Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ВНМО-ДАРДИ БЕДАВО

ВНМО-ДАРДИ БЕДАВО

5-07-2018, 10:54
Хабарро хонданд: 550 нафар
Назарҳо: 0
ВНМО-ДАРДИ БЕДАВО
Бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), ки яке аз мушкилоти ҳифзи саломатии инсон дар ҷаҳони имрӯза маҳсуб мешавад, кишварҳои оламро ба ташвиш овардааст. Ҳамасола теъдоди зиёди одамон дар ҷаҳон ба ин дарди бедаво гирифтор шуда, ба ҳалокат мерасанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гирифторони ВНМО кам нестанд. Тибқи маълумотҳои расмӣ то якуми апрели соли ҷорӣ шумораи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда дар ҷумҳурӣ 7 827 нафарро ташкил медиҳад.

Дар ин бора зимни «Конфронси миллӣ оид ба масъалаҳои мубрами мубориза бо сирояти ВНМО (вируси норасоии масунияти одам) ва БПНМ (бемории пайдошудаи норасоии масуният)», ки 25 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Конфронси мазкур бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташаккули роҳҳои нави самаранок ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар ҷумҳурӣ доир шуд, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, вакилони парлумон, ходимони дин ва мутахассисону коршиносони дохиливу хориҷӣ ширкат варзиданд.
Иштирокчиёни конфронс натиҷаҳои чорабиниҳоро оид ба муқовимат бар зидди ВНМО дар ҷумҳурӣ баррасӣ намуда, масъалаҳои ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии ЮНЭЙДС-ро то соли 2020 дар Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Маърӯзачиён оид ба масъалаҳои вазъи сироят ва мушкилоти вобаста ба ВНМО, аз ҷумла, муаммоҳои ҳуқуқӣ, ки дар ҷараёни фаъолият ба миён меоянд, ҳадафҳои нав ва роҳҳои баланд бардоштани самаранокии муқовимат бар зидди сирояти ВНМО дар ҷумҳурӣ андешаҳои худро баён намуданд.
Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эъломияи сиёсии СММ оид ба ВНМО ва БПНМ (солҳои 2001, 2006, 2011, 2016) пайрав буда, ба амалисозии Стратегияи Барномаи муштараки СММ оид ба ВНМО ва БПНМ барои солҳои 2016-2021 «Пурзӯр намудани чорабиниҳо барои барҳамдиҳии эпидемияи БПНМ» шурӯъ кардааст. Ҳадафҳои асосии стратегияи мазкур ин барҳамдиҳии эпидемияи БПНМ дар сатҳи глобалӣ то соли 2030 мебошад.
Тавре иттилоъ дода шуд дар Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва муқовимат бо ВНМО корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст. Аз ҷумла, 25 феврали соли равон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» ва нақшаи тадбиқи он қабул гардидааст. Гуфта мешавад, ки барномаи мазкур ҳадафҳои асосии «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2020»-ро инъикос намуда, чораҳоро баҳри таъмини дастрасии аҳолӣ ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти ВНМО дар бар мегирад. Қайд гардид, ки ин барнома вобаста ба ҳолати эпидемиологии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар кишвар, таҳлили маълумот оид ба фаъолияти соҳа нисбат ба пешгирии ин сироят, ки дар доираи иҷрои барномаи қаблӣ (солҳои 2011-2015) амалӣ гардида буд, таҳия шудааст.
Дар рафти баргузории Конфронси миллӣ гуфта шуд, ки аз рӯи маълумоти расмии оморӣ соли 2017 дар ҷумҳурӣ 1207 ҳодисаи нави сирояти ВНМО дарёфт шуда, аз моҳи январ то моҳи марти соли равон 321 ҳодисаи нави ВНМО муайян гардидааст.
Тибқи иттилои мутахассисон, аз ҳар 3 ҳодисаи сироятёбӣ бо ВНМО 2 ҳодисаи сироят бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сурат гирифта, наздик ба 90 дарсади сироятёфтагон асосан дар синни репродуктивӣ (15- 49 сола) мебошанд. Шумораи гирифторони ВНМО соли равон 7 ҳазору 827 нафарро ташкил намуд, ки аз ин шумора 5 ҳазору 220 нафарашон бо табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шудаанд. Ба андешаи мутахассисони соҳа, ин намуди табобат солимии беморон ва бардавомии ҳаёти онҳоро дар давоми солҳои зиёд таъмин намуда, барои нигоҳдории қобилияти меҳнат ва пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар ҷомеа заминаи мустаҳкам мегузорад.
Бемории Вируси норасоии масунияти одам бемории музмин буда, танҳо аз шахси сироятшуда ба одами солим мегузарад. Мутахассисон муайян кардаанд, ки ин беморӣ ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои яккаратаи тамъизнашуда, алоқаҳои ҷинсии беҳимоя ва аз модари сироятшуда ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ ба тифл метавонад гузарад.
Ибодуллоҳи ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: