Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Аз бадгавҳарӣ касе ба мақсад нарасад....

Аз бадгавҳарӣ касе ба мақсад нарасад....

1-08-2018, 08:13
Хабарро хонданд: 187 нафар
Назарҳо: 0
Аз бадгавҳарӣ касе ба мақсад нарасад....
Дар ҳамаи давру замонҳо маърифати инсонӣ ҷараёни хеле вусъатнок ва гуногунҷабҳаи зеҳнию иҷтимоист, ки падидаҳои матлубу номатлуб маҳз дар раванди ҳамин ҷараён идроку тафсир, таҳлилу баррасӣ шуда, бо гузашти солҳову қарнҳо арзиши ҳақиқии худро пайдо мекунад. Пешрафт, ташаккул, таҷдиди ҷамъият аз бисёр ҷиҳат ба дараҷаи маърифат ва идроку фаҳми фарди ҷомеа вобастагӣ дорад, зеро инсон дар доираи тафаккуру ҷаҳонбинии давр андешаронӣ менамояд.
Ваҳдати кулл ва соҳибистиқлолияти кишвари азиз - Тоҷикистон, хештаншиносӣ, ватандориву меҳанпарастӣ, созандагиву ободкорӣ баҳри фардои милат, таълиму тарбияи солиму солеҳи насли ояндасози кишвар, рушди босуботи иқтисодӣ - иҷтимоии он ва ниҳоят расидан ба зиндагии шоиста аз масоилҳое мебошад, ки мунтазам ва ҳамеша дар сархати баромад, амру фармон, дастуру супориш ва Барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Раиси муаззами ХХДТ мухтарам Эмомалй Рахмон аз масоилҳое мебошанд, карор доранд. «Шукронаи ин давлату миллат кунед! Шукронаи сулҳу амният, ваҳдат, шукри озодиву ободии диёр кунед!» -ин нуктаҳо ҳамеша вирди забони Президенти кишвар ҳар куҷое ӯ садри мазфилҳову маҷлисҳост хеле баланд ва бо тафохури миллӣ садо медиҳад.
Имрӯз хештаншиносӣ ва ватандӯстиву ватандориро аз фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд омӯхт. Маҳз маърифати воло ва адолатгустарии Пешвои миллат буд, ки феьлан Тоҷикистон озоду обод умр ба сар мебарад. Ҳама шоду хурсанд, ҳар яке аз паи созандагиву ободкорӣ баҳри татбиқи амалии ғояҳои хирадмандона ва ташаббусҳои беназири давлату Ҳукумат камари ҳиммат бастаанд. Вале, мутаассифона, баъзе аз ашхоси бадгавҳару кинаҷӯ имрӯз баҳри он талош доранд, то ба сулҳу амният ва суботи сиёсии кишвари ороми мо халал ворид созанд, ба амалҳои нопоку носолим даст зада амнияти мардумро нороҳат созанд.
Ноҷавонмардона аз тарафи ашхоси шомил ба ДИИШ, ки чор тан аз сайёҳони бегуноҳро ба қатл расонида, имрӯз худро «қаҳрамон» меҳисобанд, мо нисбати эшон нафрин мехонем, онҳо инсонҳои солиму солеҳ нестанд, гумроҳу раҳгумзада, беору беномус, бевиҷдону беимон....
Аломатҳои аҳриманӣ - рашк, хашм, кина нопокдинӣ, носипосӣ, бедонишӣ дар ботини эшон маскан гузида. Мақсади нопоки онҳо якест: дунёи инсонҳоро тираю тор созанд... Эшон аз сохибдилӣ, ихлосу сипос, покравӣ, сарбаландӣ ва волоназарӣ фарсахҳо дур ҳастанд!
«Гурӯҳи сарбозони хилофат» дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон нафароне мебошанд, ки аз ҷиҳати нотавонӣ кинаву адоват меҷӯянд, ки ин яке аз пастиҳои башарист. Яъне аз гӯшаи нотавонӣ ба дил бадиро ҷой доданд ва дар пайи хиёнати нафарон - сайёҳони бегуноҳ ва ноҷавонмардӣ шуданд. Эшон ҷасорату мардонагии хешро дар ноҷавонмардӣ мебинанд, ки ин ба иззату шаъни инсонӣ ва бузургӣ созгор нест! Онҳо бо ин амали аҳриманӣ ва нопок бори дигар ба собит расониданд, ки соҳиби фазилатҳои волои ахлоқӣ, таҳзиби нафс ва посдории меҳану меҳандорӣ нестанд. Ҳар рӯз дар талошу ҷустуҷӯ нестанд... зархаридоне ҳастанд, ки бо амру фармоиши зархаридони дигар ба амалхои нобахшиданӣ даст мезананд, фикри мустақили хешро надоранд, онҳоро ба мазраае ташбеҳ бояд дод, ки омода нест ва бар он тухм афшондан бефоида аст. Тафаккури солиму солеҳ, иршодгару ояндасозу ояндабин дар холе рӯйи кор меояд, агар ҳамеша дар заминаи донишу маърифати дарккунӣ, муқоисаву баррасихо нашъат ёбад.
Даст задани ин ашхос ба куштор шаҳодат бар он аст, ки онҳо муваффақияту ташаббусҳои беназири давлату Ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» намехоҳанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: