Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИМА хабари ҷосуси Русия дар сафорати Маскавро рад кард

ИМА хабари ҷосуси Русия дар сафорати Маскавро рад кард

4-08-2018, 11:17
Хабарро хонданд: 170 нафар
Назарҳо: 0
ИМА хабари ҷосуси Русия дар сафорати Маскавро рад кард
Хадамоти махсуси ИМА хабарҳоеро, ки гӯё як маъмури иктишофии Русия беш аз даҳ сол дар сафорати Амрико дар Маскав кор кардааст, рад кард. Ин ниҳод гуфтааст, ки тамос бо хадамоти махсуси Русия дар доираи фаъолияти ин корманд анҷом мешуд ва ӯ ба маводи сиррӣ дастрасӣ надошт.

Нашрияи The Guardian рӯзи 2 август бо такя ба манбааш дар хадамоти махсуси Амрико навишт, ки ин зани рус тӯли 10 сол эҳтимол ба ҷосусӣ машғул буд. The Guardian ному насаб ва мақоми ин занро дар сафорат ифшо накардааст.

Гуфта мешавад, ки ин зан тавассути Хадамоти махфии ИМА ба кор гирифта шуда, ӯ ба шабакаҳои дохилӣ, почтаи электронӣ маълумоти махфӣ, аз ҷумла барномаи кории президенти ИМА Доналд Трамп ва муовини президент Майк Пенс дастрасӣ дошт.

Ба гуфтаи The Guardian, муфаттишони хадамоти амнияти сафорати Амрико соли 2016 ба вохӯриҳои хусусии ин зан бо намояндагони Хадамоти федеролии амнияти Русия таваҷҷуҳ карданд. Ба гуфтаи нашрия, шаҳрванди Русия бе сару садо барканор шудааст, то обрӯи Хадамоти махфии ИМА поин наравад. Ин барканорӣ гӯё пеш аз ихроҷи дипломатҳои амрикоӣ аз Русия дар соли 2017 сурат гирифтааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: