Гузоштани санги асоси меҳмонхонаи муосири “Дарё-2015”1-09-2016, 10:31
Хабарро хонданд: 278 нафар
Назарҳо: 0
Баъди ифтитоҳи маҷмааи варзишӣ ва шиносоӣ бо шароити он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо барои бунёди меҳмонхонаи муосири “Дарё-2015” санги асос гузоштанд. Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои меҳмонхонаи муҳташам аз 11 ошёна иборат хоҳад буд ва он дар масоҳати 0,3 гектар бунёд мегардад. Дар ин муҷтамеъ 304 ҳуҷраи барҳаво, 3 маҷлисгоҳ бо 250 ҷойи нишаст, 6 тарабхона, кошонаи ҳусн, ҳамом сохта шуда, дар боми бино бошад, тарабхона ва қаҳвахона ҷойгир мешавад. Фармоишгар ва пудратчии иншооти мазкур Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дарё -2015” мебошад ва муҳлати сохтмон 2 сол муайян гардид. Масоҳати умумии муҷтамеи меҳмонхона, ки аз аквапарк, майдони футбол, баскетбол, волейбол, ҳавзи калони шиноварӣ, боғи кудакона ва таваққуфгоҳ иборат хоҳад буд, 4,2 гектарро ташкил медиҳад. Баъди ба истифода додани меҳмонхонаи мазкур 250 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Аснои муаррифии лоиҳаи бунёди меҳмонхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохтмончиёнро ба таъмини сифати кор дар вақти бунёди сохтмон ҳидоят карданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.