Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маросими ифтитоҳи Меҳмонхонаи замонавии “Киропол” дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Истаравшан

Маросими ифтитоҳи Меҳмонхонаи замонавии “Киропол” дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Истаравшан

25-06-2018, 10:03
Хабарро хонданд: 204 нафар
Назарҳо: 0
25.06.2018 09:29, шаҳри Истаравшан
Дар шаҳри Истравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи замонавии “Киропол”- ро дар хиёбони “Истиқлол” дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.

Фармоишгари бунёди меҳмонхона соҳибкори ватанӣ Эргашев Бурҳон буда, лоиҳакашон - Корхонаҳои Воҳиди Давлатии “Меъмор”, “Лоиҳакаш”-и шаҳри Истаравшан ва пудратчӣ ширкати сохтмонии “Уротеппа” мебошад.

Маблағи умумии сохтмони бинои меҳмонхона 2 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил дода, он аз ҳисоби даромади софи соҳибкорон сарф гардид.

Корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхона соли 2012 оғоз ёфта, он дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ бо иштироки Сарвари давлат ифтитоҳ ёфт.

Масоҳати умумии меҳмонхона наздики 1 гектарро ташкил дода, аз 5 ошёна иборат мебошад.

Ошёнаи якум аз ҳуҷраи корӣ, тарабхона, толорҳои хизматрасонию конфронс иборат мебошад. Дар ошёнаҳои дуюм, сеюм, чорум ва панҷум 20 ҳуҷра мавҷуд буда, дар як вақт барои қабули 40 нафар мизоҷ шароит фароҳам оварда шудааст.

Хусусияти хоси ҳуҷраҳои меҳмонхона дар он аст, ки ҳар яки он бо услуби хоси меъморӣ ва унсурҳои зебову назаррабои нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст.

Баъди ба истифода супоридани иншоот 25 нафар бо ҷойи корӣ доимӣ ва бо маоши хуб таъмин гардиданд, ки иқдоми хуб барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум ва дастирии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат мебошад.

Баъди шиносоӣ бо шароити хизматрасонӣ дар меҳмонхонаи замонавӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ баҳои баланд доданд ва онҳоро ба идомаи анъанаи накуи мардуми тоҷик меҳмоннавозии сатҳи баланд ба мизоҷон ҳидоят карданд.

facebook twitter
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: