянд. Дар баробари омӯзгорон падару модаронро низ лозим меояд, ки ба хотири тақвият бахшидани ҳунарҳои мардумӣ ҳарчи бештар фарзандони худро ҷалб сохта, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода намоянд.
Парвиз Лоиқов,
Зулфия Ҷиёнзода,
устодони ДДК ба номи
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: