Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҳайати баландпояи аҳли илму фарҳанги Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар намуд

Ҳайати баландпояи аҳли илму фарҳанги Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар намуд

1-08-2018, 13:56
Хабарро хонданд: 147 нафар
Назарҳо: 0
Ҳайати баландпояи аҳли илму фарҳанги Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар намуд
Август 1, 2018 13:42

ДУШАНБЕ, 01.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди илмию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва сафари давлатии қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 1 август ҳайати беш аз панҷоҳ нафараи фарҳангиёни тоҷик таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард.

Хабарнигори АМИТ «Ховар», ки дар ин ҳайат шомил аст, иттилоъ медиҳад, ки аҳли илму зиёи тоҷик дар доираи сафарашон ба Ӯзбекистон, ки то 4 август идома меёбад, аз шаҳрҳои қадимаю бостонии Ӯзбекистон, назири Самарқанд боздид намуда, бо аҳли зиё ва фарҳанги ин кишвари дӯст ва ҳамсоя вохӯрию мулоқот анҷом медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҳайати баландпояи аҳли зиё ва фарҳанги Тоҷикистон, ҳамзамон раисони Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: