Шаҳри Ваҳдат Нишасти матбуотӣ17-07-2018, 10:09
Хабарро хонданд: 198 нафар
Назарҳо: 0
Амирзода Раҳмоналӣ: Барои гузаронида ҷашну маросимҳо 380 сар чорвои калон ва 467 сар чорвои майда забҳ шудааст Дар нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 17 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Ваҳдат баргузор гардид, Раиси шаҳри Ваҳдат, Амирзода Раҳмоналӣ зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат 1627 ҷашну маросимҳои миллӣ ба қайд гирфифта шуд, ки маблағи умумии хараҷотҳо 9 миллиону 267 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барои баргузории ҷашну маросимҳо 380 сар чорвои калон ва 467 сар чорвои майда забҳ карда шудааст. Раис бо нигарони қайд кард: “Вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзии анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии тоӣҷкистон” санҷишҳои муштарак гузаронида шуда, 12 ҳолати қонунвайронкунӣ муайян ва маводҳо ба суди шаҳри Ваҳдат ирсол карда шуд. нисбати 4 ҳолати қонунвайронкунӣ ҷарима татбиқ гардида, маблағҳо ба буҷети маҳалли ворид карда шуд. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи 80 ҳолати қонунвайронкунӣ гирифта шуд”. Ҳамзамон, дар нишасти хабарӣ зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2018, дар шаҳри Ваҳдат барои дағалона вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” нисбати 133 нафар волидон ба маблағи 6800 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шуд. Дар ин давра аз ҷониби ноболиғон 17 ҳодисаи ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс нисбати соли гузашта 2 ҳодиса зиёд мебошад. Мавсуф бо нигарони қайд кард, ки имсол дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи ҷиноятҳо 40 адад, аз он ҷумла ҷиноятҳои вазнин 10 адад зиёд гардидааст. Бақайдгирии ҷиноятҳо агарчӣ дар самти расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ, ғоратгарӣ, таҷовуз ба номус, авбоншӣ ва ҷиноятҳои иқтисодӣ кам ё дар сатҳӣ ҳамин давраи соли гузашта қарор дошта бошад, пас ин нишондод дар самти ҷиноятҳои куштор роҳзанӣ, қаллобӣ, бандитизм ва ҷиноятҳои ноаён зиёд гардидааст. Новобаста ба корҳои анҷомдодашуда дар самти бақайдгирӣ нишондоди кушодашавии онҳо дар дараҷаи паст, яъне 74,1 фоиз қарор дорад, ҳол он ки ин рақам соли 2017 82,6 фоизро ташкил медод. -Дар ин нимсола панҷ ҳодисаи худкушӣ, як ҳодисаи суиқасд ба ҷон ва се ҳодисаи заҳролудшавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нигаронкунанда буда, аз ҳамаи мо ва аҳли ҷамоатчигӣ тақозо менамояд, ки дар ин самт бо сокинони шаҳр корҳои фаҳмондадиҳиро ривоҷ бахшем, -афзуд дар идомаи суханаш А. Раҳмоналӣ Ҳасан Азизов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.