Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҷамъбасти мусобиқаи гуштин

Ҷамъбасти мусобиқаи гуштин

28-06-2018, 09:50
Хабарро хонданд: 449 нафар
Назарҳо: 0
Ҷамъбасти мусобиқаи гуштин
Тақвият бахшидану оммавӣ гардонидани варзиш беш аз пеш диққати махсус зоҳир гардида истодааст. Аз ҳамин лиҳоз ҷалби ҷавонон ба варзиш зиёд гардида истодааст. Варзиш ба саломатӣ ва ояндаи халқу миллат аҳамияти калон дорад.
Дар ноҳияи Деваштич тибқи нақша чорабиниҳои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо дастгирии ташкилоти ибтидоии ҳизбии барқароркунандагони сохти Конститутсионӣ бахшида ба поси хотири шаҳидони барқароркунандагони сохти Конститутсионӣ ва соли 2018-соли рушди саёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба намуди гуштини дзюдо санаҳои 25-26уми июни соли равон байни наврасони соли таваллудашон 2001-2009 аз рӯи 17-вазн бо иштироки зиёда аз 70-нафар варзишгарону тарбиятгирандагони муассисаи давлатии мактаби варзишӣ дар толори варзишгоҳи марказии ноҳия ташкил ва баргузор гардид.
Мусобиқаи мазкур аз рӯи қоидаҳои амалкунандаи Федератсияи гуштини дзюдо гузаронида шуда наврасон байни худ рақобатҳои зиёдеро нишон доданд. Дар охир аз нишондодҳои ҳакамон мусобиқа ҷамъбаст гардида ба ғолибомадагон бо Диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.


Роҳбари намояндагии
ТҶҶ «Созандагони Ватан» Саидов Сарвар
дар ноҳияи Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: