Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲАМДИЛӢ

ҲАМДИЛӢ

12-06-2018, 08:16
Хабарро хонданд: 154 нафар
Назарҳо: 0
 ҲАМДИЛӢ
«Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ваҳдати кулли ҷомеа, сулҳу суботи сиёсии он, рушди устувори иқтисодӣ - иҷтимоии кишвар, ки ҳадафи ниҳоӣ - расидан ба зиндагии шоиста маҳсуб меёбад, пайваста ва ҳамаруза ҷаҳду талош дорад.
Мулоқоти Президенти Ҷумҳӯрии Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеаи кишвар гувоҳи он аст, ки нисбати хаёту фаъолияти мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон бетараф нестанд, чун сарвари оқилу доно ва адолатпараст мизони ахлоқи ҷомеа ва раванди созандагиву ободкориро мароми фаъолияти хеш қарор додаанд.
Аз ин рӯ, дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчамъ омада, баҳри ободии кишвар фаъолият бурдан бояд рисолат ва мароми ҳамарӯзаи мо бояд бошад», -мегуяд намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бобоева Зеварой дар вохӯрие, ки бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии кумитаи маҳаллаи «Дустии халкҳо», «Навбаҳор», «Чашмаи арзана» баргузор гардид.
Ҳамзамон, дар масоили хушунату зуроварй дар оила, пешгирии пошхурии оилаҳо, худкушӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳаракат ва мазҳабҳои ифротгаро, татбиқи Қонунҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масьулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбати доманадору ошкоро доир гардид.
Дар мавзӯи «Ваҳдати кулл мароми мост!» аъзои фаъоли ҲХДТ Мунира Аъзамова баромад намуда, оид ба ташаббусҳои беназири Пешвои миллат дар бунёди Кохи Ваҳдати тоҷикон маълумотҳои мушаххас дод. Дар ҳақиқат, ҳамдамиву хамдилӣ метавонад ном, кору пайкори моро поянда нигоҳ дорад!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: