Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» Файзи қадами Пешвои миллат

Файзи қадами Пешвои миллат

19-07-2018, 10:04
Хабарро хонданд: 125 нафар
Назарҳо: 0
Файзи қадами Пешвои миллат
Сафари навбатии Роҳбари давлат ба вилояти Суғд боз ҳам файзу футӯҳ ва шукӯҳу шаҳомати тоза овард. Аз худи даромадгоҳи вилоят- ноҳияи Айнӣ санги асос гузоштан ба корхонаи нави бузурги саноатӣ дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ, ифтитоҳи бинои нави шуъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёи беморхонаи марказӣ ва Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон, бардоштани парда аз рӯи Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон, ифтитоҳи Маркази савдо ва хизматрасонии «Фаровон», меҳмонхонаи замонавии «Киропол», бинои маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Муғ» дар шаҳри Истаравшан, ширкат дар чорабинии «Иди нон, асал ва зардолу», ба истифодадиҳии ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ, «Маркази савдо», кӯдакистон ва чойхона, ифтитоҳи корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия «Арча-мебел» дар шаҳри Хуҷанд, ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29, маҷмааи хизматрасонии «Баҳор», қитъаи роҳи «Гулистон-Исфара-КИМ» ва «КИМ-Кӯчкак», бинои нави прокуратура, муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, Парчами давлатӣ, қитъаи шоҳроҳи «Конибодом-Патар» ва варзишгоҳи марказии «Ҷавонӣ» дар шаҳри Конибодом, ба истифода додани хатти нави технологӣ дар ҶСК «Қолинҳои Қайроққум»-и шаҳри Гулистон, сардхонаи нав дар Боғи миллии «Ваҳдат»-и ноҳияи Б. Ғафуров мухтасари он корҳои созандагиву бунёдкориҳое буд, ки мардуми сарбаланди вилояти Суғд бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат дар кишвар ба ҷо оварданд.
Дар ҳар ҷое, ки Пешвои миллатамон буданд, истиқболи гарму самимии мардуми он минтақа табъи ҳамагонро болида месохт. Кафкӯбиҳои пурмавҷ, нидоҳои шодмонӣ аз дидори мубораки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат аст. Нуқтаи олии ин шукргузориву қаноатмандӣ ва хурсандии беинтиҳои халқи тоҷик, аз ҷумла меҳмонони ҳамсоякишвар-бародарони ӯзбекро мо дар ҷашни умумиҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ, шоми 27 июн дар варзишгоҳи марказии шаҳри Конибодом дидем.
Зиёда аз ин ҷомеаи меҳнатии ташкилоти мо-Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Деваштич бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ тасмим гирифтааст, ки кулли нақшаҳои истеҳсолии кориро пурраву барзиёд иҷро намуда, бо ҳамин дар баландбардории сатҳи некӯаҳволии мардум саҳми худро гузорад. Ин аст, ки мо иди касбиамон Рӯзи байналмилалии кормандони кооператсияро (6 июл) бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтем. Агар инро бо забони рақамҳо гӯем, даромади умумӣ бо андоз аз арзиши иловашуда ба ҷойи 216576 сомонии нақша 345089 сомониро ташкил дод, ки 137 дар сад аст.
Маблағҷудокунӣ ба андоз низ пурра, балки барзиёд иҷро гардид. Дақиқтар гӯем, ба ҷойи 33645 сомонӣ 41277 сомонӣ (123%) ба буҷаи маҳаллӣ ворид шуд.
Боиси тазаккур аст, ки дар ин дастовард пеш аз ҳама саҳми кормандон- аъзои фаъоли ҲХДТ Гулҷаҳон Муҳаммадалиева, Насрулло Ҳасанов, Мавҷуда Азимова, Иноят Зоҳидова ва дигарон басо калон аст. Ташкилоти ибтидоии мо зиёда аз 70 нафар аъзои ҳизбро муттаҳид кардааст.

Таваккал Қулдошев,
роҳбари ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: