Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Як зани рус ба ҷосусӣ муттаҳам шуд

Як зани рус ба ҷосусӣ муттаҳам шуд

4-08-2018, 11:11
Хабарро хонданд: 165 нафар
Назарҳо: 0
Як зани рус  ба ҷосусӣ муттаҳам шуд Хадамоти иктишофии ИМА як агенти амниятии Русияро, ки дар сафорати ИМА дар Москва зиёда аз 10 сол боз кор мекардааст, ошкор намуданд. Ин иттилоот аз ҷониби "Guardian" хабар дода шудааст.
Шаҳрванди Россия, ки аз ҷониби худи сафоратхонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба кор даъват шуда буд ба тамоми расонахои иттилоотӣ, шабакахои дохилӣ ва почтаи электронии кормандони сафорат дастрасӣ дошт. Аз ҷумла ӯ пайваста аз нақшахои кории Президент, муовинони президент ва вазирони Иёлоти Муттаҳида ва муҳофизонаш маълумот мегирифтааст.
Ин ҷосус як зани рус аст ва номаш то ҳанӯз дар ВАО гирфта нашудааст. Соли 2016 дар санҷиши стандартии Департаменти давлатӣ гумонбар шудааст. Муфатишон маълум карданд, ки ӯ бо кормандони ФСБ мунтазам алоқа доштааст. Бо вуҷуди ин, ӯро ба хотири бад нашудани муносибатхои дипломатӣ бо Россия аз кор озод накарданд. Танҳо моҳи сентябри соли 2017 вақте дипломатҳои русро аз Вашингтон ба Маскав фиристоданд, ин зан аз кор озод карда шуд.
Конгресси Амрико ҳамеша аз хакерҳои рус ҳарос дорад ва имконпазир медонад, ки дар давраи интихоботи соли 2016 тамоми маводҳои дар сервери Ҳизби демократии Амрико маҳфуз бударо русхо аз сафоратхона гирифтаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: